Ифтитоҳи 18-умин намоишгоҳи таълимӣ ва сайёҳӣ дар Душанбе

№53 (3533) 23.04.2016

Аз соли 2009 Ширкати муштараки байналмилалии Тоҷикистон-Малайзия «ТМ – International» соле ду маротиба  намоишгоҳи таълимӣ, сайёҳӣ ва инноватсионӣ баргузор мекунад.

Бо ташаббуси ширкати мазкур ва дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ 19-уми апрели соли равон дар меҳмонхонаи «Шератон»-и пойтахт намоишгоҳи 18-уми таълимӣ, сайёҳӣ ва инноватсионӣ оғоз ёфт. Муовини якуми вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳматулло Мирбобоев дар маросими кушодашавии он қайд намуд, ки ҳоло донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои 35 мамлакати дунё таҳсил доранд. Дар ин намоишгоҳ асосан донишгоҳҳои равияи илмҳои дақиқ, технологияи иттилоотӣ, соҳаҳои муҳандисӣ, меъморӣ, меҳмонхонадорӣ ва туризм ширкат менамоянд, ки дар ҷумҳурии мо ба чунин мутахассисон талабот зиёд аст.

Директори ширкати «ТМ-International» Саидҷон Абдуллоев гуфт, ки дар намоишгоҳ намояндагони 16 донишгоҳ аз шаш кишвар аз ҷумла, Донишгоҳи технологияҳои эҷодии Лимкоквинг, Куала Лумпур, Утара,  Сити (Малайзия), Донишгоҳи Боғчашаҳр, Сабанчи, Айдин (Туркия), Донишгоҳи Ачаря (Ҳиндустон), Донишгоҳи илмҳои электронӣ ва технологии Чин ва ғайра ширкат намуда, имкониятҳои муассисаҳои таълимиашонро муаррифӣ намуданд.

Чунин намоишгоҳ 21-уми апрел дар «Кохи Ватан»-и шаҳри Қӯрғонтеппа ва 23-юми апрел дар «Кохи матбуот»-и шаҳри Хуҷанд низ баргузор мегардад.

С. СУННАТӢ