ID карта ҳамқадами замон аст

№5 (3151) 11.01.2014

Шурӯъ аз якуми марти соли равон  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мисли дигар  кишварҳои мутараққии ҷаҳон, ба ҷойи шиносномаҳои муқаррарии коғазӣ  ID карта ё худ картаҳои идентификатсионӣ ҷорӣ карда мешавад. Яъне,  аз моҳи март сар карда,  шаҳрвандони ҷумҳурӣ метавонанд, ки ба ҷойи шиносномаҳои маъмулии худ аз нуқтаҳои шиносномадиҳӣ картаҳои пластикӣ гиранд,  ки минбаъд ба сифати ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияташон истифода бурда метавонанд.

Тавре  аз Раёсати  консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд,  иваз кардани шиносномаҳои маъмулии шаҳрвандони кишвар ба ID карта мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон  аз 20 сентябри соли 2013 таҳти №1519 «Дар бораи ҷорӣ намудани кортҳои идентификатсионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ҷорӣ  карда шудааст. Инчунин  таъкид гардидааст, ки шиносномаҳои айни замондоштаи  шаҳрвандони кишвар то замони ба поён расидани эътиборашон амал мекунанд.

Мувофиқи  фармони мазкур, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  тибқи созишномаҳои байналмилалӣ кишварҳои хориҷиро низ бояд аз ҷорӣ шудани кортҳои шиносоии шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷараён гузорад ва ба хотири таъмини сафарҳои байналмилалии шаҳрвандони Тоҷикистон тамоми тадбирҳоро барои эътирофи ин санад ба сифати ҳуҷҷати байналмилалии ташхискунандаи ҳувияти шахс рӯйи кор оваранд. Шаҳрвандони кишвар бо картаҳои шиносоӣ метавонанд  сафарҳои байналмилалӣ анҷом диҳанд.  Кортҳои пластикӣ аз чанд ҷиҳат ба шароити муосир мутобиқ карда шудааст. Аз ҷумла дар чунин кортҳо тамоми маълумоти ҳуқуқии асосии шахс дар ду тарафи он ҷойгир карда шуда, он нисбат ба шиносномаҳои маъмулӣ хурдтар буда, саҳифаҳои зиёдатӣ надорад.  Корти пластикиро бо худ гирифта гаштан нисбати шиносномаи маъмулӣ қулайтар мебошад.  Дар ду тарафи картаи шиносоӣ маълумотҳои ҳуқуқӣ дар бораи шахсияти дорандаи он, сурат ва чипҳои махсусе ҳам ҷойгир карда шудаанд,  ки дар он маълумоти биометрӣ дар бораи соҳиби карта мавҷуд аст. Шаҳрвандони Иттиҳоди Аврупо, ки ба ҷойи шиноснома картаҳои пластикиро истифода мебаранд, бо он ба сар то сари Аврупо бе мушкилӣ сафар мекунанд, тавассути картаи шиносоӣ аз суратҳисоби худ дар бонк пул мегиранд, ашёҳои ирсолшударо дастрас мекунанд ва дар ҳама ҷо онро ҳамчун ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият нишон медиҳанд. Аз кишварҳои собиқи шӯравӣ Ҷумҳурии Арманистон низ чунин иқдомро роҳандозӣ кард.  Федератсияи Россия низ ба шаҳрвандони худ ба ҷойи шиноснома картаҳои идентификатсиониро ҷорӣ мекунад.  Дар ҷаҳони муосир, ки дастовардҳои инсоният ба шароити замони нав мутобиқ карда мешаванд, истифодаи картаҳои пластикӣ ба ҷойи шиносномаро низ кишварҳои пешрафта ба роҳ мондаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа аз аввалин кишварҳое ба ҳисоб меравад, ки системаи картаҳои пластикиро ба ҷойи шиносномаҳои маъмулӣ ҷорӣ мекунад. Айни замон дар кишвар ҳамчун ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият шиносномаҳои дохилӣ ва хориҷӣ истифода мешаванд. Барои сафар ба кишварҳои дигар, ки  шиносномаҳои хориҷиро тақозо мекунад, истифодаи он боқӣ мемонад.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,  «Садои мардум»