Хатлон. Фаъолияти шашмоҳа натиҷагирӣ шуд

№93 (4676) 19.07.2023

Ҷамъбасти 6 моҳаи вилояти Хатлон11-уми июли соли равон дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои ­иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар нимаи якуми соли 2023 баргузор гардид.

Дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ иштирок намуданд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни суханронӣ қайд кард, ки дар нимаи якуми соли ҷорӣ нишондиҳандаҳои кӯтоҳмуҳлати рушди минтақавии вилояти Хатлон ба 13 миллиарду 867 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба 6 моҳи соли гузашта 8,2 фоиз ё 1 миллиарду 137,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Ҳиссаи вилоят дар нишондиҳандаҳои кӯтоҳмуҳлати рушди минтақавии ҷумҳурӣ 25,6 фисадро ташкил медиҳад.

Сипас, муовини раиси вилоят Заробиддин Файзуллозода рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоятро таҳлил карда, муфассал гузориш дод. Қайд гардид, ки нақшаи андозҳо, дар умум, бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар 6 моҳи аввали соли 2023 дар маҷмӯъ 102,7 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 1 миллиарду 127 миллион сомонӣ маблағ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 29,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла, нақшаи андоз 102,7 фисад таъмин гардида, ба буҷети вилоят 944,2 миллион сомонӣ ворид гардид. Нақшаи андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ низ 102,3 дарсад таъмин шуда, ба буҷет 182,8 миллион сомонӣ ворид гардид, ки аз нақша 4,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

 Ба соҳаҳои буҷетии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 1 миллиарду 306,6 миллион сомонӣ маблағгузорӣ гардида, 1 миллиарду 155,4 миллион сомонӣ ё 88,4 фоизи маблағҳои буҷетӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона карда шудааст.

Дар вилоят татбиқи 368 лоиҳа ба маблағи 8,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардида, то 31-уми декабри соли 2022 дар доираи тадбирҳои андешидашуда 131 лоиҳа ба маблағи 3,6 миллиард сомонӣ иҷро шуд. Дар 95 лоиҳаи дигар корҳо идома доранд.

Бонкҳои вилоят ба соҳаҳои иқтисодӣ 1 миллиарду 855,8 миллион сомонӣ қарз ҷудо намуданд, ки ин нишондод дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2022-юм 528,3 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар самти содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар тадбирҳои судманд андешида шуда, то 2-юми июли соли ҷорӣ танҳо ба воситаи гумруки вилояти Хатлон 7430 тонна маҳсулот содирот шудааст. Маҳсулот, асосан ба давлатҳои Қазоқистон, Покис­тон, Афғонистон, Россия, Туркия ва Беларус содирот шудааст.

Гардиши мол дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 116,9 фоиз ё ин ки 904,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра гардиши савдои хориҷӣ ба 226,4 миллион доллари ИМА расидааст.

Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 11 миллиарду 953 миллиону 703,5 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 675 миллиону 159,2 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ҳиссаи бахши аҳолӣ дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 44 фоиз ва дар бахши ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 56 дарсад мебошад.

Мувофиқи маълумоти расмӣ то 1-уми июли соли равон дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 53,8 гектар гармхонаҳои доимоамалкунанда ва кишти сабзавоти барвақтӣ гузаронида шуда, аз ин ҳисоб 18 ҳазору 494 тонна сабзавот, аз ҷумла, помидор — 853,1, бодиринг — 371,7, дигар намуди сабзавот 621,5 тонна истеҳсол ва дар бозорҳои дохилӣ ба фурӯш бароварда шуд.

Дар доираи имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба соҳаи моҳипарварӣ диққати махсус зоҳир шуда, шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ ба 315 адад расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 39 адад зиёд мебошад. Ба ин хоҷагиҳо масоҳати умумии 2346,4 гектар кӯлу ҳавзҳо вобаста гардида, то 1-уми июли соли равон аз ин ҳисоб 930,6 тонна моҳӣ истеҳсол гардид.

Заробиддин Файзуллозода қайд кард, ки давоми шаш моҳи сипаригардида дар вилояти Хатлон ба маблағи 4 миллиарду 788 миллиону 722 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 473,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар вилоят 209 навъи маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардида, дар давраи ҳисоботӣ истеҳсоли 23 намуди маҳсулоти саноатӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ин давра дар ҳудуди вилоят коргоҳу корхонаҳои саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки аллакай онҳо ба маблағи 31,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд.

Дар ҷаласа, ҳамчунин раисони шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб ва Муъминобод доир ба натиҷаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои хеш дар зарфи шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ҳисобот доданд.

Дар фарҷом раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид доир ба ислоҳи камбудиҳо дар самти рушди соҳаи саноат, фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ, талафоти барқ ва сари вақт ҷамъоварӣ намудани маблағи истифодаи он ба раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»