Хабарҳо аз кишвар

№70 (3371) 21.05.2015

 Тақдими «Сабқати ғалаба» ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон

МАСТЧОҲ. (Абдувосит САЛИМЗОДА) Чанд рӯз қабл дар гузаргоҳи «Фотеҳобод»-и ноҳияи Мастчоҳ  маросими супурдани «Сабқати Ғалаба» аз ҷониби сарҳадбонони Тоҷикистон ба марзбонони Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид. Ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ва сардори маркази матбуоти Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Муҳаммад Улуғхоҷаев «Сабқати Ғалаба»-ро полковники Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон Фирӯз Абдураззоқов ба полковники Қӯшунҳои сарҳадии Ӯзбекистон Дмитрий Гордеев супорид.

Қобили таъкид аст, ки санаи 7 — уми май Ҷумҳурии Қирғизистон «Сабқати Ғалаба»-ро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда буд. Ба ифтихори ин маросим дар ноҳияҳои Мурғоб, Дарвоз, шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд  ва «Боғи дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе чорабиниҳои гуногуни ҳарбӣ — ватандӯстӣ баргузор шуда буданд.

 Рӯзи ҷавонон дар Хуҷанд

ХУҶАНД. (Абдувосит Салимзода) Дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти шиори «Ҷавонон — давомдиҳандагони аҳдофи олии кишвар» чорабиниҳо  идома дорад. Бино ба гуфти Маҳмудҷон Дадобоев — сухангӯйи раиси шаҳри Хуҷанд то ба имрӯз тибқи дастури узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода шанбегии умумишаҳрии ҷавонон барои  беҳдошти фазои экологӣ, мусобиқаҳои варзишии шоҳмот ва  футбол миёни корхонаву муассисаҳо ва маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Ҳамчунин дар доираи ин рӯзҳо «Рӯзи дарҳои кушода» дар қисмҳои низомӣ бо баргузории чорабиниҳои ватанпарастона таҳти унвони «Суруди сарбоз», аёдати ҷавонони маъюбу камбизоат ва имконияташон маҳдуд, ташкил ва гузаронидани Рӯзи «Дави миллӣ» зери унвони «Ҷавонон — ҷонибдори тарзи ҳаёти солим», намоиши ҳунарҳои дастии ҷавондухтарон ва  ихтироъкорон зери унвони «Ҷавонони эҷодкор» озмуни шаҳрии «Маликаи соли 2015» тарҳрезӣ шудааст.

Озмуни тарроҳон

ҚӮРҒОНТЕППА. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Бо иқдоми Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят бахшида ба «Соли оила»  озмуни вилоятии «Тарроҳи беҳтарин» гузаронида шуд.  Дар озмун тарроҳони беҳтарини 25 шаҳру ноҳияи вилоят иштирок намуда, намунаҳои зебою шинами либосҳои тоҷиконаи худро пешкаши ҳозирин гардониданд. Бо сабаби он ки ин нахустин чорабинии фарҳангии сатҳи вилоятӣ дар «Соли оила» маҳсуб меёфт, ҳакамони озмун ҳамаи иштирокдорони онро бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардониданд.

Туҳфаи арзандае, ки дар орзуяш буданд

ТОҶИКОБОД. (Диловари МИРЗО, «Садои мардум») Дар деҳаи Зарафшони деҳоти ба номи Мунаввар Шогадоев сохтмони бинои таълимӣ дар назди  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 барои 420 нафар хонанда ба истифода дода шуд.  Муассисаи таълимии мазкур аз ду ошёна, ҳашт синфхона ва се дафтари корӣ иборат буда, бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардидааст. Сохтмони бино аз ҳисоби Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон (БМИМТ) маблағгузорӣ ва аз ҷониби сохтмончиёни ҶДММ «Эделвейс» сохта шуд.

Муассисаи таълимии мазкур на танҳо барои мактаббачагон, балки барои тамоми мардуми деҳаи Зарафшон туҳфаи арзанда аст, зеро солҳои зиёд  сокинони маҳал дар орзуи мактаби замонавӣ буданд.

Фестивали ҳунарҳои бадеӣ — халқии «Бозори ҳунар»

КӮЛОБ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Тайи ду рӯз дар саҳни Маҷмааи 2700 — солагии шаҳри Кӯлоб зери унвони «Бозори ҳунар» фестивали байналмилалии ҳунарҳои бадеии халқӣ баргузор гардид. Корхонаҳо ва ҳунармандони алоҳида аз шаҳри Душанбе, шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон маҳсулоти истеҳсолкардаи худро ба намоиш ва фурӯш бароварданд. Сокинон аз маҳсулоти корхонаҳои ҳунарӣ, амсоли «Созтарош», «Ҳафтпайкар»-и шаҳри Душанбе, «Баҳор»-и шаҳри Хуҷанд, «Зари Кӯлоб»-и шаҳри Кӯлоб ва «Шаран»-и ноҳияи Роштқалъа харидорӣ намуданд.

- Имрӯз ноҳияи моро дар ин «Бозори ҳунар»  русзани чакандӯз Надежда Саидова муаррифӣ мекунад. Куртаи чаканро апаи Надежда аз куртае  нусхабардорӣ кардааст, ки беш аз 100 сол умр дорад,- гуфт дар суҳбат мудири шуъбаи фарҳанги ноҳияи Муъминобод С. Боқиева.

 Табрез соҳиби медали тилло ва квотаи президентӣ гардид

ШУҒНОН. (Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»)  Дар олимпиадаи фаннӣ байни хонандагони муассисаҳои  таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки дар шаҳри Душанбе гузаронида шуд, дастпарвари муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 18-и ноҳияи Шуғнон Табрез Давлатмамадов аз фанни таърих дар байни понздаҳ иштирокчӣ соҳиби медали тилло гардид. Табрез дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявии соли гузашта низ  иштирок намуда, соҳиби медали нуқра гардида буд. Вазири маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид барои дохил шудан ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба Табрез квотаи президентиро тақдим намуд.

 Рӯзи «Дави миллӣ»

ДУШАНБЕ. (Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»)  Кормандони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи «Дави миллӣ» фаъолона ширкат варзиданд. Қобили зикр аст, ки Рӯзи «Дави миллӣ» бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол якшанбеи сеюми моҳи май дар тамоми минтақаҳои кишварамон доир мегардад. Дар он шахсони синну сол ва касбу кори гуногун ширкат варзида, бо хоҳиши худ ба масофаҳои се, панҷ ва даҳ километр медаванд.

Имсол низ Рӯзи «Дави миллӣ» дар ҳамаи шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дар як вақт — соати 9-и субҳ оғоз ёфт. Рӯзи «Дави миллӣ» дар шаҳри Душанбе аз дидбонгоҳи Бозрасии давлатии автомобилии «Чорбоғ» шурӯъ шуда,  дар «Наврӯзгоҳи пойтахт» ба анҷом расид.

Масъули гӯша Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91