Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо усули «хона ба хона» вохӯриҳои судманд анҷом дода истодаанд.
Масъулин ба ғайр аз самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ бо сокинон дар хусуси риояи анъанаҳои накуи аҷдодӣ, либоспӯшии миллӣ, ободониву созандагӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суҳбат доир намуданд.
Ҳангоми боздид аз хонаҳои сокинони деҳаи Мортеппаи шаҳри Ҳисор аён гашт, ки сокинони маҳаллӣ барои ба даст овардани ҳосили такрорӣ талош доранд.
Сокинон қайд намуданд, ки маҳсулоти кишоварзиро дар замини наздиҳавлигиашон кишт карда, баъд аз қонеъ намудани эҳтиёҷоти хонавода боқимондаашро ба бозор мебароранд.
Маълум гардид, ки хонаводаҳо аллакай аз олучаву гелос, олую шафтолу, қулфинай консерва омода карда, барои зимистон захира намудаанд.
Сайидо НАЗАРОВ,
«Садои мардум»