Хабарҳо аз кишвар

№134-135 (3280-3281) 15.11.2014

Мулоқоти  судманд

ДУШАНБЕ.(Дилором ШЕРАЛИЕВА, «Садои мардум»)   Чанде пеш  вохӯрии иштирокчиёни  Гурӯҳи кории Раванди Будапешт  бо  кишварҳои Шоҳроҳи абрешим бо сохторҳои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикисион доир гардид.  Дар ҷараёни мулоқот муовини сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Толибҷон Шарипов  ҳозиринро бо  фаъолият, дастовардҳо ва таърихи Хадамоти муҳоҷират ошно намуд.

Ҳамчунин  доир ба сохтори Хадамот, ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва диаспораҳо байни иштирокчиён саволу ҷавоб сурат гирифт.

 Шаҳраки нав дар маҳаллаи Тем  бунёд мегардад

ХОРУҒ. (Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»)   Дар  мулоқоти раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихони Ҷамшед бо сармеъмори Институти лоиҳакашии шаҳри Душанбе  «Шаҳрофар» Инна Макова  нақшаи сохтмони шаҳраки нав дар шаҳри Хоруғ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Инна Макова зикр кард, ки дар ин шаҳрак асосан хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ бо тарҳи замонавӣ сохта шуда, дар он  бунёди як қатор иншооти фарҳангию фароғатӣ, аз қабили майдони варзишӣ, боғи истироҳатӣ, театр ва дигар сохтмонҳои дорои аҳамияти иҷтимоидошта  низ дар назар дошта шудааст. Айни замон барои бунёди шаҳраки нав майдони 210 гектар ҷудо гардидааст.

 Ҳамоиши тиҷоратӣ

ДУШАНБЕ. (Шариф Атобуллоев, «Садои мардум»)   Дар меҳмонхонаи «Тоҷикистон» ҳамоиши тиҷоратии доираи соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид. Шариф Саид — раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон зимни суханрониаш зикр кард, ки дар фазои мусоиди ҳамкориҳо доираи соҳибкорони ҳар ду ҷониб бояд сатҳи ҳамкориҳоро боз ҳам тақвият  бахшида, ба муваффақиятҳо ноил гарданд.  Бояд гуфт, ки ин ҳамоиш дар доираи Намоишгоҳи молу маҳсулоти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, ки аз 12 то 15 ноябри соли равон давом мекунад, баргузор шуд. Шариф Саид зикр кард, ки дар  ин намоишгоҳ 84 ширкати Ҷумҳурии Исломии Эрон иштирок  хоҳанд кард.

 Ифтитоҳи бинои нав

СУҒД. (Мухтори АБДУЛЛО) Бо дастгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, соҳибкорон ва муассисаву ташкилотҳо бинои шуъбаи тиббии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят мавриди баҳрабардорӣ  қарор гирифт. Бинои мазкур бо сифати баланд ва бо арзиши зиёда аз 1,8 миллион сомонӣ таъмиру тармим ва азнавсозӣ  гардидааст.  Фаъолияти он асосан ба солимгардонии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ, нафақахӯрони соҳа ва оилаҳои кормандоне, ки ҳангоми хизмат  фавтидаанд,  равона карда шудааст. Дар маросими ифтитоҳи бинои нави табобатӣ раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода иштирок ва суханронӣ  намуданд.

 Вохӯрӣ бо фаъолони ноҳия

ШАҲРИСТОН. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»)  Дар толори Хонаи  фарҳанг мулоқоти раиси ноҳия Наим Набизода, сардори шуъбаи ноҳиявии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ  Муродалӣ Зиёваддинов ва сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ  дар ноҳия Муродалӣ Достиев бо фаъолон  баргузор шуд.  Дар  мулоқот масъалаҳои  пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои зиддидавлатӣ ва ҳизбҳои ифротгаро,  иштироки ҷавонон дар  амалиётҳои террористӣ  матраҳ гардида,  барои  пурзӯр намудани корҳои тарғиботӣ дар байни ҷавонон  тавсияҳо дода шуд.

 Терминали нави мусофирбарӣ   ба фаъолият оғоз кард

ТУРСУНЗОДА. (РаҳмоналӣҲАБИБОВ, «Садои мардум»)    Бинои нави Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи Терминали мусофирбари «Ваҳдат-2012» ба фаъолият оғоз кард. Терминали мусофирбарии шаҳри Турсунзода аз ҷониби соҳибкор ҳоҷӣ Носир Замонов ва бародаронаш бо маблағи 1 миллиону 100 ҳазор сомонӣ  сохта ва ба истифода дода шуд.

 Саҳмдорон бодиринг меғундоранд

ШАҲРИТУЗ. (Давлати СУЛТОН, «Садои мардум»)   Дар гармхонаи навбунёди хоҷагии  «Зумрад» -и  деҳоти  «Пахтаобод»  саҳмдорон  бодиринги серҳосили навъи «Парма Э-1» — ро  ҷамъоварӣ карда истодаанд.   Маҳсули дастранҷи онҳо имкон медиҳад, ки дар бозорҳои ноҳия нархи бодиринг  коҳиш ёбад. Тавре сарвари хоҷагӣ  Олимҷон Қурбонов зикр кард,  ин навъи бодиринг барои боду ҳавои аз гармӣ ба сардӣ пастфаромада басо мувофиқ аст. Саҳмдорони хоҷагӣ  боз ният доранд, ки   дар гармхонаи навбунёд парвариши помидор, қаламфури булғорӣ, ҷувории думбули навъи хитойиро, ки дар бозор харидорони зиёд дорад,  ба роҳ монанд.

 Қочоқбар ба даст  афтод

ИШКОШИМ. (Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»)  Дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаврӣ — ҷустуҷӯйӣ дар доираи амалиёти «Кӯкнор 2014» кормандони  Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  дар ҳудуди деҳаи Дашти ноҳияи Ишкошим  Исмоил Ҷонмамадов ном шахсро  бо  гумони даст доштанаш  ба интиқоли маводи мухаддир дастгир намуданд. Ҳангоми кофтуков аз халтаи дасти  ӯ  моддаи нашъаовари навъи ҳашиш бо  вазни холиси 22 килограмму 190 грамм дарёфт карда шуд. Оид ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

 Акмал Қодиров- чемпиони ҷаҳон

ИСТАРАВШАН. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»)   Акмал Қодиров  дар мусобиқаи ҷаҳонӣ  оид ба дастхобонӣ дар Ҷумҳурии Полша иштирок карда,   медали тиллоро  ба даст оварда, боиси баланд бардоштани Парчами Тоҷикистон  ва садо додани Суруди миллӣ гашт.

-Ин ғалаба дар чемпионати ҷаҳонӣ дар арафаи ҷашни 20-солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба даст омад, ки  он  туҳфаи  ман  барои Тоҷикистони азизам  мебошад,-  мегӯяд А.Қодиров.

Масъули гӯша Дилором ШЕРАЛИЕВА. Бо мо дар тамос бошед. Телефон:238-58-91.