Хабарҳо аз кишвар

№64 (3210) 17.06.2014

Вохӯрии Қосим Роҳбар бо Янис Дуклав

ДУШАНБЕ. (Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум») Тавре аз Вазорати кишоварзии мамлакат хабар доданд, дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Латвия Андрис Берзинш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе вохӯрии вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар бо вазири зироати Ҷумҳурии Латвия Янис Дуклавс доир гардид. Зимни вохӯрӣ баҳри рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла барои ташкили марказҳои машваратӣ барои кишоварзон, соҳаи чорводорӣ ва истеҳсоли биогаз аз поруи чорво, моҳипарварӣ ва  занбӯриасалпарварӣ, табодули донишҷӯён ва бозомӯзии мутахассисони соҳаи кишоварзӣ миёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шоҳтемур бо Донишгоҳи аграрии Ҷумҳурии Латвия  ҳавасмандӣ зоҳир карда шуд.

 Падидаҳои номатлубро бетаъхир бояд рафъ кард

РАШТ. ( Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»)  Дар шаҳраки Ғарми  ноҳияи Рашт муовини Сарвазири Ҷумҳурии  Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ бо аҳли заҳмат ва  фаъолону занони ноҳияҳои  водии Рашт мулоқот доир  намуд. Дар ҷараёни он раванди  татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»,  масоили дигари муҳим, аз қабили пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни занону духтарон, ҷавонону ноболиғон,  хушунат дар оила мавриди муҳокима қарор гирифт. Муовини Сарвазири мамлакат дар доираи  сафари корӣ аз мавзеи офатзадаи деҳаи Шули деҳоти ба номи Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт  дидан карда, роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияро  барои ҳалли мушкилоти мавҷуда вазифадор намуд.

 Анҷумани VII-уми Созмони  ҷавонони Тоҷикистон

ДУШАНБЕ. (Дилором ШЕРАЛИЕВА, «Садои мардум») Бо ибтикори  Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хазинаи кӯдакони СММ, Иттиҳодияи ташкилотҳои ҷавонони Тоҷикистон ва Иттиҳодияи миллии  ихтиёриёни Тоҷикистон дар  шаҳри  Қайроққум  Анҷумани  VII-уми Созмони  ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид. Дар  анҷуман  130 нафар вакилон,  аз ҷумлаи  роҳбарону аъзои Иттиҳодияи  миллии ихтиёриён,  ҷавонони  фаъол, намояндагони воситаҳои  ахбори омма,  ходимони  ҷамъиятӣ ва коршиносон  иштирок  намуданд. Ҳадафи Анҷуман таъмини иштироки насли ҷавон дар дигаргуниҳои ҷомеа ва баррасии механизмҳои рушди устувори ташкилотҳои ҷавонон буд.

 Тадқиқоти иҷтимоӣ барои ошкор намудани нашъамандон

ДУШАНБЕ. (Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум») Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Гузаронидани тадқиқоти иҷтимоӣ — пилотӣ (таҷрибавӣ) оид ба истеъмоли маводи нашъадор ва таъсири он» семинари омӯзишӣ баргузор шуд. Дар семинар вазъи нашъамандӣ дар шаҳри Душанбе муҳокима гардид. Дар ҳамоиш кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Иттиҳодияи ҷамъиятии «Спин-плюс» ва Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологии ба номи М. Ғуломов иштирок намуданд.

 Ярмарка барои корҷӯён

ШӮРООБОД. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»)  Дар маркази ноҳия бо ташаббуси шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Шӯрообод, ярмаркаи ҷойи кори холӣ  ва вазифаҳои озод доир гардид. Дар ярмарка 11 ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ  иштирок карда, ба корҷӯён 142 ҷойи кори холӣ пешниҳод намуданд. Дар  чорабинӣ  24 нафар ба ҷойи кор таъмин ва 30 нафар соҳиби роҳхат ба курсҳои дӯзандагӣ, омӯзиши технологияи компютерӣ, қаннодӣ ва ғайра шуданд.

 Ҳунарҳои мардумӣ  рушд меёбанд

РОШТҚАЛЪА. (Шоҳтолиб  ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Тибқи  иттилои мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Роштқалъа Абдулкарим Рустамбеков, аз ҷониби Маркази эҷодии кӯдакону наврасони ноҳия дар заминаи  мактабҳои базавӣ 12 маҳфил  таъсис дода шудааст. Сокинони деҳоти ба номи Қурбоншо Гадолиев дар маҳфили навбатӣ  намунаи беҳтарини нигораҳо ва ҳунарҳои бадеиро ба намоиш гузоштанд, ки  қисмати зиёди навгониҳо ба эҷоди кӯдакону наврасон тааллуқ дошт.  Бо мақсади омӯзонидани ҳунарҳои аҷдодӣ ба наврасон дар ҳудуди ноҳия сехҳои махсуси сохтани созҳои халқӣ, бозичаҳо аз чӯбу мӯйина, тоқидӯзӣ, ҷӯроббофӣ, оҳангарӣ, коркарди пӯсту пашм, сарулибоси миллӣ, палосу гилембофӣ ва хонасозию кандакорӣ амал мекунанд.

 Мусоидати соҳибкорон барои рафъи  мушкилот

ТУРСУНЗОДА. (Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»)  Дар назди мактаби  таҳсилоти миёнаи умумии № 12-и ба номи Носирҷон Маъсумии шаҳри Турсунзода сохтмони чор синфхона бо ҳуҷраҳои ёрирасон оғоз гардид. Тибқи иттилои котиби матбуоти  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр Камолиддин Бобоев  ин синфхонаҳо  бо  кумак ва дастгирии мақомоти мазкур,  соҳибкорони маҳаллӣ ва раёсати хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷи Fанӣ» бунёд мешаванд. Мавриди зикр аст, ки мактаби мазкур  яке аз куҳантарин  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ  дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, соли ҷорӣ 90- сола мешавад.

 Ифтитоҳи пайкараи Содирхон Ҳофиз

ХУҶАНД. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Бо иштироки раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ маросими ифтитоҳи пайкараи ҳунарманди асил ва ромишгари мумтоз Содирхон Ҳофиз дар назди бинои Коллеҷи санъати шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Зимни суханронӣ муовини раиси вилоят Раъно Маҳмудзода доир ба ҳаёт ва фаъолияти Содирхон Ҳофиз маълумоти муфассал дода, зикр намуд, ки Содирхон Бобошарифов дар рушду нумӯи санъати «Шашмақом» нақши босазо дорад. Пайкараи Содирхон Ҳофизро ҳайкалтарош Даврони Аҳмадзод  офаридааст. Чорабинӣ бо барномаи  рангини консертии ҳунармандони шаҳр ба фарҷом расид.

Масъули гӯша Дилором ШЕРАЛИЕВА. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91.