Маслиҳати мутахассис

Илми боғдорӣ биомӯз

№153-154 (3299-3300) 26.12.2014

Имрӯз боғдорӣ ба як соҳаи муҳими кишоварзӣ табдил ёфта, маҳсулоти боғу токзори мо дар шаклҳои тару тоза, хушк ва коркарди саноатӣ ҳамчун моли содиротӣ мавқеи назаррас дорад.

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон таҳти рақами 683 аз 27-уми августи соли 2009 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014» ба рушди ин соҳа такон бахшид.

Мувофиқи маълумоти оморӣ давоми панҷ соли охир зиёда аз 54000 гектар боғу токзори нав бунёд гардид.

Дар ин раванд як қатор омилҳои дар назар сода, вале дар асл ниҳоят муҳим ҷой доранд, ки сарфи назар кардан ё кам эътибор додан ба онҳо сабаби таназзули соҳа мегардад.

Айни замон дар минтақаҳои ҷумҳурӣ маъракаи ниҳолшинонӣ ва бунёди боғҳои нав оғоз гардидааст. Бинобар ин, ба кишоварзон, деҳқонону фермерони боғу токпарвар тавсия дода мешавад, ки ба маслиҳатҳои зерин диққати ҷиддӣ диҳанд, то ки боғу токзорҳои нав бунёдмекардаашон самараи дилхоҳ ба ба бор оварад:

1. Вобаста аз шароити обу ҳавои маҳал ба дуруст интихоб намудани ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ва қитъаи замин бояд диққат дод. Авлоди дарахтони мевадиҳандаро вобаста аз мутобиқаташон ба шароити маҳал ва дараҷаи самараи иқтисодии он дар маҳал ба ду гурӯҳ: аввалиндараҷа ва дуюмдараҷа ҷудо мекунанд.

Ба гурӯҳи якум дарахтони мевагие дохил мешаванд, ки аҳамияти содиротӣ доранд. Гурӯҳи дуюм барои талаботи оила ва маҳал парвариш карда мешаванд.

Таркиби хок ва сатҳи ҷойгиршавии обҳои зеризаминӣ ҳангоми интихоби қитъаи замин бояд ба инобат гирифта шавад. Сатҳи обҳои зеризаминӣ бояд аз ду метр баланд набошад.

2. Вобаста ба обу иқлими маҳал самти таъиноти маҳсулоти истеҳсолшаванда ва талаботи бозор дуруст интихоб намудани навъҳои дарахтони мевадиҳанда ва ангур зарур аст. Бо дарназардошти хусусиятҳои биологию хоҷагии навъҳо бояд боғҳои аҳамияти молӣ (содиротӣ) — дошта дар асоси низоми илман асоснок аз ҳисоби навъҳои ноҳиябандишуда бунёд карда шаванд.

Набояд фаромӯш кард, ки дар вақти бунёд кардани боғ барои гардолудшавии дарахтони навъи асосӣ ва баланд бардоштани ҳосил 15-20 фоиз навъҳои гардолудкунандаро шинондан лозим аст. Яъне, ҳар қатор ё дарахти 5-6-умро навъи гардолудкунанда бояд шинонд.

3.Ҳангоми дастрас намудани ниҳол барои бунёди боғ ба сифати он ва пеш аз ҳама, ба решаи он диққат додан лозим аст. Дар навбати аввал шаҳодатномаи навъ, маълумотномаи карантин ва сертификати молиро талаб бояд кард.

4. Шаклдиҳӣ ва шохабурии мунтазами (ҳарсолаи) дарахтони мевадиҳанда ва ток. Ин чорабинии агротехникие мебошад, ки сари вақт гузаронидани он ба давомоти муҳлати истифодабарӣ, самаранокӣ ва сифати маҳсулоти боғу токзор таъсири мусбӣ мерасонад. Ин амалро пас аз шинонидани ниҳолҳо сар карда, шаклдиҳиро вобаста аз шакли интихобкардаи шохсор то 6-7 -солагӣ ва шохабуриро то решакан кардани боғу токзор дар вақташ ҳар сол гузаронидан зарур аст. Дуруст буридани шоху навдаҳои касал, шикаста ва зиёдатӣ ба ҳаворасии шохсор, солимии дарахт, гирифтани ҳосили дилхоҳ, баландшавии сифати мева мусоидат мекунад.

5. Таъмини намнокии хок дар боғу токзорҳо масъалаи муҳим дар соҳаи боғдорӣ мебошад.  Набояд фаромӯш кард, ки дарахтони мевадиҳанда ва ток ба намнокии 70-75 фоиз эҳтиёҷ доранд. Барои ташаккулёбӣ ва ҳосилбандии муғчаҳои солим ғизои ғанӣ лозим аст, ки онро дарахт танҳо дар ҳолати намнокии 70-75 фоиз аз хок ҷабида гирифта метавонад. Ҳоло он ки дар шароити минтақаҳои ҷумҳурии мо муғчаҳои гулию нашвӣ вобаста аз ҷинсу навъи дарахтон аз охирҳои моҳҳои апрелу аввали май шурӯъ шуда, то давраи гулкунӣ 9-10 моҳ ташаккул меёбанд.

Норасоии нами хок хусусан дар нимаи дуюми тобистон ва аввали тирамоҳ, ки дар боғҳо дида мешавад, сабаби вайроншавии раванди инкишофи муғчаҳо гашта, дар натиҷа муғчаҳои гулии ҷанин ё гардашон носолим пайдо мешавад. Ин дар охир ба камҳосилӣ ва пайдошавии ғуракҳои носолим оварда мерасонад.

Аз тарафи дигар, норасоии намӣ дар хок бо тез хазоншавии барги дарахтон, каҷукилебию камобии меваҳо, хушкшавии ангур ва ғайра оварда мерасонад, ки ҳама самаранокии боғу токзорро паст мекунад.

Барои пешгирӣ намудани намнокӣ тавсия дода мешавад, ки пеш аз ҳама, ба сари вақт ва сифати баланд анҷом додани коркарди замини байни қаторҳою атрофи дарахтон аҳамият дода шавад. Ин чорабинӣ дар заминҳои лалмӣ зарурияти дучандон пайдо мекунад, зеро аз охири моҳи май то аввали ноябр боришот нашуда, захираи нам дар хок хеле кам мегардад. Аз тирамоҳ шудгор кардани байни қаторҳо ва нарм кардани атрофи бехи дарахтону буттаҳои ток барои ворид ва захира шудани нами табиӣ аз ҳисоби барфу борон мусоидат мекунад.

Дар боғҳо ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ, ки имконияти обтаъминкунӣ доранд, дар фасли зимистон ҳатман яхобмонӣ гузаронида шавад. Дар заминҳои хокашон хокистарранг вобаста аз шароити таъмини сарчашмаҳои обёрикунанда ва миқдори намии табиӣ як-ду маротиба бо меъёри 1200-1500 м3 дар як гектар яхоб мондан зарур аст. Усули асосӣ ба ҷӯякҳо об мондан мебошад. Ҷӯяки якум 60-90 см аз танаи дарахтон ва ҷӯякҳои боқимондаҳо 100 см аз якдигар дуртар кашида мешаванд. Ба возеҳи (релефи) замин нигоҳ карда, дарозии ҷӯякҳо аз 30 то 100 метр бояд бошад. Обро ба миқдоре бояд сарф кард, ки ҳамин масофаро дар муҳлати 2-3 рӯз то охири ҷӯяк расад, то ки қабати думетраи хок намнок гардад.

Дар боғу токзорҳои лалмӣ аз охири тирамоҳ атрофи бехи дарахтонро ҳавз карда, ба он чанд маротиба барфро ҷамъ ва ба болояш як қабат хок пӯшонидан манфиат дорад.

Дар минтақаҳое, ки барф кам меборад, аз ҳар тарафи мувофиқ ҷӯйбор кашида, оби боронро ба бехи дарахтону буттаҳо ҷамъ кардан зарур аст. Пас аз қатъгардии мавсими боришот хоки атрофи бехи дарахтонро майда карда, бо маводҳои гуногун (коҳи пӯсида, аррамайда, тол, пардаҳои полиэтиленӣ) рӯйпӯш кардан лозим аст. Ин амал намии хоки қабати решаи дарахтонро дуру- дароз нигоҳ медорад. Имрӯз зиёда аз 20 намуди касалиҳои замбурӯғӣ, вирусӣ, бактериявӣ ва 60 намуди ҳашароти хояндаю маканда ба қайд гирифта шудааст, ки ба дарахтони мевадиҳанда ва ток хисороти ҷиддӣ мерасонанд. Ин омилҳо на танҳо ҳосилнокӣ ва сифати маҳсулотро паст мегардонанд, балки дар қисман ноҳияҳо ҳосили як қатор зироатҳоро пурра ба нестӣ мебаранд. Бинобар ин, зарур мешуморем, ки барои паст кардани сатҳи афзоиши касалию ҳашарот усулҳои мубориза дар маҷмӯъ истифода бурда шавад. Ба чорабиниҳои пешгиркунанда – агротехникӣ сари вақт шаклдиҳию шохабурии дарахтон, шудгори байни қаторҳо, нарм кардани бехи дарахтон, обмонӣ, яхобмонӣ, ғизодиҳӣ ва ғайра дохил мешаванд.

Ҷалб намудани парандагон ва ҳашаротҳои фоидаовар, истифодаи маҳлулҳои аз баргу пояи растаниҳо тайёршуда ва доруҳои кимиёвии асоси биологидошта низ ба манфиати кор хоҳад буд.

Ҳангоми зиёд будани меъёри афзоиши касалӣ ва ҳашарот тавсия карда мешавад, ки усули кимиёвӣ бо истифодаи фунгсидҳо- маҳлули бордосӣ, оксихолидимис, ИСО, сулфур, байлетон, топсин ва ғайра бар зидди касалиҳо ва инсектидсидҳо БИ-58 –новый, Детсис, Карате, Нурелл – Д, Суми-алфа, Фюре ва ғайра истифода шавад.

Дар сурати сари вақт, босифат гузаронидани чорабиниҳои тавсияшуда деҳқонон метавонанд аз боғу токзорҳои парваришкардаашон ҳосили баланд ва маҳсулоти ба талаботи бозори имрӯза ҷавобгӯй истеҳсол ва сабади истеъмолии мардумро бо меваю ангури хушлаззату гуворо таъмин намоянд.

Ҳикматулло Назиров, директори Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзӣ, доктори илмҳои кишоварзӣ,

Н.Камолов, муовини директор, номзади илмҳои кишоварзӣ