Хатлон. Ҳалокати 10 нафар ҳангоми оббозӣ

№58 (4008) 16.07.2019

ГаркДар 6 моҳи соли равон дар кӯлу дарё ва рӯдхонаҳои вилояти Хатлон 10 нафар ҳангоми оббозӣ ғарқ шудаанд, ки  6 нафарашон ноболиғ мебошанд.

- Гарчанд ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳолат кам бошад ҳам, вазъ ташвишовар боқӣ мемонад, — мегӯяд сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон Муродҷон Муҳиддинов.

Сабаби ғарқшавии сокинони вилоят дар кӯлу дарёҳо ин беназорат мондани кӯдакони ноболиғ аз тарафи волидайн ва риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ба шумор меравад. Баҳри рафъи ин мушкилот аз тарафи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд.

Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»