Мероси ниёгон

Ҳифзи ёдгориҳои бостонӣ ғамхории махсус мехоҳад

№131 (3277) 08.11.2014

«Конститутсия ба зиммаи шаҳрвандони мамлакат риояи қонун, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳо ва шаъну эътибори дигарон, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии давлат, ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва пардохти андозро ба сифати уҳдадориҳои конститутсионӣ вогузор намудааст».

Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 15-умин солгарди қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 ноябри соли 2009, шаҳри Душанбе

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори ҳифзу истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар барои нигаҳдошти мероси таърихию фарҳангии халқамон талош дорад. Вале сарфи назар аз ин, то  имрӯз беш аз сад ёдгории бостонӣ аз байн рафтааст.

Зимни суҳбат сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Азизов сабабҳои асосии нобуд шудани ёдгориҳои фарҳангӣ ва таърихиро ба муносибати хунукназаронаи сокинон ва тасарруфи ғайриқонунии замин аз ҷониби шаҳрвандон рабт дод. Дар робита ба ин, мавсуф афзуд, ки дар моддаи 44-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс аст».

Аммо, тавре ба мушоҳида мерасад, қонуншиканиҳо сол аз сол афзуда истодааст ва шумораи аҳолии кишвар зиёд мешаваду тақсими заминҳо барои истифодаи кишоварзӣ ва сохтмони манзилҳои истиқоматӣ низ аз мавзеъҳои таърихӣ бештар мегардад.

Бино ба гуфтаи ҳамсуҳбатам, баъзан шахсиятҳои бонуфуз ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳо  талаб мекунанд, ки аз мавзеъҳои наздик ба ёдгориҳои таърихӣ барои тақсими замин иҷозат диҳанд, зеро ин заминҳо дар харитаи заминсозӣ чун заминҳои бекорхобида ё барои кишт нобоб сабт шудаанд.

Моҳи марти соли 2006 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ» қабул шуд. Санади мазкур дар асоси таҷрибаи мутахассисони соҳа, қонунҳои монанди мамлакатҳои ИДМ ва конвенсияҳои байналмилалӣ оид ба ҳифз, омӯзиш ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ таҳия гашта, масоили ҳуқуқии мероси соҳибмулкӣ, ҳифз, омӯзиш ва истифодаи дурусти онро дар чаҳорчӯбаи қонун муайян намуд. Дар асоси қонуни зикршуда минбаъд як силсила корҳо анҷом ёфтанд.

-Соли 2007 Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати иҷрои қонуни мазкурро дар миқёси ҷумҳурӣ мавриди санҷиш қарор дод. Дар натиҷа, муайян шуд, ки давоми соҳибистиқлолии кишвар танҳо дар водиҳои Зарафшон ва Ҳисор 69 ёдгории бостонӣ нобуд карда шудаанд. Мутобиқи ин санҷиш ба унвони раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби Прокуратураи генералӣ 28 пешниҳод ирсол гардид ва ҳафт амр дода шуд. Мутаассифона,  сарфи назар аз ҳама пешгириҳо, ҳанӯз ҳам аз ҷониби ашхоси алоҳида қонуншиканиҳо дар ин самт ба назар мерасанд. Масалан, 0,66 гектар замини Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисорро шаҳрванд Ш.Нуров тасарруф намудааст. Ҳатто соли 2008 ин қитъаи заминро ба номи ӯ сертификат карда додаанд.

Ба ин монанд, моҳи октябри соли 2009 раиси хоҷагии деҳқонии «Марказ»-и ноҳияи Ҷиликӯл Ҷ.Азизов 0,4 гектар замини ёдгории антиқии асри III пеш аз мелод «Қалъаи Шодигӣ»-ро дар ҳаҷми  зиёда аз як метр пасту ҳамвор намуда, барои худ манзили истиқоматӣ сохтанӣ шудааст. Хушбахтона, бо дахолати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон пеши роҳи ин вайронкорӣ гирифта шуд.

Дар ноҳияи Фархор бошад, қариб буд, ки ҳудуди таърихии «Қалъаи Золи Зард»-ро ҳамчун қитъаи замин ба мардум тақсим карда диҳанд. Хайрият, масъулин сари вақт огоҳӣ ёфтанд ва ба харобкорӣ роҳ надоданд. Боиси таассуф аст, ки дар ноҳияи Ишкошим шахсони номаълум ёдгории Дайри буддоии воқеъ дар деҳаи Врангро харобу ғорат намуданд ва беҷазо монданд.

- Боз даҳҳо қонуншикании мардумро метавон мисол овард, ки дар дигар қисматҳои ҷумҳурӣ рух додаанд. Айни замон дар радифи заминаҳои ҳуқуқии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, ҳамчунин ба тармиму нигаҳдошти онҳо диққати ҷиддӣ дода мешавад.  Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ҳафт ёдгорӣ пурра барқарор гардида, 16 ёдгорӣ тармим, чор ёдгорӣ маҳфузмонӣ, ду ёдгорӣ таъмир ва се осорхона сохта, ҳолати ҳифзи даҳҳо ёдгории дигар беҳтар гардонида шуд. Ҳоло корҳои тармиму барқарорнамоӣ дар 12 ёдгории таърихӣ-Қалъаи Вамари ноҳияи Рӯшон, Қалъаи Ҳулбуки ноҳияи Восеъ, қалъаҳои Балҷувон ва Муъминобод, Масҷиди Чилсутуни ноҳияи Ғончӣ, Мақбараи Хоҷаи Заррини ноҳияи Данғара, Мақбараи Абдуллои Валии ноҳияи Айнӣ ва ғайраҳо идома доранд, -иброз дошт Музаффар Азизов.

Аз ин хотир, соли 2007  Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо зиёиёни кишвар оид ба ҳифз ва нигоҳубини ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, пешгирӣ аз истифодаи ғайриқонунии мавзеъҳои таърихӣ чунин таъкид дошт: «Ҳукумати мамлакат сиёсати ҳифзи ёдгориҳои таърихиву меъморӣ ва осори қадимаи ниёгонро минбаъд низ пайгирона идома медиҳад ва раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор месозад, ки ҳифзу ободонии ёдгориҳоро вазифаи муқаддаси худ шуморанд».

Ҳамсуҳбати мо доир ба назорати содироти сарватҳои фарҳангӣ зикр намуд, ки соли 2001 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ» ба тасвиб расид, ки мақсади қонуни мазкур, пеш аз ҳама, ба низом даровардани гардиши сарватҳои фарҳангӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва берун баровардану ворид кардани онҳо ба ҳудуди мамлакат мебошад. Кормандони шуъбаи мо дар ҳамкорӣ бо Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилӣ,  мақомоти амният ва дигар мақомот даҳ сол боз ҷиҳати татбиқи қонуни номбурда ва дуруст ба роҳ мондани кор дар самти мазкур кӯшиш намуда истодаанд. Танҳо натиҷаи фаъолияти босамари мақомоти марбута буд, ки давоми солҳои 2007-2010 қочоқи 1043 номгӯй сарвати фарҳангӣ пешгирӣ гардид.

Зимнан бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2011 таҳти №267 «Дар бораи тартиби гузаронидани экспертиза ва назорати аз Ҷумҳурии Тоҷикистон берун баровардан ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ» қоидаҳои аз ҷониби мақомоти давлатӣ гузаронидани экспертизаи сарватҳои фарҳангӣ ба танзим дароварда шуд, ки бисёр масоили вобаста ба гардиши ғайриқонунии сарватҳои фарҳангӣ тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалли худро пайдо намуданд. Ҳамзамон барои ҷоннок намудани кор дар самти ҳифзи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ тибқи «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020» корҳои назаррас ба сомон расида истодааст.

Бояд гуфт, ки мақсади асосии Барномаи мазкур ба низом даровардан, ҳифзу нигаҳдошт ва истифодаи дурусти мероси ғайриманқули таърихию фарҳангии кишвар баҳри баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносии мардум ва дастраси ҷаҳони муосир гардонидани офаридаҳои таърихию фарҳангии тоҷикон, таъмиру тармим, барқарорнамоӣ ва нигоҳдории ёдгориҳои меъморӣ ва бостонӣ мебошад.

Яке аз паҳлуҳои муҳими сиёсати давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон рушду нумӯъ ва пешбурди фарҳанги миллӣ, ошно намудани ҷаҳониён бо дастовардҳои тоҷикон ва пешгирии қонуншиканиҳо нисбат ба ёдгориҳои бостонӣ мебошад.

Дар баробари ин, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро зарур аст, ки барои ба қайди давлатӣ гирифтан ва ҳифз намудани ёдгориҳои таърихӣ саҳмгузор бошад, то ки тавонем ба ин васила онҳоро ба ояндагон мерос гузорем.

Алҳол дар шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷамъ  2020 ёдгории таърихӣ ба қайд гирифта шудааст. Тибқи он дар шаҳри Душанбе 34 ёдгорӣ, вилояти Хатлон 581 ёдгорӣ, вилояти Суғд 724, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 251 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 430 ёдгорӣ мавҷуд мебошад.

Дарвоқеъ, ҳифзу нигаҳдошти ёдгориҳои таърихӣ қарзи ҳар як шаҳрванд мебошад, вале то кадом андоза ин қарзи худро иҷро мекунем, аз сатҳи маърифату худшиносии миллии мо вобаста аст.

Хайруллои АБДУЛВАҲҲОБ, «Садои мардум»