Хабарҳо аз кишвар

№78 (3224) 16.07.2014

Даъват ба ҳамкориҳои самарабахш

ДУШАНБЕ. (Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум») Ҳамкориҳои  Палатаи савдо ва  саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  муассисаҳои ҳамномаш  дар кишварҳои ҷаҳон мунтазам вусъат меёбад. Давоми як соли охир се муроҷиатномаи раиси Палатаи савдо ва саноати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шариф Саид ба 4 ҳазор палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои дунё фиристода шуд.

-Дар ин муроҷиатномаҳо мо роҷеъ ба захираю имкониятҳои кишварамон, самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва дигар соҳаҳо ба ҳамтоёни хориҷӣ маълумот дода, онҳоро ба ҳамкориҳои манфиатбахш даъват намудем. Дар ҷавоб ба ин муроҷиати мо соҳибкорону тоҷирони кишварҳои хориҷӣ оид ба роҳ мондани ҳамкориҳои тарафайн ва сармоягузорӣ кардани бахшҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат изҳори омодагӣ карданд,- гуфт ба хабарнигорамон Ш. Саид.

 Ярмаркаи минтақавии савдо — «Суғд – 2014»

ХУҶАНД. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум»)   Ба наздикӣ ярмаркаи минтақавии савдо  таҳти унвони «Суғд – 2014» бо мақсади муаррифии маҳсулоти соҳаҳои саноату кишоварзии вилоят ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои тарафайн бо соҳибкорону ширкатҳои хориҷӣ доир гашт, ки дар он беш аз 60 корхонаи саноатии вилоят маҳсулоти хешро пешниҳоди меҳмонон ва сокинони вилоят намуданд. Дар ярмаркаи мазкур намояндагони беш аз 30 давлати ҷаҳон, аз қабили Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, ҷумҳуриҳои Исломии  Афғонистону Эрон ва Покистон, Белгия, Ҷумҳурии Федеративии Германия ва  Латвия ширкат варзиданд. Дар доираи ин ярмарка чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла форуми байналмилалӣ  бо номи «Қудрати воридотӣ ва тиҷорати байналмилалӣ», вохӯрии намояндагони  ширкатҳои тиҷоратии ватанию хориҷӣ, қабули меморандум оид ба созишномаҳои тарафайни ҳамкорӣ  ва  ҷамъбасти озмуни «Маҳсулоти беҳтарини соли 2014» баргузор шуд.

 Оғози сохтмони нахустин роҳи зеризаминӣ

ТУРСУНЗОДА. (Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»)  Дар шаҳр сохтмони чор бинои баландошёнаи истиқоматӣ идома дорад. Ҳамчунин нахустин бор дар шаҳр сохтмони роҳи зеризаминӣ оғоз ёфт, ки ба бехатарии ҳаракати нақлиёт ва амнияти  шаҳрвандон мусоидат мекунад. Дар назар аст, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18, боғчаи бачагонаи замонавӣ, терминали мусофирбар, ки имрӯзҳо сохтмонашон идома дорад, дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гиранд. Тибқи нақша бояд дар ҳудуди шаҳри Турсунзода сохтмони як корхонаи бузурги коркарди нефт низ оғоз шавад. Дар ин бора аз хадамоти матбуотии Мақомоти  иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти  давлатии  шаҳри  Турсунзода  хабар доданд.

 Таваҷҷуҳ ба оилаҳои ҷавон

МУЪМИНОБОД. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»)  Дар ҳудуди ноҳия бо мақсади мустаҳкам кардани сатҳи зиндагии оилаҳои ҷавон  пайваста  силсилаи тадбирҳои  судманд роҳандозӣ карда мешавад. Ба наздикӣ  бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар маркази он- шаҳраки Муъминобод  зери шиори «Бақои оила-бақои зиндагӣ»  маҳфил баргузор гардид. Дар он ба оилаи беҳтарини ноҳия — Ғаффор Шарифов ва Сабоҳат Каримова  аз деҳаи Ғарабдараи деҳоти «Балхобӣ» аз ҷониби муовини раиси ноҳия Лутфия Ҷумъаева туҳфаи хотиравӣ тақдим гардид.  Сардори САҲШ-и ноҳия Ш.Мирзоева бошад,  ба як гурӯҳ навхонадорон шаҳодатномаҳои   ақди никоҳро ба таври ройгон тақдим намуд.

 Боз ду бахши ҳунаромӯзӣ

ИСТАРАВШАН. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Литсейи касбӣ- техникии №14 яке аз марказҳои тайёр кардани кадрҳои ихтисосманди шаҳр ба шумор меравад. Ба хотири эҳёи ҳунарҳои мардумӣ  имсол дар  ин таълимгоҳ боз ду дастаи нави омӯзиши ҳунарҳои мардумии сӯзанидӯзию  қолинбофӣ таъсис дода мешавад. Бино ба гуфтаи сарвари ин муассисаи таълимӣ Нуриддин Тӯйчиев мақсад аз ин кор дастгирии ибтикори Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  оид ба эҳёи ҳунарҳои халқӣ ва таъмини занону духтарон бо ҷойҳои нави корӣ аст.

Шаҳри мо  хонаи мост

ХОРУҒ.(Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»)Маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — шаҳри Хоруғ мунтазам ободу зебо мешавад. Ободонии шаҳр,  пеш аз ҳама, ба фаъолияти  пурсамари Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳр вобастагӣ  дорад. Имрӯзҳо коргарони ин корхона таҳти сарварии Алихон Мизробов машғули бунёди роҳрави пиёдагард дар роҳи  автомобилгарди маҳаллаи ба номи Носири Хусрав мебошанд. Коргарон дар рӯзҳои истироҳат низ кор карда истодаанд ва  ният доранд, ки ин роҳро  ҳар чӣ зудтар сохта,  ба истифода диҳанд. Дар ҳамин радиф,  тайи шаш моҳи соли ҷорӣ кормандон як қатор корҳоро баҳри ободонии шаҳр ба сомон расонданд, ки таъмири кӯпруки пиёдагард  дар маҳаллаи ба номи Носири Хусрав, сохтмони роҳравҳои пиёдагарди кӯчаҳои ба номи Ленин, Тошмуҳаммадов, Абдураҳмонов аз ҳамин зумраанд.

 Матбаа фаъол гардид

ХОВАЛИНГ.(Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Бо иқдом ва дастгирии бевоситаи раиси ноҳия Нурулло Мирзоев  матбааи солҳо аз фаъолиятмондаи ноҳия  бо дастгоҳ ва таҷҳизоти  муосири чопӣ муҷаҳҳаз  гардонида шуд. Аллакай дар ин чопхонаи тозатаҷдид се шумораи рӯзномаи ноҳиявии «Ҳақиқати Ховалинг» бо рангу сифати дилкаш ба табъ расид. Дар муҷаҳҳаз гардонидани чопхона бо дастгоҳҳои муосир  саҳми марди кордону  масъулиятшинос Азизулло Қодиров, ки аз соли 1974, яъне аз соли таъсисёбии он сарвариашро ба уҳда дорад, арзанда аст.

- Ҳар  моҳ чор маротиба сарсону саргардон шуда,  шаҳри Душанбе рафта, дар  КВД КТН «Шарқи озод» -и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  рӯзномаамонро чоп мекардем. Акнун мушкилоти қаламкашони ин ноҳияи дурдасти кӯҳистон рафъ гардид,- мегӯяд бо қаноатмандӣ муҳаррири рӯзномаи «Ҳақиқати Ховалинг» Мавлуда Назарова.

Масъули гӯша Раҳмоналӣ  ҲАБИБОВ. Бо мо дар тамос бошед. Телефон:238-58-91