Хабарҳо аз кишвар

№112 (3413) 21.08.2015

Ҷамъоварии ғалладонагиҳо идома дорад

ДУШАНБЕ. (Ш. АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум») Имрӯзҳо дар хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-и ҷумҳурӣ ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо муташаккилона идома дорад. Тавре аз шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд,  соли ҷорӣ дар майдони 324194 гектар кишти зироатҳои ғалладонагӣ гузаронида шудааст, ки то санаи 14 августи  соли 2015 майдони 272537 гектари он ҷамъоварӣ гардидааст. Ҳосили умумии ғалладонагиҳо 730957 тонна ва ҳосилнокӣ аз ҳар гектар 27,4 сентнериро ташкил медиҳад.

Нашъунамои хуби кишти такрорӣ

РӮДАКӢ. ( Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум») Дар ҳудуди деҳоти «Гулистон»-и ноҳия 743 гектар замини корам мавҷуд аст, ки аз он 659 гектараш обӣ ва 84 гектари боқимонда лалмӣ мебошад. Соли равон кишоварзони деҳоти мазкур баъди ҷамъоварии ҳосили гандум, картошка ва пиёзи барвақтӣ дар майдони 213 гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзиро, аз қабили сабзавот, картошка, мош, лӯбиё ва офтобпараст ба роҳ монда, заминҳои боқимондаро барои кишти тирамоҳӣ омода карданд. Айни ҳол нашъунамои кишти такрорӣ хуб буда, заминҳои киштшуда бо оби полезӣ таъминанд.

Саҳми агентӣ дар рушди соҳибкорӣ

КӮЛОБ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Кормандони Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар минтақаи Кӯлоб соли равон ҷиҳати самаранок истифода намудани маблағҳои барои фаъолияти соҳибкорӣ пешбинишуда  корҳои зиёдеро ба анҷом расониданд. Дар ин давра ба 208 нафар шаҳрвандон қарзҳои имтиёзнок дода шуд, ки 87 нафари онҳоро занҳо ташкил менамоянд. Ҳамчунин   аз ҷониби соҳибкорон 7 миллиону 435260 сомонӣ қарзҳо бозпас гардонида шуд. Маблағи мазкур дар навбати худ барои ба соҳибкорӣ рӯ овардани дигар шаҳрвандон дода мешавад.

Роҳҳои деҳот обод мегарданд

КОНИБОДОМ. (Ҳ. НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Дар доираи «Соли роҳҳои обод» дар маҳаллаҳо ва деҳоти шаҳр мумфаршкунӣ ва таъмиру таҷдиди роҳҳо идома дорад. Мувофиқи иттилои корманди масъули мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр Солеҳаҷон Ваҳҳобова сокинони деҳаи Патари деҳоти «Патар» бо роҳи ҳашар ва маблағгузории панҷ ҳазор нафар сокинони маҳалла 0,5 километр роҳи кӯчаи ба номи Навоиро мумфарш карданд.

Анҷомёбии корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ

КӮЛОБ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Бинокорон корҳои охиринро дар иншооти марбут ба ҷашнҳои дарпешистодаи 700- солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва 70- солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ тибқи нақшаю муҳлати пешбинишуда ба анҷом мерасонанд. Алҳол бинои нуҳошёнаи барои омӯзгорони мактаби президентӣ пешбинишуда барои истифода пурра омодааст. Ҳамчунин корҳои сохтмонӣ дар бинои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, ҳавзи болопӯшидаи шиноварӣ, мактаби милиса, бинои идораи андоз ва меҳмонхонаи нуҳошёна дар ҳоли анҷомёбӣ қарор доранд.

Таваҷҷуҳи хос ба нақши зан дар ҷомеа

 ШӮРООБОД. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Дар ин ноҳияи дурдасти кӯҳистон ба масъалаи нақши зан дар ҷомеа таваҷҷуҳи хоса дода мешавад. Имрӯз 13 нафар занҳо дар мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ, шаш нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, 13 нафар вакили деҳот, панҷ нафар директорони муассисаҳои таълимӣ ва 527 нафар ҳамчун сардори хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият доранд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои дастгирӣ ва татбиқи барномаҳои ба фаъолияти занон равонакардашуда маблағҳои заруриро ҷудо менамояд.

Эҳёи ҳунарҳои қадимаи миллӣ

ҒОНЧӢ. (Ҳ. НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Бо ташаббуси хоҷагии деҳқонии «Лолазор» дар деҳаи Лолазор корхонаи қолинбофию адрасбофӣ ба кор шурӯъ кард. Корхона дар чор ҳуҷраи бекорхобидаи Идораи хоҷагии ба номи Эркабой Умаров ташкил шудааст. Дар ин ҷо ду дастгоҳи адрасбофӣ, ду дастгоҳи атласбофӣ ва як дастгоҳи қолинбофӣ насб кардаанд. Ҳамчунин як сехи дӯзандагӣ бо чор таҷҳизоти замонавӣ фаъолият менамояд. Айни ҳол дар ин корхонаи навтаъсис 24 нафар занону духтарон ҳунарҳои қадимаи миллиро эҳё менамоянд.

Азми хуби саҳмдорон

СПИТАМЕН. (Ҳ. НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Саҳмдорони хоҷагии деҳқонии «Маърифат» аз аввали мавсим дар 90 гектар замин пахта, ғалла, юнучқа, макка  ва анвои дигари сабзавот кишт карда, ҳосили дилхоҳ ба даст оварданд. Деҳқонони хоҷагӣ аз майдони даҳгектараи ғалла 50 сентнерӣ аз ҳар гектар ҳосил бардоштаанд ва азм доранд, ки аз ҳар гектари майдони макка 600 сентнерӣ, мош даҳ  сентнерӣ, пахта 30 сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ намуда, 24- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор пешвоз гиранд.

 Истироҳати бофароғат дар «Насими кӯҳсор»

ВАРЗОБ. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум») Лагери истироҳатию фароғатии  «Насими кӯҳсор», воқеъ дар ноҳияи Варзоб, соли равон дар се баст фаъолият намуд. Дар басти сеюми он  зиёда аз 200 нафар кӯдакону наврасон аз шаҳрҳои Душанбе, Роғун, Норак, инчунин 12 нафар аз мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Шаҳринав ба истироҳат фаро гирифта шуданд. Дар рафти кушодашавии басти сеюм намояндагони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва волидайни кӯдакону наврасон иштирок доштанд.

Масъули гӯша Муҳаммад ЗОКИР. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91.