Қироати шеъри Саъдӣ дар Парлумони Австралия аз ҷониби тоҷикдухтар

№ 13.09.2022

Тибқи иттилои сомонаи «Pars Today» чанде пеш тоҷикдухтари  муқими Австралия Фотима Паймон вакили парлумони он кишвар интихоб шуда, дар  нахустин  суханрониаш дар  парлумон ин шеъри Саъдии Шерозиро  ба форсӣ хонда, ба забони англисӣ  шарҳ дод:

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар  офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Роҳ ёфтани Фотима Паймон ба Сенати Австралия осон набуд. Ӯ 27 сол дошта, сеюмин узви ҷавони Сенат дар таърихи он ба шумор меравад.

Фотима соли 1995 дар шаҳри Кобул дар оилаи тоҷик ба дунё омадааст. Дар панҷсолагиаш оилаи онҳо аз зулми «Толибон» гурехта, ба Покистон  паноҳ бурданд. Падараш Абдулвакил Паймон дар ҷустуҷӯи зиндагии беҳтар аз шаҳри Карочии Покистон ба заврақ нишасту роҳи  пурмашаққати тӯлониро тай намуда, ба Австралия рафт. Ӯ чанд муддат ба ҳайси муҳофиз, ошпаз ва ронандаи  таксӣ кор карда, соли 2003  барои овардани зану чор фарзандаш аз Покистон ба шаҳри Пертеи Австралия роҳкиро ҷамъ кард. овард. Модараш дар он ҷо мактаби омӯзиши ронандагиро ифтитоҳ намуд.

Соли 2018 вақте ки падари заҳматкаши Фотима аз сабаби бемории лейкомия даргузашт, ӯ сарпарастии хонаводаро ба зимма гирифта, узви Иттиҳоди иттифоқҳои касабаи меҳнаткашон ва узви Раёсати гурӯҳи машваратии мусулмонии  полиси иёлоти Вашингтони Австралия гардид.

- Заҳматҳои кашидаи падарамро  пеши назар оварда, кӯшиш мекунам, ки орзуи ӯро бароварда созаму  коргарони мисли ӯ  камбизоатро ҳимоя намоям,- гуфтааст Фотима Паймон.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»