Нигаронӣ

Худсарии ронандагон аз бетафовутии масъулин маншаъ мегирад

№131 (4081) 31.10.2019

DSC02867Ҳар субҳ сокинони пойтахт соати 7 ба сӯи коргоҳ ё таълимгоҳҳо равон мешаванд. Онҳое, ки аз шаҳру ноҳияҳои атроф ба кор мешитобанд, барвақттар, соати 6 аз хона мебароянд, вале, бо вуҷуди ин, ба ҷойи кору таҳсил дер мерасанд. Сабаб дар чист?

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар ягон хатсайр тибқи реҷаи тасдиқшуда нақлиёт фаъолият намекунад. Яъне, сабаби сари вақт ба ҷойи кору таҳсил нарасидани шаҳрвандон бетафовутии масъу­лин аст. Камбудии дигар муносибати хунукназаронаи ронандагон нисбат ба мусофирон мебошад. Онҳо ба эътирози мусофирон аҳамият намедиҳанд. Дар вақти идораи нақлиёт ба қоидавайронкунӣ роҳ дода, бо дигар ҳамкасбон сабқат мекунанд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки имрӯз дар хатсайр­ҳои мусофиркашонии пойтахт  микроавтобусҳои «Газел», «Спринтер» ва «Старекс»  хизмат мерасонанд. Вале ҳоло ҳам дар баъзе маҳаллаҳои  пойтахт, аз ҷумла, дар шаҳраки Гипрозем ва «Корвон», «Тангемҳо» ба мусофиркашӣ машғуланд. Ҳол он ки ин намуди нақлиёт аз хатсайрҳои пойтахт бароварда шудааст.

Ҳар субҳ ба ном пулчинакҳо ба ҳар роҳгузари канори роҳ муроҷиат мекунанд, ки ба «Корвон», «Саховат», «Садбарг», ГАИ ва 82-юм меравед?». Ин усули «ҷалб»-и мусофирон бештар дар хатсайрҳои рақамҳои 33, 15, 2, 25, 13, 11, 28 ва 57 дида мешавад.

Дар хатсайри 28, ки қаблан «Старекс»-ҳо хизмат­расонӣ мекарданду соле пеш онҳоро микроавтобуси «Спринтер» ва автобусҳо иваз намуданд, то ҳол «Старекс»-ҳо бе иҷозат ва рақамҳои зард фаъолият доранд. Онҳо нархи роҳкироро ду сомонӣ муқаррар намудаанд. Чунин қонуншиканӣ дар хатсайри 57 — «Чортут-Корвон» низ дида мешавад. Дар ин хатсайр бисёр вақт аз мусофирон ду сомонӣ меситонанд. Агар ниҳодҳои марбута рисолати худро ба таври бояду шояд иҷро мекарданд, худсарии ронандагону пулчинакҳо аз байн мерафт. Барои назорат ва танзими хизматрасонии нақлиёти мусофиркаш ниҳодҳои дахлдор, ба монанди шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи нақлиёт, шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилӣ, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, «Душанбехадамотнақлиётрасон» ва ҷамъиятҳои саҳомию дорои масъулияти маҳдуд вобаста шудаанд. Камбудиҳо далели онанд, ки ин ниҳодҳо вазифаи худро иҷро намекунанд. Ё андешаи масъулин дигар аст?

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»