Хабарҳо аз кишвар

№103-104 (3404-3405) 01.08.2015

Пазиройии тоҷирони хитойӣ

 ДУШАНБЕ. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»)  Раиси  Палатаи  савдо  ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шариф  Саид ҳайати тоҷирони музофоти  Шэнсии  Ҷумҳурии Халқии Хитойро таҳти  роҳбарии  муовини  дабири  кулли Ҳукумати мардумии  музофоти  Шэнси  Баочун  Ху ба ҳузур пазируфт. Тарафҳо дурнамои ҳамкории дуҷонибаи умури бонкию  молиявӣ  ва татбиқи  лоиҳаҳои  муштараки  сармоягузориро   мавриди  муҳокима  қарор  доданд. Шариф  Саид дар ҷараёни мулоқот гуфт, ки рушди  соҳибкории  хурду  миёнаи  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  Ҷумҳурии Халқии Хитой барои расидан ба  ҳадафҳои  бамиёнгузоштаи  роҳбарони ҳар ду давлат,  яъне то  ба  се миллиард  доллари ИМА  расонидани  тиҷорати  байниҳамдигарӣ  мусоидат  мекунад.

Таваҷҷуҳи бештар ба қабули шаҳрвандон

ВОСЕЪ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба қабули шаҳрвандон, шунидани арзу шикоят ва дархости онҳо аҳамият ва таваҷҷуҳи хоса медиҳад.Чунончӣ, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби раиси ноҳия Мӯсо Ғафурзода ва муовинони ӯ 853 нафар шаҳрвандони арзу дархостдошта ба ҳузур пазируфта шуданд.Дар баробари ин, ба унвони раиси ноҳия 1934 муроҷиатҳои хаттии шаҳрвандон ворид шудааст, ки вобаста онҳо дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон» чораҳои амалӣ андешида шудаанд.

Соҳибкор се километр роҳро таъмир кард

ФАЙЗОБОД. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»)Бо ташаббуси соҳибкор Қаҳҳорбек Юсуфов ва дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия се километр роҳи маҳаллии деҳаи Заркамари деҳоти «Мискинобод» мумфарш карда шуд. Маблағи умумии корҳои таъмирию навсозӣ ду  миллион сомониро ташкил дод. Техника ва механизмҳои роҳсозӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия таъмин карда шуд.

  Эъмори иншоот дар ҳоли афзоиш аст

ФАРХОР. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Тӯли ҳафт моҳ дар ҳудуди ноҳия панҷ иншооти хурду бузург, аз ҷумла чойхонаи миллӣ барои 200 ҷойи нишаст, меҳмонхона барои 30 ҷой, барқароркунии шуъбаи таваллудхонаи беморхонаи марказӣ ба маблағи 13 миллион сомонӣ, се боғча барои бачагон дар деҳоти «Фархор», «Зафар» ва «Деҳқонариқ» барои 235 ҷой сохта, ба истифода дода шуданд.

Ёдовар шудан бамаврид аст, ки чойхонаи миллӣ ва меҳмонхона аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Анвариддин Шарифов ва шуъбаи таваллудхона бошад, бо кумаки Бонки Олмонии Рушд бунёд ва азнавсозӣ шудаанд.

Омодагӣ ба фасли зимистон ҷиддист

ИСФАРА. (Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум»)  Чанде пеш Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара баргузор шуд, ки дар он масъалаи омодагӣ ба зимистони солҳои 2015-2016 баррасӣ гардид. Гуфта шуд, ки то имрӯз дар муассисаҳои таълимии шаҳр 734 тонна ангишт, 126 метри кубӣ ҳезум захира шуда,  310 метри мураббаъ корҳои шишабандӣ ба иҷро расидааст. Дар муассисаҳои тандурустӣ бошад, 231 тонна ангиштсанг захира шудааст. Тибқи нақша бояд дар муассисаҳои таълимӣ 1357 тонна, муассисаҳои тиббӣ 435 тонна, фарҳанг 45 тонна ва шаҳраку деҳот 25 тонна ангиштсанг захира карда шавад.

Зиёд будани талабот ба афзоиши истеҳсолот боис шуд

ПАНҶ. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум») Кормандони корхонаи  парандапарварии ноҳия асосан ба истеҳсоли гӯшти парҳезӣ машғуланд. Маҳсулоти корхонаи мазкурро дар нуқтаҳои фурӯши ноҳия, шаҳрҳои Қӯрғонтеппаю Душанбе дидан мумкин аст. Айни ҳол дар корхона моҳе то 12 тонна гӯшти хушсифати парҳезӣ тайёр карда мешавад.  Роҳбарияти корхона талаботи аҳолиро ба назар гирифта, тасмим гирифтааст, ки дар оянда истеҳсоли ин намуди маҳсулотро боз ҳам афзунтар гардонанд.

Бунёди корхонаи коркарди шир

НУРОБОД (Диловари МИРЗО, «Садои мардум») Дар шаҳраки Дарбанди ноҳия сохтмони корхонаи коркарди шир оғоз ёфт. Корхона аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ  Файзалӣ Ҳоҷиев сохта мешавад. Мавсуф ба нақша гирифтааст, ки дар назди корхона фермаи парвариши чорворо  ба роҳ монад. Дар сурати ба кор даромадани корхона 20 нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор мегарданд.Чорвопарварон бошанд, метавонанд маҳсулоти худро дар асоси шартнома ба корхона супорида, мардуми маҳаллиро бо маҳсулоти босифати  ширӣ таъмин намоянд. Соҳибкор тасмим гирифтааст, ки то ҷашни Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаро ба истифода диҳад.

«Сайри харбуза» дар Суғд

ХУҶАНД. (Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум»)  Дар Маҷмааи таърихию фарҳангии Қалъаи Хуҷанд чорабинии «Сайри харбуза» баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ дар қатори сокинони маркази вилоят намояндагони Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Беларус, ки бо мақсади иштирок дар ярмаркаи минтақавии савдо «Суғд — 2015» ба вилояти Суғд ташриф овардаанд, иштирок намуданд.

Дар «Сайри харбуза» кишоварзони навоҳии Мастчоҳ, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва Истаравшан навъҳои гуногуни харбузаҳоро ба намоиш ва фурӯш гузоштанд.

Сохтмони иншоот  аз рӯи нақша ба итмом мерасанд

ҶИРГАТОЛ. (Диловари МИРЗО, «Садои мардум») Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар соли 2015 сохтмони зиёда аз 100 иншооти хурду бузургро ба нақша гирифта буд. Аз ин шумора то имрӯз сохтмони 24 иншоот ба охир расидааст. Дар шаҳраки Ваҳдат сохтмони се иншооти дуошёна, аз ҷумла сохтмони бинои Нозироти андози ноҳия, сохтмони бинои шуъбаи молия, лабораторияи байторӣ ва бинои истиқоматӣ барои афсарон идома доранд. Аксари ин сохтмонҳо дар арафаи таҷлили ҷашни Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба итмом мерасанд.

Масъули гӯша  Муҳаммад ЗОКИР. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91