Хабарҳо аз кишвар

№59 (3205) 05.06.2014

Иҷрои кишти баҳорӣ -115 фоиз

ДУШАНБЕ. (Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум» ) То якуми июни соли ҷорӣ иҷроиши дурнамои кишти баҳорӣ  дар ҷумҳурӣ 115 фоизро ташкил намудааст. Тавре  аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ иттилоъ гирифтем, мувофиқи дурнамо бояд имсол дар майдони 92126 гектар кишти баҳории зироатҳои ғалладонагӣ, гузаронида мешуд. Ин нишондод дар санаи зикршуда 105,8 ҳазор гектарро ташкил намудааст, ки баробар ба 115 фоизи нақша мебошад. Ҳамин тариқ, кишти картошка, сабзавот, полезиҳо ва хӯроки чорво низ аз нақша зиёд иҷро шуд. Дурнамои бунёди боғу токзор низ барзиёд иҷро гардида, ба ҷойи 7484 гектар 7910 гектарро ташкил намудааст, ки баробар ба 106 фоизи нақша мебошад.

Татбиқи барнома Кӯлобро  ободтар менамояд

КӮЛОБ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Бо мақсади дар оянда ободу зебо гардидани шаҳри Кӯлоб « Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр барои солҳои 2014-2018» таҳия гардида, аз ҷониби иштирокчиёни  маҷлиси васеи фаъолони шаҳр ҷонибдорӣ шуд. Дар таҳияи Барномаи мазкур Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва олимону мутахассисон саҳм гирифтанд. Барнома 235 лоиҳаро бо маблағи як миллиарду 40 миллион сомонӣ дар бар мегирад, ки зимни иҷрои он сатҳи зиндагии сокинони шаҳр боз ҳам беҳтар мегардад.

 Мақсад — инъикоси раванди татбиқи стратегия

ХУҶАНД. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013 -2015»  семинар доир гардид.  Ҳамоиш бо мақсади инъикоси васеи раванди татбиқи «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2015» ва натиҷаҳои ба дастомада дар самти «Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013 -2015» гузаронида шуд. Дар семинар рӯзноманигорони шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуда, ба онҳо барои  расонидани хабарҳои фаврӣ оид ба таҳия ва татбиқи Стратегияи миллии рушд, таъмини иштироки аҳолӣ дар раванди таҳия ва татбиқи дигар стратегияҳо, моҳияти раванди банақшагирӣ дар сатҳи маҳал, дарки мушкилот, ба ҳам овардани афкори омма, интихоби мавзӯъ ва ғайра маълумоти зарурӣ пешниҳод гардид.

 Дасти мадади соҳибкор

ЧКАЛОВ. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Чанде пеш аз ҷониби роҳбари  ҶДММ «Ҷараён+» Фарҳодҷон Мамадҷонов барои таъмири хатти барқи бинои хобгоҳи рақами 3- и Донишкадаи кӯҳӣ- металлургии Тоҷикистон ду ҳазор метр ноқил харидорӣ шуд. Кумаки мазкур замина фароҳам овард, ки дар хобгоҳ шабакаи таъмини барқ таҷдид гардад.

 Майдони кишти картошка зиёд мешавад

ҲИСОР. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум») Соли равон дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамоавии ноҳияи Ҳисор майдони кишти картошка ба 169 гектар расонида шуд, ки нисбати соли 2013 12 гектар зиёд мебошад. Дар Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «50- солагии Октябр», ки дорои 234 гектар замини корами обӣ аст, барои ба даст овардани ҳосили фаровони маҳсулоти кишоварзӣ тамоми шароити мавҷуда истифода мешавад. Аҳли заҳмати хоҷагии мазкур баробари кишту парвариши зироатҳои гуногун дар майдони 20 гектар картошкаи навъи «Кординал» ва «Романсев» кишт намудаанд, ки алҳол нашъунамои хуб дорад. Дар хоҷагӣ коркарди агротехникии майдони кишти зироатҳо сари вақт гузаронида, нуриҳои минералӣ мувофиқи тавсияи олимони соҳаи кишоварзӣ дода мешавад.

«Ҳифзи табиат ҳифзи Ватан аст»

СУҒД. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Бо мақсади баланд бардоштани дониши хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ оид ба муҳофизати муҳити зист, тарбияи экологии кӯдакону наврасон ва ҷавонон бахшида ба 20-солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз тарафи раёсатҳои маориф ва ҳифзи муҳити зисти вилоят озмуни «Ҳифзи табиат  ҳифзи Ватан аст» доир гардид. Ҷамъбасти озмун дар Маркази таҳсилоти иловагии вилоят доир шуд. Аз ҷониби ҳакамон дар бахши «Расми беҳтарин» хонандаи синфи 9-уми  гимназияи № 1-и шаҳри Конибодом Фаридун Туранов, барои «Шеъри беҳтарин» хонандаи синфи 8-уми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳри Қайроққум Носирҷон Толибов,  барои «Мақолаи беҳтарин» хонандаи синфи 6-уми гимназияи №1-и шаҳри Чкалов Валерия Черняева ва барои «Ҳикояи беҳтарин» хонандаи синфи 9-уми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳри Хуҷанд Баҳром Мадалиев беҳтарин дониста шуда, барои иштирок ба озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

 Машварати минтақавии  кишоварзон

РӮДАКӢ. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»)  Бо мақсади рушди боғу токпарварӣ, таъмини бозори дохилӣ бо мева ва содир намудани он ба бозори ҷаҳонӣ мутахассисони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар хоҷагии деҳқонии «Муҳаммад-2009»-и деҳоти «Роҳатӣ» машварати минтақавӣ оид ба мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон баргузор шуд, ки дар он хоҷагидорони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Дар ҷамъомад роҳу усули муосири нест кардани ҳашарот ва кам намудани зарари он ба боғу токзор мавриди баррасӣ қарор гирифт. Боғдорону токпарварон сабаби таъсири накардани баъзе аз заҳрхимикатҳоро ба ҳашароти зараррасон аз коршиносони соҳа пурсон гардида,  посухҳои қаноатбахш гирифтанд.

 Медали тиллои Мавзуна Чориева

ДУШАНБЕ. (Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум») Аз 28-уми май то 2-юми июни соли равон дар шаҳри Ӯши Ҷумҳурии Қирғизистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур барандаи медали биринҷии Бозиҳои xxx олимпии тобистонаи Лондон-2012 Мавзуна Чориева иштирок намуда, медали тилло ба даст овард. Ҳамзамон Мавзуна Чориева дар ин мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ ҷоизаи «Беҳтарин муштзани мусобиқа»- ро низ сазовор гардид.

 Муваффақияти варзишгарони ВМКБ

ХОРУҒ. (Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Варзишгарони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Дидор Ҳамрозода дар вазни 55 килограмм ва Манучеҳр Хӯҷаазизов дар вазни 70 килограмм дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, ки дар шаҳри Душанбе доир гардид,  ба гирифтани медалҳои тилло аз рӯйи гӯштии миллӣ муваффақ гаштанд. Б. Раҳмихудоев бошад, дар вазни 66 килограмм мақоми сеюмро касб намуд. А.Боқиев аз намуди гӯштии самбо мақоми аввал ва Санавбар Шанбиев аз рӯйи гӯштии намуди дзюдо мақоми дуюмро ишғол карданд.

Масъули гӯша Миҷгона МИРЗОЕВА. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91.