Хабарҳо аз кишвар

№95 (3241) 12.08.2014

Ҷамъомад  баргузор  гардид

ДУШАНБЕ.(Шариф АТОБУЛЛОЕВ,«Садои мардум»)   Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 20-солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад доир гардид, ки дар он роҳбарону кормандони дастгоҳҳои марказӣ ва корхонаҳои зертобеи Кумита иштирок доштанд. Ҷамъомадро муовини якуми раиси Кумитаи мазкур Лочин Файзуллоев ифтитоҳ бахшида, доир ба санади муҳими давлатдорӣ-Конститутсия суханронӣ намуд. Баъдан, сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқии  фаъолияти судяҳои  Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Нурляминова дар мавзӯи «Конститутсия – сарчашмаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд» нақш ва мақоми Конститутсияро дар идораи  давлат тавзеҳ дод.  Дар ин бора аз маркази матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

 Бозомӯзии мутахассисон

ДУШАНБЕ. (Муҳаммад ЗОКИР,«Садои мардум») Роҳбарияти ҶСК «Тоҷик Эйр» соли равон ба бозомӯзии мутахассисони соҳа диққати махсус зоҳир намуд. Айни ҳол чор нафар ҳавонавардони дараҷаи дуюм барои идораи  ҳавопаймои «Боинг 757-200» бозомӯзӣ намудаанд. Ҳамчунин барои ҳавопаймои «Боинг 737-400» як фармондеҳ ва се ҳавонаварди дараҷаи дуюм омода гардиданд. Мутахассисони ҳайати техникӣ бошанд, бо курсҳои баланд бардоштани дараҷаи тахассусӣ фаро  гирифта  шуданд. 18 нафари онҳо барои анҷом додани хизматрасонии мустақилонаи техникӣ дар ҳавопаймоҳои «Боинг 757-200» ва «Боинг 737-300/500» дастрасӣ пайдо намуданд.

 Андалеби  Рашт

ДУШАНБЕ.(Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»)  Даври  ниҳоии Фестивал- озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ -«Андалеб-2014» дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев идома дорад. Чанде пеш ҳаваскорони ноҳияи Рашт маҳорати эҷодиии хешро дар назди ҳакамон ва иштирокчиёни толор намоиш доданд. Иштирокчиёни озмун барои иҷрои суруди дастаҷамъӣ, навозиши якка, рақси якка, бадеҳаи халқӣ, суруди ҳаҷвӣ, ҳунарнамоии ансамбли навозандагон сазовори баҳои баланд гаштанд.  Даври дуюми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ -«Андалеб-2014», ки  аз 4 август оғоз ёфта буд, то 20 августи соли равон  идома меёбад.

 Таъсиси хоҷагиҳои нави деҳқонӣ

СУҒД.(Мухтори Абдулло, «Садои мардум»)   Дар асоси қарори раиси вилоят аз 9 декабри соли 2013 таҳти №287 то имрӯз аз 2991 адад  хоҷагии калонҳаҷми ҷамоавию деҳқонӣ 2577 ададаш  таҳти таҷдид қарор гирифта, 26500 хоҷагии деҳқонии нави оилавӣ ва инфиродӣ таъсис дода  шудааст. Ба 19600 хоҷагии деҳқонии навтаъсис сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин ба таври ройгон супорида шуд, ки арзиши он зиёда аз 10 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ҳамин тариқ, барои  деҳқонон тавассути чунин  ислоҳот шароити  ҳуқуқи муносибати озод ба замин, фурӯши озоди маҳсулоти истеҳсолгардида ва истифодаи маблағҳои бадастомада муҳайё карда шудааст.

Боз як маркази саломатӣ дар хизмати мардум

Дарвоз (Шоҳтолиб Шоҳқосимов, «Садои мардум»)

Дар деҳаи Ҷорфи деҳоти «Вишхарв» як маркази саломатии замонавӣ ба истифода дода шуд.

Маблағи  сохтмони маркази саломатӣ аз тарафи ташкилоти байналмилалии «JICA»-и давлати Япония ҷудо гардида,  ба воситаи Барномаи инкишофи иҷтимоии манотиқи кӯҳистони  хазинаи Оғохон дар ноҳияи Дарвоз амалӣ гардид. Сокинони деҳаи Ҷорф низ   дар сохтмони он саҳмгузорӣ, яъне ба андозаи 15161 сомонӣ маблағгузорӣ намуданд.

 Мусобиқаи футбол

ВАРЗОБ.(Муҳаммад ЗОКИР, «Садои  мардум»)  Бо ташаббуси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Варзоб бахшида ба 23- юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли оммавияти футбол дар деҳаи Сари кутали ноҳия мусобиқаи футбол миёни 24 дастаи наврасону ҷавонон ташкил карда шуд. Дар мусобиқа футболбозони шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ иштирок доранд. Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Варзоб барои рушди тарбияи ҷисмонӣ, мустаҳкам намудани дӯстӣ байни ҷавонон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мусобиқаҳои варзиширо дар дигар деҳоти ноҳия низ ба роҳ мондааст.

 Қутоспарварӣ  рушд мекунад

БАЛҶУВОН.(Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ,«Садои мардум») Вобаста ба иҷрои «Барномаи давлатии рушди соҳаи қутоспарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2016» дар ноҳия парвариши ин навъи чорво хуб ба роҳ монда шудааст. Воқеан, табиати ноҳияи  Балҷувон барои парвариши он хеле  мувофиқ аст. Айни замон дар хоҷагии «Гулдара» 34 сар қутос  нигоҳубин карда мешавад ва хоҷагидорон мақсад доранд, ки баҳри амалӣ намудани Барнома саршумори онро дучанд афзун намоянд.

 Фаъолияти  таваллудхонаҳо беҳ мешавад

  Мир Сайид Алии ҲАМАДОНӢ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  ба  ҳифзи сиҳатии омма пайваста диққат  медиҳад.Тӯли шаш моҳи соли равон 31593   нафар шаҳрвандон аз муоинаи тиббӣ гузаронида шудаанд, ки аз ин ҳисоб 4266 нафари онҳо дар беморхонаҳо табобат гирифта, саломатии худро барқарор намуданд. Шароити хуби  бемористонҳо  имкон фароҳам овардааст, ки дар шаш моҳ, аз 2077 кӯдаки  навзод 1936  нафарашон дар таваллудхонаҳо ба дунё оянд ва ин рақам  нисбат ба  солҳои қаблӣ хеле зиёд аст.

 Бунёди осоишгоҳ дар «Чилдухтарон»

МУЪМИНОБОД. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»)  Тирамоҳи соли 2012 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз сафарҳои худ ба мавзеи Шукноби ноҳияи Ховалинг дар мавзеи ҳамшафати он -«Чилдухтарон»  барои бунёди як осоишгоҳи замонавӣ санги асос гузошта буд.  Акнун сохтмони осоишгоҳ аз ҷониби  соҳибкори шинохта Ғаффор Идиев муташаккилона оғоз ёфтааст. Айни ҳол сохтмончиён ба рехтани таҳкурсии бинои осоишгоҳ машғуланд. Ёдовар мешавем, ки мавзеи «Чилдухтарон» бо табиати афсонавиаш дар кишвар ва берун аз он маълуму машҳур аст. Киностудияи  «Тоҷикфилм» беҳтарин офаридаҳои худро дар замони шӯравӣ  маҳз дар ҳамин мавзеъ рӯйи навор оварда буд.

Масъули гӯша Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ. Бо мо дар тамос бошед. Телефон:238-58-91.