Ба «Садои мардум» ҷавоб омад

«Хатлон. Таҳдиди малах ба рӯзии мардум дар 70 ҳазор гектар замин»

№81 (4501) 02.07.2022

Мақолаи рӯзноманигор Сулаймон Султонов «Хатлон. Таҳдиди малах ба рӯзии мардум дар 70 ҳазор гектар замин», ки дар рӯзномаи «Садои мардум» 28 майи соли 2022 таҳти №64 (4484) ба нашр расидааст, дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бояд зикр кард, ки дар 34 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ майдони паҳнгаштаи малах ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 17 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон мебошад. Мувофиқи мушоҳидаҳои тобистона ва тирамоҳии мутахассисони Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, соли 2021 дар майдони 123 240 гектар замин (аз он  дар вилояти Хатлон майдони 69 392 гектар) тухмгузории малахи марокашӣ муайян ва гузаронидани коркарди кимиёвӣ ба нақша гирифта шудааст. Мувофиқи меъёрҳо, барои гузаронидани коркарди кимиёвии мубориза бар зидди малах дар майдони ба нақшагирифташуда дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 37 ҳазор литр заҳрдору  зарур аст, ки аз он дар вилояти Хатлон 21 ҳазор литр рост меояд. Соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ барои харидории 16,5 ҳазор литр заҳрдору маблағ ҷудо гардид, ки 44,5 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Тибқи маълумотҳо, то 6 июни соли 2022 дар вилояти Хатлон дар майдони 73798 гектар замин бар зидди малах коркарди кимиёвӣ гузаронида шудааст. То ҳол малах ба зироатҳои кишоварзӣ зарар нарасонидааст.

Зикр кардан бамаврид аст, ки ҳар сол бо мақсади пешгирии саривақтии паҳншавии ҳашароти зараррасон ва малах, инчунин зарароварии онҳо ба зироатҳои кишоварзӣ, боғу токзор  ва чарогоҳҳо ситодҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳру ноҳиявӣ ташкил мегарданд, ки дар он Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, хоҷагии ҷангал, Клуби миллии ҳавопаймоии Кумитаи марказии ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, заминистифодабарандагон ва намояндагони онҳо иштирок намуда, вобаста ба ҳалли масъала вазифадор карда мешаванд.

Зимнан, Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии саривақтии паҳншавии малах ва зарароварии он ба зироатҳои кишоварзӣ, боғу ток ва чарогоҳҳо ҳама чораи заруриро андешида истодааст.

М. МИРЗОЗОДА,

муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон