Таъмини амнияти озуқаворӣ

Илмат ба амал чу ёр гардад…

№95 (3241) 12.08.2014

Семинаре, ки таҳти унвони «Инноватсия ва роҳҳои ташкили дастовардҳои инноватсионӣ» дар Маркази омӯзиш ва рушди деҳоти Ассотсиатсияи миллии хоҷагиҳои деҳқонии (фермерии) Ҷумҳурии Тоҷикистон (АМХДФ ҶТ) баргузор гардид, собит сохт, ки олимони тоҷик давоми солҳои охир корҳои зиёди илмӣ-тадқиқотиро анҷом дода,  дар амал татбиқ намудаанд. Ин ҷамъомад бо ташаббуси АМХДФ ҶТ дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзии мамлакат, Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шотемур, Институти иқтисоди кишоварзии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар он роҳбарону масъулони ниҳодҳои номбурда ва намояндагони раёсатҳои кишоварзии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Кумитаи марказии иттифоқҳои касабаи соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуданд

Пеш аз мубодилаи афкор аз ҷониби олимону мутахассисони пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотии соҳаи кишоварзӣ ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шотемур дастовардҳои инноватсионии илму техника ба иштирокчиён пешкаш карда шуд. Дар он намунаи техникаҳои ҳозиразамони кишоварзӣ, навъҳои наву хушсифат ва серҳосили  себу нок, ангуру шафтолу, картошка ва дигар намуди сабзавот, навъҳои тухмӣ, маҳсулоти чорводорӣ ва ғайра ба намоиш гузошта шуда буд. Маълумотномаю  дастурамалҳо, плакату овезаҳо намоишгоҳро пурмазмуну ҷолиб гардониданд.

Декани факултети механизатсияи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шотемур Баҳром Аҳмадов дастовардҳои инноватсионии олимони факултетро муаррифӣ кард. Тавассути мошину механизмҳои ихтироънамудаи онҳо замин бо панҷ усул коркард мешавад. Ин имкон медиҳад, ки коркарди замин сари вақт ва хушсифат анҷом ёфта, ҳосилнокиаш баланд гардад. Пешниҳоди дастовардҳои факултети агрономӣ роҷеъ ба усулҳои парвариш ва нигоҳубини растанӣ, ҳифзи дарахтон аз ҳар гуна ҳашароту бемориҳо, ки аз ҷониби  декани факултет Зикриёхон Ҳайдаров ироа гардид, ҷолиб буд. Маърӯзаи мудири шуъбаи занбӯриасалпарварии Институти чорводории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ Абдурашид Шарипов ба масъалаҳои рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ бахшида шуд. Зикр гардид, ки  ҳоло лоиҳаи Фонди Кристенсен «Дастгирии ассотсиатсияҳои маҳаллии деҳқонӣ (фермерӣ) оид ба барқарорсозии занбӯриасалпарварӣ ва баланд бардоштани маҳсулнокии ландшафти кишоварзӣ зимни беҳтар намудани гардолудсозии табиӣ дар ноҳияи Тавилдара» амалӣ мегардад. Муаррифии дигар барномаю дастовардҳо ва маърӯзаҳо низ ҷолибу хотирмон буданд.

Мо барои намуна ба иштирокчиёни ҷамъомад роҷеъ ба фаъолияти Маркази инноватсионии фермерҳои ноҳияи Рӯдакӣ маълумот додем, ки айни ҳол 129 хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)-ро муттаҳид месозад. Тайи як соли охир дар ин Марказ омӯзиши деҳқонону соҳибкорон ва сокинони маҳаллӣ оид ба парвариши  мурғ, моҳӣ ва ташкили дурусти кор сурат гирифта, дар ин замина корхонаи мурғпарварӣ таъсис дода шуд, ки хоҳишмандон таври амалӣ усулҳои самарабахши фаъолиятро омӯхтанд. Баргузории семинар нишон дод, ки мо метавонем тавассути кашфиёту тадқиқотҳои илмӣ ва дар амал татбиқ кардани онҳо соҳаи кишоварзиро  тараққӣ ва ҳар чӣ бештар маҳсулоти хушсифату фоиданоки маҳаллиро истеҳсол намоем,- гуфт дар суҳбат бо хабарнигори рӯзнома  раиси АМХДФ ҶТ Азизбек Шарифов.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»