Ҳар сол Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳтарин эҷодкорони ҷавон дар соҳаҳои адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ ва барномасозӣ озмун эълон мекунад. Ҳадаф аз баргузории ин озмун муайян намудани ҷавонони боистеъдоду эҷодкор ва дастгирии моддию маънавии онон мебошад.
Чанде пеш озмуни Кумита дар соли 2016 ҷамъбаст шуд ва ғолибон эълон гардиданд. Ҳайати ҳакамон дар соҳаи рӯзноманигорӣ Бахтовар Каримов (сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон»), Шариф Атобуллоев (хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум»), Исматуллои Ҳабибулло (телевизиони «Баҳористон»), Муллораҷаб Юсуфӣ (ҳафтаномаи «Нигоҳ») ва Фарзонаи Умаралиро (ҳафтаномаи «Самак») ғолиби озмун донистанд.
Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ба ғолибони озмун диплому мукофотҳои таъсиснамудаи Кумитаро тақдим намуда, чунин иброз дошт: — Чун Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон карданд, шумо – ҷавонони донишманду соҳибкасб имсол бо неруи бузург ва созандаи худ ҳар чӣ бештар баҳри пешрафти ин сарзамин саҳм гузошта метавонед.
Боиси ифтихор аст, ки миёни ҷоизадорон ходими ҷавони шуъбаи иқтисодиёт ва иҷтимоиёти рӯзномаи «Садои мардум» Шариф Атобуллоев низ ҳаст. Шариф ҷавони пухтакору сермаҳсул буда, як қатор навиштаҳояш, аз қабили «Соҳибистиқлолӣ ва нишоне аз фарҳанги оламгир», «Меъмори рамзҳои давлатдорӣ». «Иқтидоре, ки пурра истифода намешавад, ё об дар кӯзаву мо ташналабон мегардем», «Тоҷикистон кишвари ганҷҳост, аммо соҳаи заршӯйӣ чаро ривоҷ намеёбад?», «Аз Чилдухтарон то Чилучорчашма» ва ғайра аз ҷониби хонандагони зиёд ҳамовозӣ пайдо кардаанд.
Мо ҳамкори худро ба ғолибият табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи эҷодияш комёбиҳо таманно мекунем.
С. Сайфиддин, «Садои мардум»