Ифтитоҳи дидбонгоҳҳои сарҳадии замонавӣ

№17 (3497) 09.02.2016

Дар минтақаи отряди сарҳадии «Панҷ»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидбонгоҳҳои нави муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири замонавӣ ба истифода дода шуданд.

Дидбонгоҳҳои сарҳадӣ аз утоқҳои корӣ, хобгоҳ, синфхонаҳои таълимӣ ва компютерӣ, китобхона, хонаи фароғатӣ иборат мебошанд.

Яке аз дидбонгоҳҳои  навътасис дар маросими тантанавӣ ба номи генерал — майор Рустам Амакиев гузошта шуд.

Дар маросимҳои тантанавӣ раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал — лейтенант С. Ятимов, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал — лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, раиси ноҳияи Панҷ Сайфуддинзода Маҳмадюнус Кабут иштирок доштанд. Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал — лейтенант С. Ятимов ва раиси ноҳияи Панҷ Сайфуддинзода Маҳмадюнус Кабут дар назди меҳмонон ва сарбозон сухан ронда, зикр карданд, ки хизмати ҳарбӣ барои ҳар як ҷавон мактаби ҳаёт мебошад, чунки ин давра ба онҳо сабақи ватандӯстиву ҷавонмардӣ ва обутоби ҷисмонӣ медиҳад. Вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як хизматчии ҳарбӣ ин садоқат ба савганди ҳарбӣ мебошад.

Ба афсарон ва сарбозони фаъол барои ба натиҷаҳои назаррас ноил шудан аз номи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихорномаҳо, нишонҳои сарисинагӣ ва мукофотҳои пулӣ  супорида шуд.

Дидбонгоҳҳои сарҳадӣ бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудаанд.

Муҳаммад Улуғхоҷаев, корманди маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон