Хушнудем, ки АМА бо Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибати хуби дӯстӣ ба роҳ мондаанд

№124 (3918) 13.10.2018

Чанде пеш Гурӯҳи корӣ оид ба рушди муносибатҳои фарҳангӣ, илмӣ ва амалӣ байни донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Амороти Муттаҳидаи Араб ба  мамлакат ташриф оварда, аз рафти омӯзиши забони арабӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ва иншооти муҳиме, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бунёд ёфтаанд, аз ҷумла, «Кохи Наврӯз», Осорхонаи миллӣ, бозори «Меҳргон», боғу гулгашту масҷидҳои шаҳри Душанбе ва ғайра дидан намуданд. Бо истифода аз фурсат хабарнигори ҷамоатиамон бо чанде аз онҳо ҳамсуҳбат гардид, ки фишурдаи онро пешкаш менамоем.

1Фотима Аҳмад Ал — Муғанӣ, омӯзгори фанни таърих дар Донишгоҳи АМА, профессор:

- Ман маротибаи дуюм аст, ки ба Тоҷикистон меоям. Аз ин хеле хушҳолам ва муносибати мардум бо меҳмонон ва муҳаббат ба фарҳангу забони арабӣ маро шефтаи миллати тоҷик намуд.

Оид ба фаъолияти масҷидҳо қайд карданӣ ҳастам, ки вазъияти хуб доранд, биноҳои васеъ ва покиза ва муҳаббати мардуми Тоҷикистон ба дини Ислом хеле зиёд аст. Аз миллати шумо Имом Ал-Бухорӣ ва Имоми Аъзам Абӯҳанифа ба дунё омадаанд, ки на танҳо ба забони форсӣ, балки хизмати арзанда дар рушди забони арабӣ низ кардаанд.

Ба мардуми сарфарози Тоҷикистон гуфтанӣ ҳастам, ки онҳо аҳли муҳаббату эҳтироманд ва дар ин роҳ устувор бимонанд. Хусусан, дар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ин сифатҳо барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ бисёр лозим аст. Табиати зебоманзар, кӯлу дарё ва дарахтони зебои Тоҷикистон дили сайёҳонро мафтун хоҳад кард.

2Видот Бушнейн, нависанда:

- Ман бори аввал ба Тоҷикистон омадам. Кишвари тоза, зебо ва амну ваҳдат аст он, ки хеле хушҳол шудам. Зимни сафар аз рафти омӯзиши забони арабӣ дар муассисаҳои таълимӣ дидан кардем, ки таваҷҷуҳи маро сарулибоси донишҷӯён ба худ ҷалб кард. Донишҷӯёни тоҷик бисёр либоси зебо ва миллӣ доранд. Ба мардуми тоҷик, алалхусус ба ҷавонони тоҷик гуфтанӣ ҳастам, ки урфу одат ва фарҳанги худро ҳимоя намоянд.

3Марям Рашид Аз-Заобӣ, нависанда:

- Боиси хушҳолӣ аст, ки дар Тоҷикистон донишҷӯён ба хондану навиштани забони арабӣ шавқу рағбат доранд ва ин маро хеле хушҳол кард. Кишвар ояндаи нек дорад, чунки мардумаш ба илму фарҳанг таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Ман нависанда ҳастам, ҳангоми вохӯрӣ бо донишҷӯён оид ба як романи навиштаам суҳбат намудам. Шавқи ҷавонони тоҷикро барои мутолиаи китобҳои бадеӣ дида хушҳол шудам ва илҳоми навиштани романи дигаре аз зиндагии тоҷикон пайдо шуд. Баъди навиштани он ман, албатта, нусхаашро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мефиристам.

Ба мардуми тоҷик ва халқи Тоҷикистон барои пазироӣ ва меҳмоннавозии самимӣ изҳори миннатдорӣ менамоям.

4Сайф Ал — Ҷобирӣ, мушовири ректори Донишгоҳи АМА оид ба таърих, профессор:

- Мо шукргузор ҳастем, ки дар пойтахти Тоҷикистон рӯҳияи муҳаббат ва ҷавонӣ танинандоз аст. Ҳангоми гаштугузор дар кӯчаҳо ман дидам, ки қисми зиёди мардум ҷавон ҳастанд, ҷавонони ояндасоз, нури чашм, ҳимоятгарони Ватан ва урфу одатҳои миллии тоҷикӣ. Дар чеҳраи онҳо меҳри Ватан, муҳаббат ба илму дониш ва ҳурмату иззати меҳмононро дидам.

Аз ин рӯ, ба ҷавонони тоҷик се чизро насиҳат менамоям, ки дӯст доранд: арзишҳо, анъана ва урфу одатро, ки дар натиҷа, муҳаббат ба давлат ва халқ пайдо мешавад.

Боре ба намози ҷумъа хондан дар шаҳри Душанбе шарафманд шудам ва байни мардум «Исломи таҳаммулпазир», «Исломи пок» ва «Исломи инсондӯст»-ро дидам.

Худованд ваҳдату баракати миллати тоҷикро пойдор нигаҳ дорад.

5Исо Ал — Ҳамодӣ, мудири Маркази омӯзиши забони арабӣ дар давлатҳои Халиҷ, профессор:

- Аз омадан ба Тоҷикис­тон хеле хушҳол ҳастам. Забони арабӣ ҷузъе аз фарҳанги забони тоҷикӣ мебошад, чунки миллати тоҷик барои рушди забони арабӣ саҳми беандоза дорад. Тасдиқи ин гуфтаҳо саҳми шахсиятҳои таърихӣ, ба монанди: Бухорӣ, Тирмизӣ, Абӯҳанифа, Сабавӣ ва Нафтаҳ мебошад, ки мардуми араб хизмати онҳоро фаромӯш нахоҳанд кард.

Ҳоло ҳам миллати тоҷик барои омӯзиши забон ва фарҳанги араб таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд, ки боиси хушнудист.

Мо аз бинои «Кохи Наврӯз» дидан кардем, ки он ҷо фарҳангу маданияти миллати тоҷик ва Шарқи исломӣ дар девораҳои бино нақшбандӣ шудааст.

6Марям Аш — Шиносӣ, мудири Маркази табъу нашри «Дор ёсумейн», профессор:

- Аввалан, сипосгузории худро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пуштибонӣ ва дастгирии омӯзиши забони арабӣ ва шариати ислом, ки дар давоми шаш сафар бисёр хуб мушоҳида кардам, мерасонам. Ин дафъа аз рафти омӯзиши забони арабӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам дидан намудем, ки бори дигар аз дастгирии Президент нисбат ба ходимони илму адаб ва фарҳанг шаҳодат медиҳад. Ҳамчунин, маълум гардид, ки мардум Президентро дӯст медоранд, чунки ӯ баҳри зиндагии осоишта ва сулҳу суботи мардум пайваста кӯшиш менамояд. Миллати тоҷик дар ҳама самти зиндагӣ кӯшиш менамояд ва Роҳбари давлат ҳам ба мардум ёрии беканор мерасонад. Хушнудем, ки Амороти Муттаҳидаи Араб бо Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои хуби дӯстиро дар соҳаҳои гуногун ба роҳ мондааст Гурӯҳи кории мо махсус баҳри мустаҳкам намудани муносибатҳои тарафайн дар соҳаи фарҳанг масъул мебошад.

Эҳтироми волидайн, калонсолон ва ҳурмату иззати меҳмонон аз ҷониби мардуми  тоҷик моро мафтун кард.

7 ОИША ШАМИСИОиша Аш — Шамисӣ, мудири кафедраи «Забони арабӣ»-и Донишгоҳи АМА, профессор:

- Дар Тоҷикистон диққати маро бештар таваҷҷуҳи донишҷӯён ва омӯзгорон баҳри омӯзиши забони арабӣ ба худ ҷалб намуд. Аввалан, мо ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва баъдан, ба Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам рафта, аз дидани омӯзгорону донишҷӯён бисёр шод шудем. Дар ин муассисаҳои таълимӣ таълимгирандагон ба фарҳанг ва забони арабӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамоянд. Дар муассисаҳои зикршуда донишҷӯён ба мо саҳначаҳо нишон дода, зебою гуворо суханронӣ карданд, ки аз муҳаббати зиёди онҳо ба забони арабӣ гувоҳӣ медод.

Забони арабӣ барои рушди муносибатҳо байни Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор хоҳад буд.