Хатлон. Буҷети соли 2024 тасдиқ шуд

№ 27.12.2023

414600055_1916123248790146_981361742633623091_nТаҳти раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид 25 декабри соли равон иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум баргузор гардид.

Дар оғоз Давлаталӣ Саид қайд кард, ки тайи ёздаҳ моҳи соли 2023 иҷрои нақшаи андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар вилоят ба андозаи 104,1 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 2 миллиарду 163,2 миллион сомонӣ ворид карда шуд.

Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бо назардошти маблағҳои мақсаднок аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ 103 фоиз таъмин шуда, ба буҷет 2 миллиарду 696 миллион сомонӣ ворид гардидааст.

Дар 11 моҳи соли ҳисоботӣ ҳаҷми гардиши мол дар тамоми соҳаи савдо ба 12,9 миллиард сомонӣ баробар шуда, хизматрасонии пулакӣ — 2,3 миллиард сомониро ташкил дод.

Зикр шуд, ки дар Минтақаҳои озоди иқтисодии «Данғара», «Панҷ» ва «Кӯлоб» 54 субъект ба қайд гирифта шудааст, ки дар 11 моҳи соли 2023 аз ҷониби субъектҳои мазкур ба маблағи зиёда аз 97 миллиону 585 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида, 453 нафар шаҳрвандони вилоят бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Айни замон, дар вилояти Хатлон 45 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ татбиқ гардида истодааст, ки дар доираи онҳо аз оғози татбиқ дар ҳудуди вилоят зиёда аз 957 миллион доллар маблағ барои хариди мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, обёрӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, энергетика, нақлиёт, экология, ҳодисаҳои фавқулодда ва сайёҳӣ равона гардидааст. Татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои мухталиф идома дода мешаванд.

Таъкид гардид, ки Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025 бо қарори Маҷлиси вакилони халқи вилоят тасдиқ гардидааст, аз 368 лоиҳа ба маблағи 8,5 миллиард сомонӣ иборат мебошад. То ин дам 140 адади он ба маблағи 3 миллиарду 890,5 миллион сомонӣ иҷро шуда, дар 91 лоиҳаи дигар корҳо идома доранд.

Пахтакорӣ яке аз самтҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ ба шумор рафта, тибқи маълумотҳои фаврӣ, ба ҳолати 1 декабри соли ҷорӣ аз ҷониби хоҷагиҳои пахтакори вилоят 287 ҳазору 920 тонна пахта ҷамъоварӣ гардида, дурнамои истеҳсоли пахта 100 фоиз таъмин карда шуд.

Саноатчиёни вилоят якҷо бо бахши хусусӣ дар ҳаҷми 10,4 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол кардаанд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли қаблӣ 931,6 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

414664357_1916122742123530_2641580397710702455_nДар ин давра дар вилоят 115 коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Бахшида ба таҷлили ҷашнӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят 6260 адад иншооти гуногуни истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар соли 2023 бунёд ва сохтмони 1367 адад бинову иншооти гуногун ба нақша гирифта шуда, то 1 декабри соли равон корҳо дар 1188 адад иншооти ҷашнӣ ба итмом расида, ба истифода дода шуданд.

Дар 11 моҳи соли 2023, сохтмон ва таъмири асосии 35 адад иншоотҳои соҳаи тандурустӣ ба маблағи зиёда аз 27,4 миллион сомонӣ ба анҷом расонида шуд.

Дар давоми се сол ба 63 нафар занони соҳибкори вилоят ба маблағи 750000 сомонӣ гранти раиси вилоят ҷудо гардида, барои рушди фаъолияти соҳибкории занон ба ғолибони озмун дастрас шудааст.

Сардори Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҳабибулло Иззатуллозода зикр намуд, ки қисми даромаду хароҷоти Лоиҳаи буҷети вилояти Хатлон барои соли 2024 дар ҳаҷми 3 миллиарду 314,9 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Аз ин миқдор афзоиши қисми даромад ба андозаи 16,5 миллион сомонӣ ва қисми хароҷот 20,1 миллион сомониро дар бар мегирад. Лоиҳаи буҷети соли 2024 аз ҳисоби даромадҳои худӣ 2 миллиарду 220 миллион сомонӣ, аз ҳисоби мусоидати молиявӣ 1 миллиарду 68,3 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби касри буҷет ба андозаи 26,5 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»