Хабарҳо аз кишвар

№108 (3254) 17.09.2014

 «China Gold» — ҳавасманди ҳамкорӣ бо Тоҷикистон

ДУШАНБЕ. (Шариф АТОБУЛЛОЕВ,«Садои мардум»)   Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим ва муовини директори генералии Корпоратсияи «China Gold» -и Ҷумҳурии Халқии Хитой Сун Лиэнжонг  созишномаи қолабӣ ба имзо расониданд.

Корпоратсияи «China Gold» , ки бузургтарин ташкилоти давлатӣ дар соҳаи истихроҷ ва коркарди тилло дар Ҷумҳурии Халқии Хитой мебошад,  тасмим гирифтааст, ки  барои коркарди маъданҳои кӯҳӣ, қаъри замин  ва саноати Тоҷикистон  30 миллион доллари ИМА сармоягузорӣ намояд. Татбиқи созишномаи мазкур ба ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ ва содиротии кишвар, ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ,  воридоти техника ва технологияи  нав  ба иқтисодиёти кишвар мусоидат хоҳад кард.

 Ҳосил фаровон аст, вале…

ХОРУҒ. (Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Мувофиқи иттилои Раёсати кишоварзии вилоят боғдорон то имрӯз зиёда аз 250 тонна  меваи тару тозаро ба дӯкону бозорҳои шаҳру ноҳияҳо ва берун аз он ба фурӯш баровардаанд. Имсол дар вилоят 61 гектар боғи нав бунёд гардида, 66 гектар боғи куҳна аз нав барқарор  карда  шудааст.

– Вале боиси таассуф аст, ки   як қисми меваи ғундоштаи боғдорон аз сабаби набудани шароити коркард нобуд шуда истодааст, – мегӯяд сардори Раёсати кишоварзии вилоят Назрӣ Назриев.

 Ифтитоҳи корхонаи дӯзандагӣ

ҚӮРҒОНТЕППА. (Давлати Султон,«Садои мардум»)   Дар хиёбони Ваҳдати шаҳр  корхонаи нави дӯзандагӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бинои нави корхона аз чор ошёна иборат буда,  бо таҷҳизоти наву ҳозиразамони дӯзандагӣ  таъмин аст.  Дар корхона, ки  бо иқдоми масъулини Кооперативи истеҳсолии «Бобои Саид» бунёд ёфтааст, беш аз сад нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд.

 Ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи ангурпарварӣ

ТУРСУНЗОДА. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»)    Дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба  дар соҳаи ангурпарварӣ  деҳқонони шаҳри Турсунзода барои соҳибкорзанони вилояти Хатлон  машварати омӯзишӣ  доир намуданд. Гурӯҳи соҳибкорзанон дар рафти машварат аз фаъолияти ангурпарварони хоҷагии деҳқонии  «Ватан»,  воқеъ дар деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов, ки  дар ихтиёри худ195 гектар замин дорад ва дар он 165 нафар  соҳибкорон  бо кори деҳқонӣ  машғуланд, шинос шуданд. Деҳқонони  пуртаҷрибаи шаҳри Турсунзода дар машварати омӯзишӣ  соҳибкорзанони  хатлониро бо  сирру асрори  ангурпарварӣ, нигоҳубини он, сари вақт гузаронидани корҳои агротехникӣ  ва  роҳҳои   рӯёнидани ҳосили  фаровони  ангур ошно намуданд.

 Ба деҳа об омад

ИСТАРАВШАН.  (Ҳусейни  НАЗРУЛЛО,«Садои мардум») Дар деҳаи Сари мазори  деҳоти «Гули Сурх»  бо иқдоми соҳибкор Муъмин Азимов як чоҳи амудӣ, ки дар як сония 18 литр об медиҳад, мавриди истифода қарор гирифт.

Ба шарофати ин тадбир акнун  260 хоҷагии деҳа бо оби нӯшокӣ таъмин гардиданд. Ба ин муносибат аҳли деҳаро муовини раиси шаҳр Ӯ. Ҷӯраев, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Ш. Гадойбоев ва раиси ҷамоати деҳоти мазкур  А. Қодиров  табрик намуданд.

 Дар Сурхсангов  гузаргоҳи муваққатӣ сохта шуд

ВАНҶ. (Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»)  Дар мавзеи Сурхсангови ноҳия аз болои рӯдхонаи  «Ванҷоб» барои ҳаракати нақлиёти вазнини боркаш гузаргоҳи муваққатӣ мавриди истифода қарор гирифт. Гузаргоҳи  болои рӯдхонаи «Ванҷоб», ки солҳои шастуми асри гузашта бо иқтидори борбардории 20 тонна сохта шуда буд, давоми ду соли охир бо сабаби гузаштани мошинҳои вазнашон  50-60 тоннагӣ  чанд маротиба  хароб гардид. Имрӯз дар шафати гузаргоҳи харобгашта сохтмони гузаргоҳи нави  иқтидори борбардориаш аз сад тонна зиёд  бо маблағи  25 миллион сомонӣ идома дорад. Умед  аст, ки  гузаргоҳи нав то оғози мавсими  обхезии соли оянда мавриди истифода қарор мегирад.

 ТВ  «Ғӯлакандоз»  боз ба фаъолият оғоз кард

Ҷ. РАСУЛОВ.(Ҳусейни НАЗРУЛЛО,«Садои мардум»)  Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии  ноҳия телевизиони маҳаллии «Ғӯлакандоз»  баъди танаффуси тӯлонӣ  боз ба фаъолият оғоз кард. Имкон дорад, ки он минбаъд дар ҳаҷми 12 соат ба бинандагони ноҳияҳои  Ҷ. Расулов, Спитамен, Б.Ғафуров ва навоҳии атрофи он барномаҳои иттилоотӣ,сиёсӣ, иқтисодӣ  ва фарҳангиро бо се забон — тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ пахш намояд.

Бино ба иттилои  сармуҳаррири он Нафиса Ҷабборова телевизиони мазкур соли 1991 таъсис ёфта, пас аз фаъолияти чандсола як муддат аз кор монда буд. Феълан дар он панҷ нафар мутахассисони маълумоти олидор кор карда истодаанд, ки  мақсади асосиашон пур кардани холигоҳи фазои иттилоотии ноҳия, бахшидани ғизои маънавӣ ба мардум ва саҳм гузоштан дар пешрафту ободии Ватан аст.

 Калонтарин корхонаи коркарди пахта

ХУРОСОН.  (Давлати СУЛТОН, «Садои мардум»)Бо иқдоми Ширкати «Водии заррин»  ва  ҳамкории мутахассисони хитойӣ  дар деҳаи Гулрези деҳоти «Ҳилолӣ» корхонаи нави коркарди пахта бунёд гардид. Корхонаи мазкур  калонтарин корхонаи соҳа  дар ҷумҳурӣ  буда, имкон дорад, ки  дар сурати пурра мавриди истифодабарӣ  қарор гирифтан дар як моҳ то 22 ҳазор тонна пахтаро коркард намояд. Корхона  бо дастгоҳҳои  наву замонавӣ  ва каммасраф, ки аз хориҷи мамлакат ворид карда шудаанд, таҷҳизонида шудааст.  Ширкати «Водии заррин» бо мақсади таъминоти корхонаи мазкур  бо ашёи хом дар ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Ёвон, Бохтар, Ҷиликӯл пунбадонаи навъҳои беҳтаринро  кишт намудааст.

 Сабқати шоҳмотбозон

Ғончӣ. (Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум») Аз 14 то 16 сентябри соли ҷорӣ дар ноҳияи Ғончӣ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот баргузор гардид. Дар он дастаҳои яккачини як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар ширкат варзиданд.

-Ин чорабинӣ бахшида ба 20-умин солгарди қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гиромидошти арбоби намоёни давлатӣ, собиқ раиси шаҳри Норак Яҳё Мирфозилов ташкил ва гузаронида шуд, ки  дар сатҳи баланд ҷараён гирифт.  Дар ҷамъбасти мусобиқа дастаи яккачини вилояти Суғд ҷойи аввал, шоҳмотбозони ноҳияи Ғончӣ ҷойи дуюм ва дастаи яккачини вилояти Хатлон ҷойи сеюмро ишғол намуданд,- гуфт ба хабарнигорамон  муовини раиси Федератсияи шоҳмоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Устоди варзиш Илҳом Юнусов.

 Масъули гӯша Муҳаммад ЗОКИР. Бо мо дар тамос бошед. Телефон:238-58-91.