Хуҷанд дар ҷодаи созандагӣ ва бунёдкорӣ

№№ 137-138 (3438-3439) 17.10.2015

ЭххсонДар доираи таҷлили Рӯзи шаҳри Хуҷанд, ки нахустин бор 26 сентябри соли равон ҷашн гирифта шуд, дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ конфронси илмӣ — амалӣ дар мавзӯи «Хуҷандшаҳр дар ҷодаи созандагӣ ва бунёдкорӣ» доир гардид.

Дар конфронс  муовини раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода суханронӣ намуданд. Қабл аз оғози конфронс меҳмонон бо дастовардҳои устодону донишҷӯёни ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ошно шуданд. Дар конфронси илмӣ — амалӣ ҳамчунин ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ академик Носирҷон Салимов, мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Амиршо Раҳимов, директори филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара Исмонхӯҷа Негматуллоев, намояндаҳои бародаршаҳри Хуҷанд — шаҳри Могилеви Ҷумҳурии  Беларус Александр Вераксо, Андрей Кибалов, Петр Алексейчиков, шаҳри Ош — Замир Юсупов, Жаннат Эргашбаева, Аскаралӣ Мирмахмедов, адибон, олимон аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят, кормандони воситаҳои ахбори омма ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Конфронсро директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ Дилафрӯз Сангинова ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо ин  санаи таърихӣ  муборакбод гуфт.

Сипас, раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар мавзӯи «Хуҷанд дар уфуқҳои тозаи рушду нумӯъ» маърӯза намуд.

Муовини раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ паёми табрикии раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Абдураҳмон Қодириро ба самъи ҳозирин расонид.

Оид ба «Мақоми Хуҷанд дар таърих ва тамаддуни халқи тоҷик» профессор Назирҷон Турсунов маърӯзаи муфассали илмӣ кард. Номбурда доир ба саҳифаҳои муҳими таърихи Хуҷанди куҳан, осори тамаддуни ин шаҳр маълумот дод.

Раиси Шӯрои уламои дини вилоят, номзади илми филологӣ Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода оид ба «Васфи Хуҷанд дар каломи аҳли маърифат» маърӯза кард.

Таърихшинос Ҷӯрабек Исомаддинов зимни қироати маърӯза дар мавзӯи  «Хуҷанд – маркази ҳунарҳои мардумӣ» аз  таърихи ҳунармандони шаҳр ва рушди он сухан ронд.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми иқтисод Гулбаҳор Турсунова оид ба дастовардҳои шаҳри Хуҷанд дар даврони истиқлолият маърӯза намуда, саҳми шаҳрро дар пешрафти Тоҷикистони азиз ва шукуфоии Ватани маҳбуб муҳим ва  назаррас арзёбӣ кард.

Дар поёни конфронс раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода таъкид намуд, ки маҳз дастуру ҳидоят ва роҳнамоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон барои муаррифии ин шаҳр ба ҷаҳониён, эҳёи номи таърихии он ва ободии шаҳри зебоманзари Хуҷанд нақши муассир ва мондагор  дорад.

- Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо бемайлон рушд намуда истодааст. Яке аз ҳадафҳои асосии таҷлили Рӯзи шаҳри Хуҷанд низ таҳким бахшидан ба тарғиби арзишҳои миллӣ, эҳёи таърихи бою рангини кишвари маҳбубамон аст, зеро ватандорию ифтихори миллӣ маҳз аз омӯзиши фарҳанги диёрамон ибтидо мегирад, — таъкид намуд раиси шаҳри Хуҷанд.

А. САЛИМЗОДА, «Садои мардум»