Роҷеъ ба ин масъала сардори шуъбаи Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исҳоқ Шарифзода андешаҳояшро чунин иброз кард:
- Мушоҳида мегардад, ки баъзе ҷавонон ба давлатҳои хориҷи кишвар Осиё ва Аврупо, бахусус Федератсияи Россия, сафар карда, бо тафаккур ва ҷаҳонбинии ифротӣ, хурофотпарастӣ ба Ватан бармегарданд. Дар ҳамин радиф муҳоҷирони тоҷик оид ба дастовардҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистон дар солҳои охир ахбори дуруст нагирифта, ба ҷои он дар бораи масъалаҳои гуногуни хурофотӣ маълумоти бардурӯғ мегиранд (масалан дар бораи бастани масҷидҳо, манъ кардани сатру риш ва намозхонии наврасон), ки ин ҳама боиси дар замири онҳо пайдо гардидани бадбинӣ нисбат ба Тоҷикистон мегардад. Аз сабаби он ки саводи динӣ, сиёсӣ надоранд, тезтар ба доми фиреби мубаллиғони ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ меафтанд.
Ҷаҳони муосир ҷаҳони пуртазод ва мураккаб буда, бештар оташ гирифтани низоъҳои мусаллаҳона, амалҳои террористӣ, аз ҷумла ҷавонони «шаҳодатталаб», ҷомеаи ҷаҳониро нигарон сохтааст. Мутаассифона, дар аксари кишварҳои ҷаҳон ихтилофҳои динию мазҳабӣ, қавмию сиёсӣ шакли мусаллаҳона гирифта, бо шеваи бераҳмона ва зиддибашарӣ идома доранд. Истифодаи неруи ҷавонон дар амалӣ намудани ақида ва ғояҳои хатарноки ифротӣ нишонаи костагӣ дар устувории мафкуравӣ ва ғоявии онҳо буда, рафъи ин ҳолат ҳамбастагии фаъолияти тамоми ниҳодҳои қудратӣ ва сиёсиро тақозо менамояд. Таҳлил нишон медиҳад, ки соли ҷорӣ содиршавии ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта аз ҷониби ҷавонон нисбат ба солҳои қаблӣ кам ба чашм мерасад.
Яке аз роҳҳои бехатарии ҷалби ҷавонон бо усули маҷозӣ (вертуалӣ), бо истифода аз телефонҳои мобилӣ ҳушманд ба ҳисоб меравад, яъне мубаллиғ дар хориҷи кишвар нишаста аз дохили ҷумҳурӣ бо бурдани ташвиқоти вертуалӣ ҷавононро ҷалб месозад. Аксари шаҳрвандон ба воситаи Интернет ба ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ моил шуда, аз телефонҳои мобилии пуриқтидор ва барномаҳои месенҷерии «Вайбер», «Ватсап», «Телеграм», «Инстаграм», «Ютуб», «Фейсбук» ва ба монанди инҳо хеле васеъ истифода мебаранд. Ба ин восита гуфтугӯи телефонӣ, равон сохтани ахбори матнӣ, видео ва аудио имконпазир мебошад. Ҷалбкунандагон аз камтаҷрибагии ҷавонон истифода бурда, онҳоро ба воситаи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ба таври мунтазам ба гурӯҳҳои ифротӣ ва ташкилотҳои террористӣ ҷалб менамоянд.
Таъсиси даҳҳо шабакаҳои иттилоотию иҷтимоии фаромиллӣ василаи осон ва арзони муоширати аксарият муштариён қарор гирифтааст, ки миллионҳо нафар ба ин васила бо ҳамдигар муошират намуда, гурӯҳҳои махфии худро таъсис ва фаъол намудаанд. Ҷараёни равияҳои ифротӣ аз технологияиҳои муосир васеъ истифода мебаранд, ки ин боиси дар сафи аввали мубориза қарор доштани онҳо мебошанд. Таҷриба нишон медиҳад, ки қисми зиёди шаҳрвандони мо маҳз, тавассути иттилооти интернетӣ ва даъвати миссионерҳои хоин ҷалб гардидаанд.
Тибқи ҳисоботи оморӣ, аз оғози соли ҷорӣ то ба имрӯз аз ҳисоби хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 нафар наврасу ҷавон ба сафи ТЭТ ҷалб ва шомил шудаанд. Аз ин миқдор панҷ нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва панҷ нафари дигарашон донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар мебошанд. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар муқоиса бо соли 2022 аз тарафи хонандагону донишҷӯён содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта ба маротиб кам шудааст. Агар дар соли 2022-юм 21 ҷиноят содир шуда бошад, пас дар 9 моҳи соли 2023-юм 10 ҳолат ба қайд гирифта шудааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ниҳодҳои қудратӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ташкилотҳо дар ин раванд саҳми ночизе доранд. Ҷавонон, ба ҷойи он ки рӯ ба китобхонӣ оваранд, беҳтар медонанд, ки барои машварат ба диндорони ба назарашон обрӯманд муроҷиат кунанд, бахусус дар маҳалҳо ва деҳаҳо, ки мардум аксаран ба муллоҳои мардумӣ такя мекунанд.
Хушбахтона, дар масъалаи баланд бардоштани тафаккури ҷавонон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати худ вобаста ба ҷинояткорӣ тамоми тадбирҳои заруриро бо таҳия кардани нақшаю стратегияҳо, қонунҳою барномаҳо роҳандозӣ карда, марҳила ба марҳила дар амал татбиқ карда истодааст.
Фархунда АБДУЛҲАКИМОВА,
«Садои мардум»