Хабарҳо аз кишвар

№51 (3352) 08.04.2015

Тағйирот дар реҷаи кории Китобхонаи миллӣ

 ДУШАНБЕ. (АМИТ «Ховар»)  Дар партави дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон, ки   дар ҷаласаи  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон садо доданд,  ҷаласаи ҳайати Шӯрои илмиву методии Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор қабул  намуд, ки тибқи он аз 1 апрели соли равон реҷаи кории ин муассиса ба давраи тобистон мутобиқ гардонида,  соати кории кормандонаш то соати 2200 тамдид  ва рӯзи душанбе  рӯзи истироҳат эълон карда шуд.

Дар робита ба ин тағйирот  тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як автобус ҷудо шуд,    ки он барои хизматрасонии кормандон дар басти дуюм истифода мешавад.

 Собиқадорони ҷанг қадрдонӣ шуданд

ДУШАНБЕ. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум») Бо ташаббуси Шӯрои ҳамоҳангсозии Ташкилоти ҳамватанони россиягӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Конференсияи IХ ташкилоти фавқуззикр дар мавзӯи «Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ  -  асоси ҳамгироии АврОсиё» баргузор гардид.

Дар кори конференсия намояндагони ташкилоти мазкур дар шаҳру вилоятҳо, собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, иштирокчиёни ҷанги Афғонистон ширкат варзида, дар мавзӯи марбута суханронӣ карда, аз рӯзҳои мудҳиши ин ҷанги хонумонсӯз ҳикоя карданд. Сипас,  аз ҷониби иштирокдорони конференсия муроҷиатнома қабул карда шуд. Дар фарҷоми кори конференсия ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҷанговарони башардӯст туҳфаҳои хотиравии ташкилот супорида шуд.

 Таблиғи дастовардҳо ва арзишҳои миллӣ

КӮЛОБ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо сарварии Ҳақназар Ғоиб — мудири бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, муовини раиси Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилоят ба  ноҳияҳои Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Фархор сафар карда, бо ашхоси касбу кори гуногун як силсила вохӯрию суҳбатҳо баргузор намуданд. Мақсади гурӯҳи корӣ, ки ба ҳайати он масъулини соҳаҳои гуногуни минтақа шомиланд, тарғиби дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, таҳкими Ваҳдати миллӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасот  ва арзишҳои волои фарҳанги миллӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии шомилшавии ҷавонону ноболиғон ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва даст задани онҳо ба амалҳои номатлуб мебошад.  Аъзои гурӯҳ  мақсад доранд, ки дар ҳама шаҳру навоҳии минтақа чунин вохӯриҳоро баргузор намоянд.

    Санҷиши рафти азхудкунии Барномаи таълимӣ

НУРОБОД. (Диловари МИРЗО, «Садои мардум») Ҳафтаи сипаригардида шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод бо мақсади муайян намудани рафти азхудкунии Барномаи таълимӣ дар муассисаҳои таълимии  ноҳия санҷиши муқоисавӣ гузаронид. Санҷиш нишон дод, ки дар аксар мактабҳо кори таълиму тарбия хуб ба роҳ монда шудааст ва коллективи омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ барои ҷавобгӯйи талабот ба роҳ мондани кор чораву тадбирҳои зарурӣ андешидаанд. Дар ин ҷода метавон кори хуби маъмурият ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии №1,2,3,4,7,8,9, 18, 28,33-ро алоҳида зикр намуд. Онҳо тавонистаанд, ки барои аз худ намудани барнома усулҳои нави таълимро ба роҳ монанд ва саводи андӯхтаи шогирдонашон ба талаботи имрӯза ҷавобгӯй мебошад.

  Озмуни  осорхонаҳои мактабӣ

СУҒД. (Ҳусейни  НАЗРУЛЛО, «Садои мардум» )  Дар вилоят 78 осорхонаи мактабӣ фаъолият дорад, ки 12 адади онро осорхонаи «Шуҳрати ҷангӣ», «Шарафи ҷангӣ» ва «Ҷанги Бузурги Ватанӣ» ташкил мекунад. Тавре аз  хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд хабар доданд, бо мақсади баланд бардоштани мавқеи осорхонаҳои мактабӣ дар тарбияи маънавӣ, ватандӯстӣ, инкишофи худшиносӣ, ифтихори миллии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва ҷиҳати муҳайё намудани шароити мусоид барои нигоҳдорӣ ва намоиши бозёфтҳои нодир бо фармоиши сардори Раёсати маорифи вилоят озмуни вилоятии «Беҳтарин осорхонаи мактабӣ» эълон шуд. Озмун дар ду давр гузаронида шуда, даври хотимавии он дар арафаи ҷашни 70-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ҷамъбаст мегардад.

 Қасри фарҳанг бунёд мегардад

ҚӮРҒОНТЕППА. ( Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Бо иқдоми роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ин ҷо бинои муҳташаму ҳозиразамони Қасри фарҳанг бунёд мегардад. Ин имкон медиҳад, ки минбаъд барои гузаронидани чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, маҷлису тантанаҳо ва беҳтар кардани фаъолияти кормандони муассисаҳои фарҳангӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад.

Қасри нави фарҳанг дар кӯчаи Борбади маркази вилоят, дар шафати осорхонаи вилоятӣ, китобхонаи вилоятӣ ва маҷмааи фарҳангии Ҷалолиддини Румӣ сохта мешавад. Дар назар аст, ки дар ин бино ҳамчунин барои адибону рӯзноманигорон шароити зарурӣ барои эҷод муҳайё шавад.

 Бунёди кӯдакистони нав

ХУҶАНД. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Дар маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд сохтмони кӯдакистони нав идома дорад. Кӯдакистони мазкур дар заминаи бинои собиқ кӯдакистони Идораи таҷҳизоти гази шаҳри Хуҷанд, ки тайи 20 соли охир аз фаъолият монда буд, бунёд мегардад. Барои азнавсозии он беш аз чор миллион сомонӣ ҷудо шудааст. Кӯдакистони мазкур барои 400 нафар кӯдакон пешбинӣ шудааст ва он нимсолаи аввали соли равон мавриди истифода қарор мегирад.

Масъули гӯша Муҳаммад ЗОКИР. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91