Хабарҳо аз Суғд

№133(3434) 06.10.2015

Гиромидошти забони давлатӣ

Мутобиқ ба нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Чкалов ва шаҳраки Палос Рӯзи ягонаи хониши сиёсӣ баргузор гардид. Дар он аъзои гурӯҳи тарғиботии вилоят – олими адабиётшинос Саидумрон Саидов, Акбар Акбаров, Мамнури Нурзод дар мавзӯи «Забони миллат – ҳастии миллат» суханронӣ намуданд. Дар ин мулоқотҳо аз ҷониби донишҷӯён ва хонандагон порчаҳои шеърӣ ҳамчун рамзи эҳтиром ба осори бузургони илму адаб қироат карда шуд.

ТАҚДИМИ ҶОИЗАҲО

Ба 15 нафар занони ҳунарманди шаҳр грантҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд супурда шуд. Грантҳо ба занони ҳунарманд дар чорабинии идона, ки бахшида ба «Рӯзи шаҳри Хуҷанд» дар саҳни театри ба номи Камоли Хуҷандӣ баргузор гардид,тақдим шуд.

Имсол низ барои панҷ нафар занони адрасу атласбоф, заргару гулпарвар ва дигар ҳунарҳои мардумӣ  панҷ ҳазор сомонӣ, барои панҷ нафар сӯзанидӯзу қолинбоф се ҳазор сомонӣ, ҳамчунин панҷ нафар дӯзандаю кешбоф ва йӯрмадӯзу қуроқдӯз се ҳазор сомонӣ грант супорида шуд.

муовини раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ва раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳузури иштирокдорони ин ҳамоиш ба бонувони ҳунарманд диплом ва маблағҳои грантиро ботантана супориданд.
Маблағи умумии гранти раиси шаҳри Хуҷанд 50 ҳазор сомонӣ буда, он аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд маблағгузорӣ шудааст.  Ҳамчунин дар ин рӯз  ба як қатор ходимони илмӣ ва адабӣ мукофоти ба номи Маҳастии Хуҷандӣ ва Раҳим Ҷалил тақдим гардид.

Мутобиқи таҳлил ва хулосаи созмондиҳандагони ин ҷоизаҳо мукофоти махсуси ба номи Маҳастии Хуҷандӣ ба профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Умеда Ғаффорова ва дар риштаи ҳунар ба рассоми шинохта, раиси шуъбаи суғдии Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Насиба Эшонова сазовор дониста шуданд. Ҷоизаҳои адабии ба номи Раҳим Ҷалил дар риштаи назм ба шоир Абдуфаттоҳ Кулолӣ, дар наср ба нависандагон Ғайрат Ҳаким, Усмонӣ Инъом Султонзод ва дар риштаи нақди адабию адабиётшиносӣ ба профессор, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Неъматҷон Файзуллоев муносиб дониста шуданд.

Барандагони ҷоизаҳо барои эҳтирому қадрдонии ҳамешагии меҳнату эҷоди онҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос карда, таъкид намуданд, ки минбаъд низ барои боло бурдани маърифату хештаншиносии мардуми диёр кӯшиши худро равона хоҳанд кард.

Фаъолияти «Суғдкабел» дар Қайроққум

Дар шаҳри Қайроққум бо иштироки раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ корхонаи нави саноатии ҶДММ «Суғдкабел» ба фаъолият шурӯъ кард.

Тибқи гуфтаи сарвари ин корхона Содиқбой Мирхолиқов корхонаи мазкур ашёи хом – мис ва рӯйпӯши ноқилҳоро аз Ҷумҳурии Исломии Эрон дастрас намуда, ба истеҳсоли навъҳои гуногуни  ноқилҳои барқӣ машғул хоҳад шуд. Ин аввалин коргоҳи кабелбарорӣ дар ҷумҳурӣ аст, ки бо миси хушсифат ноқилҳои пуриқтидорро истеҳсол менамояд. Айни замон дар ин корхона 12 нафар бо ҷойи кор таъмин шудаанд.

Ифтитоҳи хонаи саломатӣ  дар Паҳлавонқалъа

Бо иқдоми Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ва дастгирии молиявии соҳибкори маҳаллӣ дар деҳаи Паҳлавонқалъаи деҳоти ба номи Э. Шарипов хонаи саломатӣ сохта, ба истифода дода шуд. Хонаи саломатӣ аз ҳуҷраҳои алоҳидаи тиббӣ иборат буда, бо тарҳи зебову замонавӣ бунёд ёфтааст ва дар он асосан бақайдгирӣ, муоина ва эмкунии кӯдакон, занҳои ҳомиладор гузаронида мешавад. Қаблан дар ин деҳа бунгоҳи тиббӣ ва ё  маркази саломатӣ вуҷуд надошт. Акнун аз хизмати хонаи соломатӣ  921 нафар аҳолии деҳа истифода мебаранд.

 Абдувосит Салимзода, 

«Садои мардум»