Истиқболи ҲНИТ аз куштор

№90 (3391) 04.07.2015

Дар сархати маводҳои сомонаи расмии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар робита бо ҳалокати  Ҳишом Баракот — додситони кулли кишвари Миср маводеро зери унвони аҷиби «Аз мукофоти амал ғофил машав!» хонда, тааҷҷуб кардам. Чунин тарзи номгузорӣ ба маводи хабарие, ки аз бохтани ҷони касе дарак медиҳад, аниқ изҳори хушҳолӣ, ҳақ баровардани амри воқеъшуда ва «пандхонӣ»-и дастандаркорони сомонаи мазкур аст.  Маълум аст, ки нисбат ба Ҳишом Баракот бадбинии хосае аз  ҷониби Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон вуҷуд доштааст. Чаро ки марҳум ҳамчун додситони кулл дар таҳқиқи парвандаҳои ҷиноятии иддае аз аъзои гурӯҳи экстремистии «Ихвон-ал-муслимин» мусоидат намудааст, ки бештари онҳо ҳукми қатл ва ҳабси абад ҷазо гирифтаанд. Мусаллам аст, ки додситони кулл бо адолатпешагии хеш ба наҳзатиҳои тоҷикистонӣ низ хуш наомадааст, зеро аз раиси ҲНИТ сар карда, аксари аъзои ҳизб ҳаводори Муҳаммад Мурсӣ буданд. Дар мусоҳибаҳо сиёсати пешгирифтаи ӯро васф мекарданд. Ҳатто пешниҳод ҳам намуда буданд, ки аз гурӯҳи экстремистии «Ихвон-ал-муслимин» «тамға»-и «экстремистӣ» гирифта шавад.

Гузашта аз ин, наҳзатиҳои Тоҷикистон иқдоми бар зидди ихвониҳо пешгирифтаи Ҳишом Баракотро «парвандаҳои дурӯғин» унвон додаанд. Барои  пешгирӣ аз чунин «ошкорбаёнӣ», яъне «мукофоти амал» ном гузоштани террори мазкур, масъулони ҳизби наҳзат онро назари баъзе таҳлилгарони мисрӣ арзёбӣ намуданд.

Чунин муносибат, яъне пуштибонӣ аз сӯиқасд ба ҷони инсон ва ё аз амали террористӣ, он ҳам аз сӯи ҷонибдорони дини  исломро бори аввал мебинам. Куштору хунрезӣ, инсони бегуноҳро барқасдона аз ҳаёт маҳрум намудан ва амсоли инҳо аз нигоҳи ислом гуноҳи кабира маҳсуб мешавад, вале аъзои ҲНИТ, ки дини мубини  исломро ба воситаи қудратталабӣ, маблағситонӣ табдил додаанд, аз ин амал истиқбол намудаанд.

Тибқи иттилои Вазорати тандурустии Миср  дар ин сӯиқасд ҳамчунин нуҳ нафари дигар низ захм бардоштаанд, ки ду нафари онҳо муҳофизони Ҳишом Баракот будаанд. Дар мавриди бегуноҳ захмӣ шудани дигарон чӣ андеша дошта бошанд? Ба ақидаи онҳо, оё он ҳам мукофоти амалашон бошад?

Зикр кардан ҷоиз аст, ки чунин сӯиқасд бар ҷони Баракот ҳанӯз дар соли 2013,  баъди аз сари ҳокимият рафтани Муҳаммад Мурсӣ низ анҷом дода шуда буд.

Мақсад аз ин навиштаҳо он аст, ки намояндагони ҲНИТ гоҳ-гоҳ ниқоб аз чеҳраи аслии худ мебардоранд. Пуштибонӣ аз аҳзоби ифротгаро, моҷароҷӯӣ ва  бегонапарастӣ самти аслии фаъолияти ин ҳизб аст. Ин аст, ки ҳатто дар пахши хабарҳо онҳо натавонистаанд шодию сурури худро аз марги як инсон пинҳон созанд.

Фирдавс  УМАРОВ