Хабарҳо аз кишвар

№130 (3276) 06.11.2014

 Мулоқот бо «духтарони Президент»

КӮЛОБ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Дар толори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯрии раиси ноҳияи Фархор Раъно Раҳимзода бо гурӯҳи донишҷӯёне, ки тариқи квотаҳои президентӣ дар донишгоҳҳову коллеҷҳои шаҳри Кӯлоб аз ноҳия таҳсил мекунанд, баргузор гардид. Раъно Раҳимзода дар назди донишҷӯён суханронӣ карда, гуфт, ки аз ноҳияи Фархор дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва коллеҷҳои омӯзгорию тиббии шаҳри Кӯлоб 47 нафар ба донишандӯзӣ фаро гирифта шудаанд.

-Мо  бозгашти шуморо ҳамчун мутахассисони касбӣ  дар ноҳия интизорем,- гуфт дар фарҷоми суханронии худ раиси ноҳия. Дар анҷоми мулоқот ба ҳар донишҷӯ як ҷуфт рахти хоб, 100 сомонӣ маблағ ва тафдонҳои барқӣ кумак карда шуд.

 Ҳунари воло писанди ҳамагон аст

ҚӮРҒОНТЕППА. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Ба муносибати ҷашни 20-умин солгарди қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон санъаткорони Ансамбли фолклорию этнографии назди Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон бо роҳбарии Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Амриддини Кабир бо барномаи консертӣ ба ноҳияҳои минтақаи Рашт ба сафари ҳунарӣ баромаданд. Онҳо муддати як ҳафта дар ноҳияҳои Ҷиргатол, Тоҷикобод, Рашт, Нуробод, Тавилдара ба мардум суруду таронаҳои писандидаашонро пешкаш намуданд.

 Дастур ба муҳоҷирон

РӮДАКӢ. (РаҳмоналӣҲАБИБОВ, «Садои мардум»)  Вохӯрии аъзои гурӯҳи кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳотҳои «Султонобод», «Сарикиштӣ», «Лоҳур», «Чимтеппа» ва «Чоргултеппа» бо раисони маҳаллаҳо, имом-хатибон, занони фаъол ва ҷавонон баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқот гурӯҳи корӣ оид ба қонунгузории нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, тағйироту иловаҳо ба он ва дигар паҳлуҳои муҳоҷирати меҳнатӣ маълумоти муфассал доданд. Дар поёни вохӯрӣ ба иштирокдорон маводи чопӣ, аз қабили дар бораи тарзи гирифтани патент, иҷозати кор дар Федератсияи Россия тақсим карда шуд.

Истгоҳҳои барқтаъминкунӣ ба зимистон омодаанд

ШАҲРИНАВ. (Муҳаммад ЗОКИР. «Садои мардум») Дар Ҷамъияти саҳомии «Шабакаҳои барқии ноҳияи Шаҳринав» барои таъмини аҳолӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва таълимии ноҳия дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015 бо барқ аз руйи меъёри муайяншуда корҳои назаррасро анҷом додаанд. Дар ноҳия ду адад трансформатори нав насб карда, 20    трансформатори дигар аз таъмир бароварда шуд. Ҳамчунин 50 адад симчӯби барқие, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дошт, ба сутунҳои оҳанӣ-бетонӣ иваз карда шуда, ба ҷойи ноқилҳои фарсуда ноқилҳои нав кашиданд.

 Роҳи нав ба деҳоти баландкӯҳ

ШУҒНОН. (Шоҳтолиб  ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Дар деҳоти «Сучон» роҳи нави мошингард сохта шуд. Ин роҳ деҳаҳои баландкӯҳи Спинзу Рожро ба шоҳроҳи Хоруғ-Ӯш мепайвандад. Роҳи нав дар заминаи ҳамкории  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон ва Барномаи инкишофи  иҷтимоии манотиқи кӯҳистони Хазинаи Оғохон бо маблағгузории Барномаи «JICA»-и ҳукумати Ҷопон оид ба рушди деҳот сохта шуд. Барои сохтмони роҳ 405 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид ва муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои ноҳияи Шуғнон онро сохта, мавриди истифода қарор дод.

 Соҳибкорон роҳро навсозӣ карданд

ВАРЗОБ. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум») Як гурӯҳ соҳибкорони деҳаи Чанори деҳоти ба номи С.Айнӣ — Шамсиддин Саидов, Қутбиддин Ғаффоров, Алишер Шеров ва Ҷумъабой Сафаров тасмим гирифтанд, ки роҳи вайрону таъмирталаби деҳаро азнавсозӣ намоянд. Дарозии роҳ беш аз чор километр буда, бо ҷалби техникаи ҳозиразамони роҳсозӣ тахту ҳамворкунӣ ва васеъ намудани қитъаҳои он идома дорад.

Масолеҳи сохтмонӣ аз ҷониби директори генералии ҶСК «Сементи Тоҷик» Зайнулло Соҳибов таъмин карда шуд. Айни ҳол дар ин ҷо кор мутобиқ ба меъёрҳои роҳсозӣ ҷараён дошта дар рӯзҳои наздик мавриди истифода қарор мегирад.

 Чорво беталаф аз зимистон мебарояд

СПИТАМЕН. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Дар фермаҳои Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби «Саидқурғон» чорвои хоҷагиҳои деҳқонии «Ганҷ», «Болтухон», «Баландқурғон» нигоҳубин карда мешавад. Бино ба гуфтаи сарвари ферма Эгамбердӣ Бутаев, дар он 135 сар чорвои калони шохдор,188 сар чорвои майда ва 355 сар мурғ парвариш меёбад. Аз аввали сол то имрӯз зиёда аз 60 тонна шир истеҳсол карданд, ки 85 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Коргарони  хоҷагӣ барои аз фасли сармо беталаф баровардани чорво 466 тонна хошок захира карданд.

 Мактаб соҳиби бинои иловагӣ шуд

Б.Ғафуров: (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Дар деҳаи Мусаффои деҳоти «Унҷӣ» бинои нави иловагии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №29 ба истифода дода шуд, ки дар як баст барои 240 хонанда пешбинӣ гардидааст. Тибқи иттилооти воҳидҳои сохтории дахлдори дастгоҳи раиси вилояти Суғд, барои сохтмони бино 2 миллиону 80 ҳазор сомонӣ масраф шудааст. Хонандагони мактаб дар маросими ботантанаи ифтитоҳи бино ҳамзамон соҳиби туҳфаҳои дигари раиси вилоят, аз ҷумла компютеру принтер гардиданд.

 Маҳфили илмӣ-адабӣ

ДУШАНБЕ. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум») Дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар мавзӯи «Ҷустуҷӯ ва бозёфтҳои эҷодӣ дар жанри ҳикоя» маҳфили илмӣ-адабӣ баргузор гардид, ки дар он шоирону нависандагон ва дӯстдорону алоқамандони соҳаи адабиёт иштирок намуданд.

Тавре дар маҳфил зикр гардид, аз классикони адабиёти тоҷику форс ва адибони имрӯза ҳазорҳо ҳикояву очерк, қиссаҳои гуногун боқӣ мондаанд. Имрӯз ҳам адибоне ҳастанд, ки дар офаридани ҳикоя, очерк ва қиссаҳои ҷолиб кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Дар маҳфил баҳри ҷалби ҷавонону наврасон ба хондани ҳикояву очеркҳо ва дигар асарҳои ҷолиб таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

Масъули гӯша Муҳаммад ЗОКИР. Бо мо дар тамос бошед. Тел: 238-58-91