Хизмат ба Ватан қарзи фарзандии мост

№ 03.10.2023

HISORБаъди ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» таҳти №621 аз 31 августи соли 2023, сафарбарнамоии ҷавонони синну соли даъватӣ ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар рӯзи аввали маърака 60 фоиз таъмин гардид.  

Бо ин мақсад субҳи якуми октябри соли равон ба хотири гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри фарҳанги шаҳри Ҳисор ҷамъомади тантанавӣ доир гардид, ки дар он масъулини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, кормандони Комиссариати ҳарбии шаҳр, раисони шаҳраку деҳот, Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, Бахши кор бо занон ва оила, Шуъбаи маориф ва дигар ташкилоту муассисаҳо, собиқадорони меҳнат, ҷанговарони башардӯст, падару модарон ва дигар шахсони маъруфи шаҳри Ҳисор иштирок доштанд.

Зимни ҷамъомад раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар ва комиссари Комиссариати ҳарбии шаҳр подполковники артиш Беҳрӯз Файззода наваскаронро барои роҳ ёфтан ба мактаби ҷасорату мардонагӣ табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки онҳо дар ҳифзи марзу буми Ватани азизамон таманниёти нек изҳор намуданд. Таъкид шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам сохтани шароити созгор барои сарбозону афсарони шуҷоъи Ватан пайваста тадбирҳои судманд меандешанд. Сол аз сол зиёд гардидани шумораи ҷавононе, ки ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мераванд, худ далели ҳамин гуфтаҳост.

-Дар миёни навдаъватшудагон беш аз 45 нафар ҷавон, фарзандони хизматчиёни давлатӣ, хатмкардагони донишгоҳу донишкадаҳо ва дигар масъулон буда, онҳо бо хоҳиши худ ба хизмат мераванд, — иброз дошт раиси шаҳр.

Сипас раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар ба 180 нафар ҷавонон, ки 150 нафар бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва 30 нафар бо маблағгузории Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби ронандагии ДОСААФ-ро хатм намуданд, шаҳодатномаи ҳуқуқи ронандагиро супорид.

 Муҳаммад ЗОКИР,

  «Садои мардум»