Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бар асари боришоти зиёд ва фаромадани сел дар минтақаи Ҳушёрии ноҳияи Варзоб, ки шоми 29 июли соли 2016 ба вуқуъ пайваст, сатҳ ва тирагии оби дарёи Варзоб аз меъёр зиёд гардид.
Бинобар ин, баҳри таъмини амнияти истеъмолии сокинон, бо пешниҳоди сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмад Назаров аз соати 7-и субҳи имрӯз интиқоли об тавассути ин ҳавз ба муштариён муваққатан маҳдуд карда шуд.
Баҳри бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолӣ бо дастури раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев тамоми имконияти сохторҳои ноҳияҳои шаҳр ва КВД «Обу корези Душанбе» бобати ба шаҳраку маҳаллаҳо сафарбарсозии мошинҳои обкашонӣ равона карда шуд.
Биноан, аз сокинони минтақаҳои марбутаи шаҳр даъват хоҳиш карда мешавад, ки нисбат ба роҳандозӣ шудани ин тадбир бо ҳусни тафоҳум муносибат карда, миқдори оби зарурии обро захира намуда, онро танҳо пас аз ҷӯшонидан истеъмол намоянд.
Ш. Саидов