Дар ин хусус сардори бахши ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳр М. Шоназаров маълумот дод.
Ба гуфти ӯ, бориши зиёди моҳи май ба 287 хона ва муассисаҳои таълимию тандурустии деҳот хисорот ворид намуд.
Бино ба иттилои М. Шоназаров, офати табиӣ бештар ба деҳаҳои Гаҷак, Баракат, Шӯроб ва Ҳалқарӯд зарар расондааст. Бо шарофати кори муташаккилонаи кормандони бахши ҳолатҳои фавқулодаи шаҳр ва фаъолони маҳаллӣ аҳолии ин деҳаҳо ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд.
Тавассути техникаҳо ва баргузории ҳашарҳои дастҷамъона манзилу иншооти осебдидаи сокинон, заминҳои наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳо ва ҷӯйбору роҳравҳои деҳаҳои номбурда аз хоку шағал тоза гардиданд.
Дар маҷмӯъ, маблағи хисорот 3 миллиону 826 ҳазор сомониро ташкил дода, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Сайидо НАЗАРОВ,
«Садои мардум»