Бахшида ба Ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки роҳбарият ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва маркази шаҳри Ҳисор беш аз 65 иншооти таъиноташон гуногун, аз қабили муассисаҳои таълимию тиббӣ, фарҳангию варзиш, иҷтимоию хизматрасонӣ, биноҳои маъмуриву истиқоматӣ, роҳҳои маҳаллӣ ва купрукҳо ба истифода дода шуданд, ки шоистаи таҳсин аст.
Дар кӯчаи ба номи Абдулло Файзуллоеви шаҳраки Ҳисор бо иштироки иҷрокунандаи раиси шаҳри Ҳисор Абдуҷаббор Носирзода, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Ализода, сардори раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Майнисо Ализода ва дигар шахсони расмӣ бинои маркази адлия мавриди истифода қарор дода шуд.
Бинои хуштарҳу замонавии маркази адлия аз ҳуҷраҳои бойгонӣ, роҳбарият, толори ақди никоҳ ва китобхона иборат буда, дар китобхонаи он асарҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, теъдоди зиёди осори назмию насрии адибони маъруфи тоҷик, адабиёти ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва дастурҳои соҳавӣ мавҷуданд, ки аз он кормандони бахши САҲШ ва сокинони шаҳри Ҳисор баҳрабардорӣ мекунанд.
Зикр гардид, ки толори ақди никоҳ барҳаво буда, вобаста ба маросими баргузоршаванда оро дода шудааст. Дар толори мазкур барои қайди ақди никоҳ шароити мусоид фароҳам мебошад.
Дар рӯзи ифтитоҳи маркази адлия дар толори ақди никоҳи САҲШ аввалин навхонадорон соҳиби шаҳодатномаҳои ақди никоҳ ва туҳфаҳои хотиравӣ гардиданд.
Ҳамзамон, кормандони САҲШ бо равзанаи нави электронӣ шаҳрвандон ва корафтодагонро тибқи навбати электронӣ қабул намуда, талаботи онҳоро қонеъ мегардонанд.
Инчунин, дар бинои маркази адлия идораи давлатии нотариалии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор ба фаъолият оғоз намуд. Идораи мазкур аз ҳуҷраҳои нотариуси калони давлатӣ, нотариусҳои давлатӣ, ҳуқуқшинос, котибот ва бойгонӣ иборат буда, дар онҳо шароити мусоиди корӣ муҳайё шудааст.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»