Худобердӣ Холиқназар: ҲНИТ ҳаққи аз номи ИНОТ ҳарф заданро надорад

№92 (3393) 08.07.2015

0fd889dab86fb77072a3455ee6183a29_500_0_0Мусоҳибаи хабарнигори сомонаи «СентрАзия» бо директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих Худобердӣ Холиқназар

- Оё Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва  ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки соли 1997 бо Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони Тоҷикистон баста шуда буд, пурра иҷро гардид? Назари шумо дар ин мавзӯъ чист?

- Созишномаи мавриди назар, ки аз ҳафт Протокол ва як Низомнома иборат аст,  пурра иҷро шуд. Мутобиқи протоколҳои мазкур  кулли гурезаҳо ба Ватан баргашта, зиндагии осоиштаро сар карданд.   Барои дар амал татбиқ намудани протоколҳои имзошуда Комиссияи оштии миллӣ таъсис дода шуд ва раиси  он роҳбари  Иттиҳоди неруҳои оппозитсиони тоҷик (ИНОТ) шодравон Саид Абдуллои Нурӣ таъин гардида буд. Аз соли 1998 намояндагони ИНОТ ба Ҳукумати ҷумҳурӣ тибқи квотаи 30 — фоиза ворид шуданд. Неруҳои низомии ИНОТ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон  ворид (реинтегратсия) шуданд. Ҳизбу созмонҳое, ки фаъолияташон дар давраи даргириҳо манъ гардида буд, баъд аз пешниҳод намудани аризаҳояшон ба Вазорати адлияи ҷумҳурӣ  дубора ба фаъолияти сиёсиашон шурӯъ намуданд. Ба монанди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Ҳизби демократи Тоҷикистон ва дигар созмонҳо.

Бояд зикр кард, ки  дар интихоботи парлумонии соли 2000-ум ин ҳизбҳо ширкат намуданд ва аз ҲНИТ чанд нафар вакил интихоб шуданд. Ҳамчунин  намояндагони ИНОТ, ки аз тариқи квотаи 30 — фоиза  дар соли 1998 вориди Ҳукумат шуданд ва  кордону лоиқ буданд, то ҳоло дар  ниҳодҳои гуногуни Ҳукумати ҷумҳурӣ  фаъолият доранд. Дар маҷмӯъ, ин Созишнома пурра ва ҳамаҷиҳата иҷро шуд.

 -Имрӯз баъзе масъулини ҲНИТ даъво доранд, ки ин Созишнома пурра иҷро нашуд ва раванди ба даст омадани сулҳу Ваҳдат дар Тоҷикистон якҷониба инъикос мешавад…

- Чун ман дар посухи саволи якум гуфтам, ки он пурра иҷро шуд, барои ҳамин, агар дар кадом мавридҳояш шак дошта бошанд, марҳамат, онҳо метавонанд мушаххасан даъвои худро пешниҳод намоянд. Дар масъалаи якҷониба инъикос шудани раванди ба даст омадани сулҳу Ваҳдат онҳо бештар ба ҳамон филмҳое, ки дар телевизион нишон дода мешаванд,  такя мекунанд, ки гӯё дар он ҷо нақши мухолифин нишон дода нашудааст. Ин гап асос надорад, чунки дар ҳамаи филмҳо, ки ба мавзӯи музокироти байни тоҷикон бахшида шудаанд ва ҳамчунин дар ҳамаи барномаҳо ҳузури ИНОТ ва бахусус, роҳбари он шодравон  Саид Абдуллои Нурӣ нишон дода шудааст.

Қобили зикр аст, имрӯз ҲНИТ кӯшиш карда истодааст, ки аз номи ИНОТ ҳарф занад, ки  ин комилан нодуруст аст. Маълум аст, ки дар музокироти сулҳи тоҷикон ИНОТ  аз ду намояндаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ду намояндаи Ҳизби демократи Тоҷикистон, ду намояндаи Маркази ҳамоҳангсозии неруҳои демократи Тоҷикистон, як намояндаи созмони «Лаъли Бадахшон»  ва як намояндаи муҳоҷирони тоҷик иборат буд.  Дар маҷмӯъ, ҲНИТдар музокирот ҳамагӣ 25 фоиз  намояндагӣ дошту халос.  Биноан, аз номи ИНОТ ҳарф задани роҳбарияти имрӯзаи ҲНИТ комилан нодуруст аст.

-Сулҳи якҷониба гуфта, Шумо чиро мефаҳмед  ва оё истифодаи ин истилоҳ дуруст аст?

- Сулҳ аслан якҷониба намешавад, агар якҷониба мешуд, сулҳ намешуд. Инъикоси якҷониба будани сулҳро баъзе масъулини ҲНИТ таъкид мекунанд, лекин мо мегӯем, ки ин гап асос надорад, чунки дар тамоми китобҳое, ки навишта шудаанд, дар суханрониҳои Сарвари  давлат Эмомалӣ Раҳмон,  дар ҳама ҷо, ки сухан аз Ваҳдати миллӣ меравад, нисбат ба мухолифини собиқ эҳтироми хоса қоил мешаванд  ва дар ҳамон замон ҳам чунин буд. Биноан, сулҳи якҷониба намешавад, инро ман таъкид мекунам, ки сулҳ танҳо дуҷониба мешавад.  Филмҳои мустанад, ки дар телевизион нишон дода мешаванд, филмҳои таърихӣ мебошанд, ки  дар бораи вазъияти солҳои 90-уми асри ХХ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳикоят мекунанд ва  он қисмати ин филмҳо, ки ба музокироти байни тоҷикон  дахл доранд, таври воқеӣ  саҳми тарафи муқобил дар сулҳро  низ баръало нишон медиҳанд.

-Аъзои собиқ Иттиҳоди неруҳои мухолифини Тоҷикистон на танҳо наҳзатиҳо, балки аъзои ҳизбҳои гуногуни кишвар буданд. Пас чаро имрӯз ҲНИТ даъво аз саҳми ин ҳизб дар имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро дорад?

- Тавре ки гуфта шуд, ҳеҷ нафаре ҳақ надорад, ки аз номи ИНОТ имрӯз даъво кунад ё ҳарф занад. Ҳар ҳизби сиёсие, ки дар ҷумҳурии  мо озодона фаъолият дорад, ҳамчунин ҲНИТ, бояд дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аҳзоби сиёсӣ»  фаъолият намояд, ҳамон тавре ки дар ин ду даҳсола буд. Дар се панҷсолаи охир ҲНИТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вакилон дошт. Онҳо ҳафтаномаи худашонро доранд, ки мунтазам чоп мешавад, сарфи назар аз он ки Ҳукуматро сахт танқид мекунанд, ҳеҷ кас даъво накардааст, ки чаро танқид мекунед. Чунки мо чунин андеша дорем, ки мухолифин барои танқид кардан ҳақ доранд ва бигзор танқид кунанд, агар танқид қобили қабул бошад  ва муқобили Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои дигари мавҷуда набошад.  Чандин рӯзномаҳо барои вайрон кардани қонунгузории ҷорӣ баста шуданд, вале рӯзномаи ҲНИТ — «Наҷот»  ҳанӯз  ҳам нашр мешавад.

Натиҷаҳои интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо  ва ҷамоатҳо дар соли 2015 низ гувоҳи онанд, ки мардум ба сатҳи нави фарҳанги сиёсӣ расидааст  ва дигар  муҳофизакории (консерватизм) афкор барои онҳо писанд нест. Барои онҳо андешаи нав, афкори нав, рафтори нав ва диди нав ба оянда хос аст. Воқеият ҳамин аст, ки дигар мардум ҳизбҳои диниву атеистиро намеписанданд. Барои мардум озодиҳои дунявӣ  бештар ҷолиб шудаанд. Аз овоздиҳӣ дар интихобот мо чунин паём гирифтем, ки мардуми Тоҷикистони азиз ба қадри Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ мерасанд ва онҳоро дигар на бо афсонаҳои ин дунё ва на он дунё фирефта кардан хеле душвор аст. Ба онҳо барномаҳо ва фаъолияти воқеии ҳизбҳо ва Ҳукумат даркор аст.  Онҳо  дар соли 2015 барои идома ва вусъати бунёдкориву созандагӣ ва таҳкими сулҳу суботу Ваҳдати миллӣ раъй  доданд.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки фарҳанги  сиёсии  мардум имрӯзҳо ба дараҷае расидааст, ки онҳоро намешавад бо иғвоҳои сиёсӣ ва буҳтон аз роҳи дурусти пешрафт, созандагӣ ва тараққиёт  боздошт.

http://www.centrasia.ru/