Хабарҳо аз кишвар

№129 (3275) 04.11.2014

Маҳфили экологӣ

ДУШАНБЕ. (РаҳмоналӣҲАБИБОВ, «Садои мардум»)  Дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33-юми пойтахт бахшида ба 20-солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили экологӣ доир гардид. Дар маҳфил хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 33,72 ва 70 дар бахшҳои саволу ҷавоб, кор бо тестҳо, саҳнача ва дигар шартҳо маҳорат нишон дода, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Дар ин чорабинӣ намояндагон аз Маркази ахбори экологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе иштирок доштанд. Мақсад аз  доир намудани чунин чорабинӣ  баланд бардоштани дониши экологии хонандагони мактабҳои пойтахт буд.

Васфи Конститутсия

ТОҶИКОБОД. (Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум»)  Дар толори китобхонаи марказии ноҳия бахшида ба 20-умин солгарди қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии маърифатӣ доир гардид. Зимни он хонандагони фаъол дар озмунҳои «Иншои беҳтарин», «Қироати шеър», «Мусаввараи беҳтарин» бахшида ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда, маҳорати худро нишон доданд. Дар ин ҷо  ҳамчунин намоиши китобҳо бахшида ба ҷашни зикршуда ороста шуд. Дар охир ҳунармандони ансамбли тарона ва рақси «Баёзи кӯҳистон» хотири ҳозиринро бо барномаи консертӣ болида гардониданд, — иттилоъ дод ба хабарнигорамон мудири шуъбаи фарҳанги ноҳия   Мустафо Шукуров.

 Вохӯриҳои судманд бо сокинони ноҳия

ФАЙЗОБОД. (РаҳмоналӣҲАБИБОВ, «Садои мардум») Бахшида ба ҷашни 20- солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вохӯриҳо  миёни масъулин ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мешавад. Дар деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиеви ноҳияи Файзобод низ чунин вохӯрӣ бо иштироки  намояндаи  шуъбаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва шуъбаи  кор бо занон ва оилаи мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо сокинон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ аз фаъолияти  намунавии бонувон ва ҷавонони  фаъоли ин диёр ва саҳми онҳо дар рушду ободонии ноҳия сухан рафт.

 Бунёди муҷассамаи Темурмалик

ТЕМУРМАЛИК. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Бо ташаббуси мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар як мавзеи дилкашу диданибоби маркази ноҳия- шаҳраки Совет, муҷассамаи қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик, ки ин ноҳияи кӯҳистон ба худ номи ӯро гирифтааст, бунёд мегардад.

-Дар ноҳия беш аз 20 нимпайкараву муҷассама мавҷуд аст, аммо дар миёни онҳо  ҷойи муҷассамаи  қаҳрамони миллат -Темурмалики хасмшикан холӣ буд. Ин ҳолат моро водор намуд, ки ба бунёди муҷассамаи Темурмалик азм  намоем. Мо мақсад дорем, ки дар рӯзи ҷашни 20 — солагии қабули Конститутсияи (Сарқонуни)  Ҷумҳурии Тоҷикистон  парда аз болои он бардорем,- гуфт зимни гузаронидани ҳашари навбатӣ раиси ноҳия Мирзохон Гулмаҳмадзода.

 Нақшаи даъват иҷро шуд

НОСИРИ ХУСРАВ. (Давлат Султонов , «Садои мардум»)  Дар ин ноҳияи дурдасти Хатлонзамин сафи ихтиёриён барои хизмат дар Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ аз як даъват то даъвати дигар афзун мегардад. Аксарияти ҷавонони ба  даъвати тирамоҳии имсола сафарбаршударо низ  ихтиёриён ташкил мекунанд, ки ин натиҷаи аз ҷониби масъулин хуб ба роҳ монда шудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиби ҳисси ватандӯстии ҷавонон аст. Ҳамин тариқ, ноҳия нақшаи тирамоҳии даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳуриро иҷро намуд. Ҳангоми даъвати навбатӣ   ҷавононе, ки ихтиёран хизмати Модар-Ватанро пазируфтаанд, бо туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ гардиданд.

 Рушди  соҳаи боғу токпарварӣ

ХУҶАНД. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум»)  То имрӯз  дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят 31263 тонна ангур истеҳсол шудааст.Ба иттилои Алишер Дадобоев — мудири бахши кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ангурпарварони шаҳру  ноҳияҳои Истаравшан  17724, Бобоҷон  Ғафуров 7750, Панҷакент  4750 , Ғончӣ 748, Ашт 150, Зафаробод 108, Ҷаббор Расулов 25, Конибодом  9  ва Спитамен 3 тонна ангур истеҳсол намуданд. Тибқи дурнамо, соли равон дар вилоят 33511 тонна ангур истеҳсол карда мешавад.

Озмуни «Атласи тоҷик»

ИСТАРАВШАН. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»)  Бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ  бахши кор бо занон ва оилаи  шаҳр дар байни бонувони ҳунарманд озмуни «Атласи тоҷик» -ро доир намуд. Дар толори калони мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатии шаҳр аз нуҳ ҷамоати деҳот чеварони гулдаст қувваозмоӣ  карданд.  Аз рӯи шарти аввали озмун- дӯхтани либосҳои миллию  идонаи кӯдакон ҷойи аввал ба  чеварони деҳоти «Ниҷонӣ», ҷойи дувум ба деҳоти «Чорбоғ», ҷойи сеюм ба деҳоти «Гули Сурх», аз рӯи шарти дуюм- дӯхтани  либосҳои рӯзмарраи корӣ ҷойи аввал ба  тарроҳони деҳоти «Ниҷонӣ» , ҷойи дувум ба  бонувони деҳоти  «Нофароҷ» ва ҷоӣи сеюм ба деҳоти «Қалъаи Баландиҳо»  дода шуд.  Дар байни тарроҳони алоҳида сокини деҳоти «Ниҷонӣ» Сабрина Муҳаммадиева  соҳиби «Шоҳҷоиза» гардид.

 Бинои нави беморхонаи «Ҳазорчашма»    

ҒОНЧӢ. (Мухтори Абдулло «Садои мардум»)  Чанде пеш бинои тозабунёди беморхонаи №2 деҳоти «Ҳазорчашма»-и ноҳия  бо иштироки муовини якуми раиси вилояти Суғд  Ҷумъабой Сангинов ва роҳбарияти ноҳия мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Зимни суханронӣ Ҷумъабой Сангинов сокинони ноҳияи Ғончӣ, бахусус  кормандони соҳаи тандурустии ноҳияро ба ин  муносибат табрик гуфт. Ҳамчунин изҳор дошт, ки солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла тандурустӣ, эътибори хоса зоҳир мегардад. Бинои нави беморхонаи мазкур тибқи талаботи муосир бунёд гашта, бо таҳҷизот ва асбобҳои замонавӣ муҷаҳҳаз шудааст. Он дорои 55 кат буда, асосан шуъбаҳои эҳё ва ҷарроҳии бачагона, утоқҳои кориву ташхисиро фаро гирифтааст.

 Иқдоми неки соҳибкорони маҳаллӣ

ҲИСОР. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»)  Дар деҳаи «Хирманак»-и  деҳоти «Сомон»-и ноҳияи Ҳисор бо иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ хатнасури тарбиятгирандагони Мактаб- интернати  низомаш махсуси ҷумҳуриявии ноҳияи Ҳисор ва кӯдакони ятим ба таври дастаҷамъона гузаронида шуд. Дар чорабинӣ аз ҷониби соҳибкорон дар баробари оростани хони тӯёна ба ҳар соҳибҷашн сару  либос ва дигар туҳфаҳои хотирмон тақдим гардид.

Масъули гӯша Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ. Бо мо дар тамос бошед. Телефон:238-58-91.