Ҷиноятҳои кибернетикӣ хатари зиёд доранд

№91-92 (3076-3077) 25.07.2013

Аз соли 2011 инҷониб дар ҷумҳурӣ 15 ҷинояти кибернетикӣ ошкор гардидааст. Киберҷинояткорон аз бонкҳо ва ширкатҳои мобилии ҷумҳурӣ маблағҳои зиёд дуздидаанд.

Ба гуфти сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилонаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал — майори милитсия Ҷурахон Зоиров, имсол се нафар дастгир шудаанд, ки ба воситаи шабакаи Интернет аз ширкатҳои мобилӣ 300 ҳазор долларро дуздидаанд. Ҳамчунин панҷ ҷинояткор,  ки ба дуздии пасан-дозҳои одамон аз бонкҳо машғул буданд, дастгир шуданд. Дар миёни киберҷинояткорон тамаъҷӯён низ ҳастанд, ки бо роҳи фишору зӯроварӣ пул ситондан мехоҳанд.

Ба гуфти генерал- майори милитсия Ҷурахон Зоиров, як шаҳрванди Тоҷикистон аз хориҷи кишвар бо роҳи фишору тарс додан аз духтари тоҷик тавассути шабакаи Интернет маблағ талаб мекард. Ба духтар таҳдид доштааст, ки дар сурати аз додани пул саркашӣ кардан суратҳои фаҳши ӯро дар шабакаи Интернет нашр мекунад. Дар натиҷаи андешидани чораҳои фаврӣ ин шаҳрванди Тоҷикистон дастгир шуд.

Аз ин хусус ва  афзоиши порносайтҳо ва хатари иттилоотӣ дар конфронси минтақавӣ доир ба мушкилоти ҷиноятҳои кибернетикӣ, ки чанде пеш дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, сухан рафт.

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал- лейтенанти милитсия  Рамазон Раҳимов дар ин ҳамоиш изҳор дошт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи ноябри соли гузашта ба мақомоти дахлдор дастур дод, ки масъалаи ташкили шуъбаи алоҳидаро дар сохтори  Вазорати корҳои дохилӣ оид ба мубориза бо ҷиноятҳои иттилоотӣ омӯхта, ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод манзур намояд.

Ҳамзамон вазир афзуд, ки ҷиноятҳои кибернетикӣ дар ҷумҳурӣ рӯ ба  афзоиш мебошад ва аз ин сабаб ба наздикӣ Маркази мубориза бо ҷиноятҳои кибернетикӣ таъсис меёбад. Вай даъват ба амал овард, ки кишварҳои Аврупо, аз ҷумла Федератсияи Россия, дар пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷиноятҳои  кибернетикӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории бештар дошта бошанд.

Гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла ҷинояткорони компютерӣ мавқеъ ва ҳолатҳои сустро дар технологияҳои коммуникатсионӣ пайдо менамоянд ва онҳоро барои амалӣ кардани мақсаду ҳадафҳои худ истифода мебаранд. Тоҷикистон дар шумури даҳ кишварест, ки бештар аз хатҳои киберҷосусӣ  зарар дидааст.

Тавре дар ин ҳамоиш коршиносон зикр доштанд, ҳолатҳои киберҷиноятҳо хусусан ғайриқонунӣ ба компютер ворид шудан, ғасби маълумоти шахсӣ, соҳибӣ  кардан ба номи дигарон, истифодаи маълумоти бегона ва ғайра ба қайд гирифта мешаванд, ки ин ҷиноят буда, поймол кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон унвон мешаванд. Чунончӣ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ- ҷустуҷӯйӣ аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилонаи Вазорати  корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуд, ки шаҳрвандон Денис Раҳимов, Ҷамшед Ҷураев ва Парвиз Назаров бо маслиҳати пешакӣ дар давоми моҳҳои май ва октябри соли 2012 дар суроғаи хиёбони Шерозии пойтахт ҳуҷраеро ба иҷора гирифта, ғайриқонунӣ таҷҳизоти техникӣ — як блоки системавӣ ва шаш дона USB- HUB  бо 58  дона 3G модем гузошта, бо истифода аз барномаҳои махсуси компютерӣ, ғайриқонунӣ системаи Ширкати ҶСП «Вавилон М»-ро ба маблағи умумӣ 226262,39 сомонӣ ва 217 симкортҳои Ширкати ҶСП «Индиго Тоҷикистон» — ро ба маблағи 101298,66 доллари амрикоӣ истифода намуда, ба ширкатҳои номбурда зарари калони моддӣ расонидаанд.

Аз рӯйи ин ҳодиса мутобиқи моддаҳои 298 (ғайриқонунӣ даромадан ба иттилооти компютерӣ) ва 299 (тағйир додани иттилооти компютерӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромади худ изҳор дошт, ки масъалаи ба Конвенсияи Будапешт оид ба киберҷинояткорӣ пай-вастани Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дорад.

Феълан Конвенсияи Будапешт ягона санади байналмилалӣ мебошад, ки дар он ҳифзи ҳуқуқу озодӣ, амнияти одамон дар шабакаи Интернет пешбинӣ шудааст.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»