Хабарҳо аз кишвар

№18 (3164) 21.02.2014

«Migom» ба «рӯйхати сиёҳ» шомил шуд

ДУШАНБЕ. (Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум») Тибқи иттилои хадамоти матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон, ниҳоди мазкур ба бонкҳо ва ташкилотҳои хурди қарзии кишвар дастур додааст, ки интиқоли маблағро тавассути низоми «Miqom» қатъ кунанд. Ин тадбир ба бозхонд шудани иҷозатномаи  Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи « Европейский трастовый банк» — и Федератсияи Россия аз ҷониби Бонки марказии ин кишвар рабт дорад. Тибқи маълумотҳо, низоми мазкур ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи « Европейский трастовый банк»  тааллуқ дошта, бонкҳо ва ташкилотҳои хурди қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор шудаанд, ки баҳри пешгирии интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик тариқи он чораҳои зарурӣ андешанд.

 Дурнамои ҳамкориҳо нек аст

ДУШАНБЕ. (Д. АБДУЛЛО, «Садои мардум») Чанде пеш мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид бо Сафири фавқулодда ва мухтори Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алӣ бани Муборак ал — Муҳаннадӣ доир гардид. Шариф Саид ба ҳамсуҳбаташ оид ба имконоти мавҷудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тиҷорату иқтисод маълумот дода, хостори баргузории намоишгоҳи маҳсулоти корхонаҳои Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд. Дар навбати худ сафир низ омодагии соҳибкорони кишварашро барои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз ва баҳри густариш додани ин раванд изҳори  ҳавасмандӣ намуд.

 Вазъи соҳаи тандурустӣ беҳ мешавад

ШӮРООБОД. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шӯрообод дар самти ҳифзи сиҳатии аҳолӣ, баланд бардоштани маданияти хизматрасонии тиббӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, таъмиру таҷдиди муассисаҳои тиббии мавҷуда, бунёди бунгоҳу дармонгоҳҳои нав ва бо таҷҳизоти  муосири ташхисӣ таъмин намудани онҳо  пайваста тадбиру чораҳои мушаххас меандешад. Айни ҳол дар ноҳия сохтмони як беморхонаи қитъавӣ  ва як бунгоҳи тиббӣ, аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ ва ҳиссагузории соҳибкорони ноҳия, идома дорад.

-Бо мақсади бартараф намудани мушкилоти норасоии кадрӣ дар маркази ноҳия филиали Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб фаъолият мекунад, ки дар он 102 нафар писарону духтарон ба таълим фаро гирифта шудаанд,- гуфт зимни суҳбат раиси ноҳия  Амирхон Икромов.

Қарзҳои бефоиз ба 77 нафар шаҳрвандони бекор

СУҒД. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Аз ҷониби раёсату шуъбаҳои Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз ҳисоби маблағҳои ба ин самт равонагардида ба 77 нафар шаҳрвандони бекор қарзҳои бефоиз дода шудааст. Маблағҳои мазкур ба самтҳои фаъолияти тиҷоратӣ, хизматрасонӣ ва истеҳсолии хурд равона гардида, қисми зиёди он барои дастгирии ҷавонони бекор ва занони хонашин пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин барои эҳё намудани  ҳунарҳои мардумӣ ва анъанаҳои миллӣ дар вилоят ба даҳ нафар шаҳрвандони бекор ба маблағи 30  ҳазору 800 сомонӣ қарзи имтиёзноки бефоиз ба муҳлати як сол дода шуд, ки ин маблағҳо барои бофтани гилеми дастӣ, кашидадӯзӣ, чакмандӯзӣ, сандуқсозӣ, зардӯзӣ ва ғайра равона шудаанд. Мувофиқи нақшаи «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ» дар соли 2014 барои 879 нафар шаҳрвандони бекоре, ки хоҳиши фаъолияти соҳибкорӣ доранд, додани қарзҳои имтиёзнок пешбинӣ мегардад.

Шаҳрак гулистон хоҳад шуд

ҶАЛОЛУДДИНИ РУМӢ. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Корхонаи фаръии манзилию коммуналии ноҳияи Ҷалолуддини Румӣ бо мақсади шинонидани гулу гулбуттаҳои зебою рангоранг дар шаҳраки ба номи Сироҷиддин Исоев гармхонаи махсуси гулпарварӣ ташкил намудааст. Бо вуҷуди хунук омадани фасли зимистони имсола гулпарварони соҳибҳунар, ки аз шаҳри Турсунзода ба ин ҷо даъват шудаанд, миқдори зиёди гулу гулбуттаҳои зебою рангорангро дар гармхона парвариш намуда истодаанд. Баробари фаро расидани рӯзҳои гарму мусоид гулпарварон ният доранд, ки дар ҳамкорӣ бо коргарони Корхонаи фаръии манзилию коммуналии ноҳия гулҳои парваришнамудаашонро дар гулгашту хиёбонҳои маркази ноҳия кӯчат намоянд. Бо ин мақсад дар гармхона қариб 20 ҳазор адад гулу гулбутта, аз ҷумла якчанд намуди садбарги хушбӯй, парвариш меёбад. Корхонаи фаръии манзилию коммуналии ноҳия дар ихтиёри худ 15 адад техникаи гуногун дорад. Барои ободу сарсабз ва зебо нигоҳ доштани кӯчаҳои маркази ноҳия қариб 60 нафар кормандони ин корхона садоқатмандона заҳмат мекашанд.

Ғамхорӣ ба маъюбону барҷомондагон

МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Дар ноҳия ҷиҳати дастгирии моддии иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, оилаҳои бесаробон, камбизоат, кӯдакони ятиму бепарастор ва  пирони барҷомондаи танҳо тадбирҳои ҳамешагӣ андешида мешаванд. Аз ҷумла, аз тарафи ашхоси саховатпеша ва ташкилотҳои гуногун ба ин гурӯҳи аҳолӣ дар ҳаҷми 619 ҳазор сомонӣ маводи  хӯрока, сару либос кумак расонида шудааст. Ҳамчунин хатнасури 316 нафар кӯдакони оилаҳои камбизоат ва  ҳафт ҷуфт тӯйи домодию арӯсии оилаҳои ҷавон баргузор гардид.

Ба илова тӯли соли сипаришуда ба 14 нафар маъюбон аробача, ба 72 нафар асобағал  ва ба 63 нафари дигар барои табобат ба осоишгоҳҳои кишвар роҳхатҳо дода шуд.

Ҷаласаи Шӯрои фаъолзанони вилоят

ХУҶАНД. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Дар маҷлисгоҳи Раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷаласаи ҷамъбастии Шӯрои фаъолзанони вилоят баргузор гардид. Дар ҷаласа масъалаҳои умдаи ҷомеа, аз ҷумла пешгирии падидаҳои номатлуб байни наврасон, фарогирии духтарон ба зинаи сеюми таҳсил, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, фавти модарон ва ғайраро мавриди муҳокима қарор доданд. Фаъолзанони вилоят барои тақвияти ҳамкориҳо бо занони шаҳру навоҳӣ, тайёр кардани мутахассисони болаёқат аз ҳисоби занону духтарон ва ҷалби духтарон ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ таклифу пешниҳодҳо карданд.

 Дастоварди навбатии варзишгарони тоҷик

ДУШАНБЕ. (Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум») Аз 12 то 16 феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба муайтай (каратэ- кикбоксинг) миёни мардон ва бонувон баргузор гардид. Дар қатори намояндагони 12 кишвари ҷаҳон, дар чорабинии мазкур ҳайати варзишгарони тоҷик низ ширкат намуда, 22 медал, аз ҷумла 12 медали тилло, 4 нуқра ва 6 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар ин бора аз маркази матбуоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Мусобиқаи ҳарбӣ–варзишии «Ватанпарвар»

ҲИСОР. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум») Дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ноҳияи Ҳисор миёни хонандагони мактабҳои деҳоти «Ҳисор», «Ориён» ва шаҳраки Шарора мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии «Ватанпарвар» баргузор гардид. Дар мусобиқа хонандагон аз рӯи шаш намуди варзиш қувваозмоӣ намуданд. Мусобиқа аз давидан ба масофаи 100 метр оғоз ёфт.

Бахши вазнбардорӣ ва партофтани норинҷак дар масофаи муайян бо иштироки фаъолонаи мактаббачагон сурат гирифт. Гузаштани монеаҳо аз ҷумлаи талаботи асосии мусобиқа буда, барои ҷавонону наврасон хеле шавқовар гузашт. Дониши назариявии иштирокчиён низ санҷида шуд. Рафти чорабиниро устодони варзиш ва омӯзгорони ботаҷриба назорат карданд. Мактаббачагон дар мусобиқаи ҳарбӣ-  варзишӣ бо шавқу рағбати том иштирок намуданд.

Масъули гӯша Миҷгона МИРЗОЕВА.

Бо мо дар тамос бошед: Телефон:238-58-91.