Хабарҳо з кишвар

№63 (3209) 14.06.2014

Омодагиҳо ба таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ

ДУШАНБЕ. (Дилором ШЕРАЛИЕВА, «Садои мардум») Тибқи иттилои маркази матбуоти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати  омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Душанбе тасдиқ гардид. Бо қарори раиси  шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу бадеӣ доир намудани Рӯзи Ваҳдати миллӣ шуъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби беҳтарин санъаткорон дар чорабиниҳои идона вазифадор карда шуданд. Унсурҳои ороишии барқиву бадеӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти шаҳрвандонро мақомоти дахлдор амалӣ менамоянд.

 Бист иншоот бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ

ХОРУҒ. (Шоҳтолиб ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум») Бино ба иттилои шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар қаламрави вилоят беш аз 20 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад. Аз ҷумла дар деҳаи Қаракӯли ноҳияи Мурғоб бо маблағгузории Сафорати  Ҷумҳурии Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  навсозии беморхонаи минтақавӣ дар арафаи анҷомёбист. Ба ин кор бинокорони кооперативи истеҳсолии хоҷагии деҳқонии «Булункӯл» машғуланд. Бо ин мақсад зиёда аз 55 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шудааст. Ҳамчунин дар деҳаи Жорфи ноҳияи Дарвоз маркази саломатӣ мавриди истифода қарор дода мешавад. Ин иншоот дар заминаи ҳамкории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз ва Барномаи Инкишофи Иҷтимоии Манотиқи Кӯҳистони Бунёди Оғохон бо маблағи 280 ҳазор сомонӣ бунёд мегардад.

Вазъи таъмини оби ошомиданӣ беҳтар мегардад

КӮЛОБ. (Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум») Бо мақсади беҳтар намудани вазъи таъмини оби ошомидании сокинони шаш маҳаллаи навбунёди шаҳри Кӯлоб корҳои сохтмонӣ бо кумаку дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта, бомаром идома доранд. Мувофиқи нақша ин хати об беш аз шаш километрро ташкил намуда, иҷрои он ба зиммаи ҶДММ «Наврӯз»-и ноҳияи Данғара вогузор шудааст.

 Беш аз 110 гектар обёрӣ мешавад

РОҒУН. (Бурҳониддин КАРИМЗОДА, «Садои мардум») Дар деҳаи Қалъаи Нави деҳоти Қади Оби шаҳри Роғун насоси обкашии солҳо бекорхобида, ки иқтидораш ҳазор кубометр дар як соат аст,  аз нав барқарор гардид. Ҳамзамон ҳафтуним километр канале, ки аз солҳои 90-уми асри гузашта то ин дам бекор мехобид, тариқи ҳашар тоза ва мавриди истифода қарор гирифт. Акнун ба шарофати ба кор даромадани насоси обкашӣ, тавассути ин канал беш аз 110 гектар замини кишоварзӣ обёрӣ мешавад.

 Бинои нави ҶСП «Имон Интернешнл» дар Шаҳристон

ШАҲРИСТОН. (Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум») Дар маркази ноҳия маросими ифтитоҳи бинои нави маркази хизматрасонии ҶСП Ташкилоти Амонатии Қарзии Хурди «Имон Интернешнл» доир гардид. Дар он раиси ноҳия Наим Набизода, муовини директори генералии ҶСП «Имон Интернешнл» Баширхон Ёдгоров, менеҷери Департаменти рушди алоқа бо филиалҳо ва дастгирии тиҷоратӣ М.Пӯлотова,  меҳмонони зиёд аз шаҳру навоҳии Хуҷанд, Истаравшан, Ғончӣ, Зафаробод, фаъолони деҳаи Ободӣ ва мизоҷон иштирок доштанд. Бояд гуфт, ки ҶСП «Имон Интернешнл» дар ноҳияи Шаҳристон соли 2006 намояндагии худро ифтитоҳ намуда, дар зарфи ҳашт сол шумораи кормандони худро аз ду ба 32 нафар расонидааст.

 Нахустин маркази нави хусусии табобатӣ

ҚУБОДИЁН. (Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»)  Дар ноҳия бунёди нахустин маркази нави хусусии табобатӣ бомаром идома дорад. Барои бунёди он мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия замин ҷудо кардааст. Маблағгузорӣ ва бунёди онро соҳибкори маҳаллӣ Зайниддин Зарифов ба уҳда гирифтааст. Тибқи иттилои муовини раиси ноҳия Алиҷон Тоҷиев, алҳол корҳои сохтмонӣ дар ошёнаи охирини ин бинои сеқабата идома дорад. Марказ дорои дастгоҳҳои ҳозиразамони ташхисӣ  хоҳад  буд ва дар он 20 нафар мутахассисони варзидаи соҳаи тиб соҳиби ҷойи кор мегарданд.

 Ғолибони «Андалеб-2014» дар водии  Рашт

РАШТ. (Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум») Дар шаҳру ноҳияҳои водии Рашт даври якуми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2014» ҷамъбаст гардид. Барномаҳои ҳунарии ноҳияҳои Тоҷикобод, Ҷиргатол, Рашт, Тавилдара ва шаҳри Роғун ба талаботи низомномаи фестивал-озмун ҷавобгӯ буд. Тибқи хулосаи ҳайати ҳакамон аз шаҳру ноҳияҳои водии Рашт барномаҳои ҳунарии ноҳияҳои Тоҷикобод ва Рашт ба даври ҷамъбастӣ ҳамчун ғолиби даври якум роҳхат гирифтанд. Се барномаи беҳтарини дастаҳои ҳунарии шаҳри Роғун ҳам ба даври ҷамъбастӣ пешниҳод гардид.

 Корҷӯён бо кор таъмин мешаванд

ТАВИЛДАРА. (Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум») Бо мақсади бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ ва ба омӯзиши касбҳои гуногун фаро гирифтани нафарони бекасб дар ноҳияи Тавилдара ярмаркаи ҷойҳои холии кор баргузор гардид. Дар чорабинӣ 15 ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия ширкат намуда, ба корҷӯён 40 ҷойи кори озодро пешниҳод карданд. Мувофиқи иттилои шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Тавилдара дар ин чорабинӣ 200 нафар сокинони ноҳия ширкат намуда, дар маҷмӯъ ба 24 нафар корҷӯ роҳхат ба ҷойи кор ва ба 13 нафар роҳхат барои касбомӯзӣ дода шуд.

 Суҳбати судманди маърифатӣ

ХУҶАНД. (Мухтори АБДУЛЛО, «Садои мардум») Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳангии бонувон дар китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ дар мавзӯи «Ҷиноятсодиршавӣ дар байни занҳо» бо иштироки судяи Суди вилояти Суғд Мавлуда Мирзоева суҳбати судманд доир гашт.

Директори китобхона Мунаввара Дамонова зимни суханронӣ аз бетарафии шаҳрвандон нисбат ба ҷиноятсодиркунӣ изҳори нигаронӣ кард. Сабабҳои афзоиши шумора ва навъҳои содиркунии ҷиноят аз тарафи занҳо, асосан дар паст будани сатҳи маърифати ҳуқуқии бонувон арзёбӣ гардида, таъкид шуд, ки бояд ҳама якҷоя бар зидди ин падидаи номатлуб мубориза  баранд.

Масъули гӯша Миҷгона МИРЗОЕВА. Бо мо дар тамос бошед. Телефон: 238-58-91.