Аз фаъолияти Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ

Хатлон. Аз 931 ёдгории таърихӣ 26 адад сертификати ҳуқуқи истифодаи замин дорад

№85 (4191) 14.07.2020

Чанде пеш дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон даъвати шашум баргузор гардид, ки дар он «Рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 16 декаб­ри соли 2016, №257 «Оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, №776 «Дар бораи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 – 2020» дар шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту муассисаҳои вилоят», «Амалишавии қарори раиси вилояти Хатлон аз 27 январи соли 2012, №15 «Доир ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2011, №557 «Дар бораи Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар робита ба масъалаи аввал  муовини раиси вилоят Абдуалим Исмоилзода зикр кард, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят бо мақсади амалигардонии бандҳои стратегияи номбурда нақша – чорабиниҳоро иборат аз 11 банд таҳия намуда, барои корбарӣ ба ташкилоту муассисаҳои шаҳру ноҳияҳо фиристод.

- Барои ба Ватан баргардонидани ҷавонону наврасоне, ки дар донишкадаҳои динии хориҷи кишвар ғайрирасмӣ таҳсил менамоянд, нақшаи чорабиниҳои муштарак таҳия гардидааст ва тибқи он, бо падару модарони онҳо мунтазам суҳбат гузаронида мешавад. Дар натиҷаи тадбирҳои андешида то 30 майи соли 2020 аз 1863 ҷавоне, ки солҳои пеш дар донишкадаҳои динии хориҷи кишвар ғайрирасмӣ таҳсил мекарданд, 42 нафар боқӣ мондаанд. Дар ин самт саҳми кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ назаррас мебошад. Дар давраи амали стратегия 123 толибилм ба ҷойи зисти доимиашон баргардонида, ба корҳои муфиди ҷамъиятӣ ҷалб карда шуданд, -  гуфт А. Исмоилзода.

Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзнома  муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ гузориш дод. Ӯ иброз намуд, ки дар давраи татбиқи «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» шумораи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва монументалӣ дар вилоят 931 адад — 721 ёдгории бостонӣ, 124 ёдгории меъморӣ, 86 ёдгории монументалӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар давраи амали барнома «Қалъаи Балҷувон», мақбараи Хоҷа Аюби Ансорӣ, оромгоҳҳои Шоҳ Неъматуллои Зарробӣ, Хоҷа Қутбиддини Нишопурӣ, Ҳоҷӣ Яъқуби Сичиёнӣ (воқеъ дар ноҳияи Балҷувон), ёдгориҳои таърихии «Лағмонқалъа» (ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ), «Сангтӯда-1», «Чашмаи Қазған» ва мамнӯъгоҳи Султон Увайси Қарайнӣ (ноҳияи Ховалинг) таъмир шуданд.

Фирӯза Шарифӣ, ҳамчунин, қайд намуд, ки надоштани сертификати ҳуқуқи истифодаи замин аз мушкилоти асосӣ ба ҳисоб меравад. Дар давоми ҳашт соли амали барнома аз 931 ёдгории таърихию фарҳангӣ 26 адади он бо сертификати ҳуқуқи истифодаи замин таъмин шудааст.

Сулаймон СУЛТОНОВ, «Садои мардум»