Хабарҳо аз кишвар

№132 (3117) 17.10.2013

Саноати сабук дар Тоҷикистон рушд мекунад

ДУШАНБЕ. (Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум») То охири соли равон баробари мавриди истифода қарор додани иқтидорҳои нав истеҳсоли маҳсулоти саноати сабуки Тоҷикистон бояд баробари 10 – 15 фоиз афзоиш ёбад.  Дар ин робита, тавре ки аз Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо иттилоъ доданд, аз оғози соли ҷорӣ  коргоҳҳои нави дӯзандагӣ ба истифода дода, теъдоди  коргоҳҳои корхонаҳои фаъоли нассоҷӣ зиёд карда шудаанд. Ғайр аз ин, то охири соли равон бояд дар як қатор корхонаҳои калони ресандагӣ истеҳсоли либосҳои трикотажӣ ба роҳ монда шавад.

Роҳ наздик шуд

АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Баъди таъмиру тармими роҳи калони мошингарде, ки аз ҳудуди деҳоти «Яккатут» мегузарад, масофаи байни маркази ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва маркази маъмурии вилояти Хатлон- шаҳри Қӯрғонтеппа 8 километр наздик шуд. Ин роҳ, ки ҳанӯз дар замони шӯравӣ бунёд ёфта буд, солҳои охир фарсудаю корношоям гардид. Аз ин рӯ, ронандагони воситаҳои нақлиёт маҷбур буданд, ки масофаи байни маркази ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва шаҳри Қӯрғонтеппаро тавассути шаҳраки Уялии ноҳияи Хуросон тай намоянд. Хушбахтона, бо қувваи кормандони Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи мазкур, кӯмаку дастгирии молиявии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту ноҳия ва техникаи зарурии ҷудонамудаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин роҳ аз нав пурраю хушсифат таъмиру тармим гардида, мавриди истифода қарор гирифт.

 Ифтитоҳи бинои мактаби нав дар минтақаи наздисарҳадӣ

СПИТАМЕН. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Дар деҳоти «Хуррамзамин»- и ноҳияи Спитамен бинои нави мактаби  таҳсилоти миёнаи умумии № 20 мавриди истифода қарор гирифт. Мактаби нав дар заминаи муроҷиати сокинон бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо харҷи як миллиону 300 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, аз ҳашт синфхона иборат мебошад.

Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дар ифтитоҳи мактаб ширкат намуда, аз таваҷҷуҳи Давлату Ҳукумати кишвар ба соҳаи маориф дар солҳои охир ҳарф зад. Зикр гардид, ки аз оғози соли ҷорӣ дар миқёси вилоят сохтмони 44 иншооти таълимӣ ба охир расида,  таъмиру барқарорсозии 100 иншооти дигар маблағгузорӣ шудааст.

Истифодаи оқилонаи замин асоси фаровонҳосилист

КӮЛОБ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»)  Дар хоҷагии «Сабз-Н»-и деҳоти «Зарбдор»-и шаҳри Кӯлоб семинари омӯзишӣ- амалӣ бо иштироки роҳбарону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, сардорони  беҳтарин хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои минтақа баргузор гардид. Муовини якуми раиси вилояти Хатлон Абдураҳмон Қодирӣ иштирокчиёни семинарро  бо вазъи имрӯзаи кори кишоварзони минтақа ошно намуда, зикр кард, ки бо фаъолияту муносибати феълӣ ба замин натиҷаҳои арзандаву муносибро соҳиб шудан аз имкон дур аст. Дар мавриди истифодаи самараноки замин ӯ иҷоракори эронӣ  Бароҳими Абдурасулро мисол овард. Мавсуф соли ҷорӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба таври иҷоракор фаъолият карда, дар асоси  интихоби дурусти тухмӣ ва истифодаи самараноки замин аз як гектар ба ҳисоби миёна  86,2 сентнер ғалла ба даст овардааст.

Ярмарка — фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ

СУҒД. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Дар шаҳрҳои Хуҷанд, Чкалов, Истиқлол ва Қайроққум ярмарка- фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид. Дар ярмарка 355 тонна маҳсулоти хушсифати ниёзи мардум пешниҳод гашт. Аз ҷумла барои сокинони маркази вилоят- шаҳри Хуҷанд аз ин миқдор қариб 253 тонна пешкаш карда шуд. Кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят навъҳои гуногуни маҳсулот, амсоли пиёз, сабзиву полезиҳо, меваҳои гуногун, орд, гӯшт, шакар ва ғайраро нисбат ба нархи бозор 20-30 фоиз арзон ба фурӯш бароварданд.

Бунёди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар Муъминобод   

МУЪМИНОБОД. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Дар маркази шаҳраки Муъминобод  сохтмони муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ пурра ба анҷом расид. Муаллиф Шаҳриёр Мухторов муҷассамаи мазкурро аз нигоҳи меъморӣ хеле ҷолиб офаридааст. Исмоили Сомонӣ дар камар шамшер, рӯйи аспи бодпои бо зину абзори мунаққаш  нишаста, назар ба дуриҳои дур дорад. Атрофи муҷассама бо гулҳои муаттари садранг он қадар зебо оро дода шудааст, ки шабеҳи онро дар шаҳрҳои бузург мушоҳида кардан маҳол аст. Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ва ободкориҳои атрофи он ҳусну таровати ин шаҳраки дурдасти кӯҳистонро даҳчанд афзудааст. Мавриди зикр аст, ки бунёди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар миёни навоҳии кӯҳистони вилояти Хатлон иқдоми нахустин маҳсуб меёбад.

Намоиши асарҳои рассомон

ХУҶАНД. ( Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»)  Чанде пеш дар факултети санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо ибтикору дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Намояндагии фонди Федератсияи Россия «Институти тадқиқотии АврОсиё» озмун- намоиши асарҳои рассомони ҷавони вилоят  баргузор шуд. Дар озмун зиёда аз 80 номгуйи асарҳо, ки дар онҳо табиати зебоманзари кишвар, боигариҳои табиии он, воқеаю ҳодисаҳо аз ҳаёти ҷомеаи тоҷикон таҷассум ёфтаанд, ба таваҷҷуҳи бинандагон гузошта шуданд. Роҳбари бахши вилоятии Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Насиба Эшонова ва ноиби ректори донишгоҳ Муъминҷон Шамсиддинов ба асарҳои пешниҳодшуда баҳои баланд дода, арз карданд, ки ин осор лабрез аз муҳаббату самимияти эҷодкорон нисбат ба Ватан ва эҳсоси ифтихори миллист.

Вохӯрӣ бо фаъолон

ДУШАНБЕ. (Миҷгонаи ТАВАККАЛ, «Садои мардум») Бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита бо қонунҳои амалкунандаи кишвар «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҳамчунин ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ифтихор аз созандагӣ, бунёдкорӣ ва дар ин замина мусоидат ба таҳкими ваҳдату ягонагии насли наврас ва ҷавони ҷомеа, чанде пеш дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт вохӯрии масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо фаъолон, ҷавонон  ва занон доир  гардид. Дар чорабиниҳои мазкур масъулини Кумита, намояндаҳои бахшҳои  ҷавонон, занон ва дин, имом-хатибон, ҳамчунин фаъолзанони  ноҳияҳои зикршуда ширкат ва оид ба натиҷаҳои иҷрои қонунҳои мазкур суханронӣ намуданд.

Масъули гӯша Миҷгона МИРЗОЕВА. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91