Истиқлолият сохтори судии кишварро ба низом овард

№109 (4692) 06.09.2023

Истиқлолият барои ҳар кишвари ҷаҳон арзишмандтарин дастовард аст, зеро он ба ҳар як халқ шароити мусоид фароҳам оварда, сарнавишти имрӯзу фардои онро равшан мекунад.

 Маҳз, истиқлолияти давлатӣ буд, ки миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ муар­рифӣ гардид ва Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр ба инкишофи мус­тақилона қадам мегузорад.

Маънии истиқлолиятро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле дақиқ шарҳ додаанд: «Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад».

Бо ба даст овардани истиқлолият мо соҳиби Конститутсия, низоми қонунгузории миллӣ ва мақомоти мукаммали давлатӣ, аз ҷумла ҳокимияти мустақили судӣ, гардидем.

Дар моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин бор ибораи давлати ҳуқуқбунёд, ки яке аз принсипҳои асосии он таҷзияи ҳокимият мебошад, инъикос гардида, моддаи 9 Конститутсия ҳокимияти давлатиро дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ эътироф намуд ва ҳокимияти судӣ ҳамчун ниҳоди мустақил дар низоми ҳокимияти давлатӣ эътироф шуд.

 Дар Конститутсияи даврони соҳиб­истиқлолӣ боби алоҳида — боби 8 ба ҳокимияти судӣ бахшида шудааст. Мувофиқи моддаи 84-и ҳамин Конститутсия ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.

Адолати судиро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амалӣ мекунанд.

Бо мақсади таъмини волоияти ­меъёрҳои Конститутсия ва амали бевоситаи он дар қаламрави ҷумҳурӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми майи соли 1995 таҳти №84 Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки салоҳияти он ҳифзи Конститутсия, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи гузаронидани мурофиаҳои судии конститутсионӣ, ҳалли баҳсҳои байни мақомоти давлатӣ доир ба салоҳияти онҳо ва иҷрои ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд, мебошад.

Вобаста ба мақом ва нақши ҳокимияти судӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо кормандони мақомоти судӣ 21-уми ноябри соли 2019 чунин қайд карданд: «Нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ дар идораи давлат ва пешрафти ҷомеа хеле муҳим мебошад, зеро ҳокимияти судӣ дар асоси Конс­титутсия ва қонунҳо ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои давлат, ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолатро ҳифз менамояд.

Вазифаҳои ҳокимияти судӣ ва таъмини адолат дар асоси принсипу меъёрҳои демократии мурофиаи судӣ, аз ҷумла баробарии ҳама дар назди қонун ва суд, баробарҳуқуқии тарафҳо дар ҷараёни баҳсу мунозира ва ба тарзи ошкоро гузаронидани мурофиаи судӣ сурат мегирад, ки ин меъёрҳои қонун кафили воқеии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, дар маҷмӯъ, нишонаи муҳимтарини ҷомеаи адолатпарвар, демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ мебошад».

Лозим ба ёдоварист, ки дар 70 соли ҳукмронии ҳокимияти шӯравӣ ба ҷой ва мавқеи аслии ҳокимияти судӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир нашуда, нақш ва мақоми он ҳатто дар Конститутсияи давлат инъикос наёфта буд.

Пас аз чанд муддати қабули Конститутсия моҳи декабри соли 1994 Қонун «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ» қабул шуд, ки он барои сохтмони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт.

Дар асоси талаботи Конститутсия ва ислоҳоти конститутсионӣ соли 1995 бобати мукаммалии мустақилият ва беҳдошти фаъолияти ҳокимияти судӣ қонунҳои конститутсионӣ «Дар бораи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақоми судҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи сохтори судӣ», «Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои ҳарбӣ» қабул гардиданд.

Тағйироти ҷиддии дар ҳаёти ҷомеа бамиёномадаро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеъбинона таҳлил намуда, ба он сари вақт баҳои ҳақиқӣ ва амиқи илмӣ дода, 14-уми апрели соли 1997 Фармон «Дар бораи баъзе чораҳои таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ» интишор намуда, дар кишварамон гузаронидани ислоҳоти судӣ – ҳуқуқиро зарур шумориданд. Бо қабули фармони мазкур, имконияти муҳайё намудани шароити моддӣ – техникӣ ба судҳо бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани мақомоти судӣ, баланд бардоштани маоши хизматии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо, беҳтар кардани шароити маишии судяҳо ва дар ин замина пойдор гардонидани мустақилияти ҳокимияти судӣ ба миён омад. Ин иқдоми саривақтии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замина барои гузаронидани ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ гардид.

Татбиқи барномаи давлатии ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ боисрор талаб менамуд, ки қонунҳои конститутсионии ҷудогонаи қабулгардидаи соли 1995 бо назардошти дигаргуниҳои рӯйдодаи муносибатҳои ҷамъиятӣ – сиёсӣ ба як қонуни конститутсионӣ гирд оварда шавад. Бо ҳамин мақсад мақомоти қонунгузории мамлакат 6-уми августи соли 2001 ҳамаи қонунҳои дар боло зикргардидаро ба Қонуни конс­титутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» муттаҳид намуд.

22 — юми июни соли 2003 ба воситаи райъпурсии умумихалқӣ ба Қонуни асосии давлат тағйироту иловаҳо ворид гардиданд, ки як қисми он ба мустаҳкам намудани мустақилияти ҳокимияти судӣ равона гардида, дар асоси он муҳлати ваколати судяҳо аз 5 сол ба 10 сол муқаррар карда шуд.

Илова бар ин, дар натиҷаи саъю кӯшиш ва ғамхории пайвастаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду таҳкими мақомоти судӣ чор барномаи ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ қабул карда шуд, ки онҳо барои пешрафти соҳа, баланд бардоштани мақоми суд дар ҷомеа, таъмини шароити зарурӣ барои баррасӣ ва ҳалли одилонаи парвандаҳои судӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ташкилоту муассисаҳо ва умуман, барои ба амал баровардани адолати судӣ нақши муҳим доранд. Дар ин замина мақомоти дахлдори давлатиро барои андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати беҳдошти фаъолияти мақомоти судӣ вазифадор намуд. Дере нагузашта баҳри иҷрои нахустин барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ кодексҳои мурофиаи гражданӣ, мурофиаи ҷиноятӣ, мурофиаи суди иқтисодӣ, мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қабул гардида, тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати баамалбарории адолати иҷтимоӣ ва бобати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиати давлат ва риояи тартиботи ҳуқуқӣ таъсири судманд бахшиданд.

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи апрели соли 2004 ба ҳукми қатл моратория эълон гардид, ки мувофиқи он минбаъд судҳои ҷумҳурӣ бо ҳукмҳои худ чунин ҷазои сахттаринро татбиқ намекунанд.

Инчунин, дастоварди дигари мус­таҳкам гардидани мустақилияти ҳокимияти судӣ дар даврони истиқлолият ин аз салоҳияти мақомоти прокуратура бардоштани татбиқи ҳабси пешакӣ ва ба ихтиёри ҳокимияти судӣ вогузор кардани ин амали мурофиавӣ мебошад. Бо ислоҳи ин иштибоҳи ҳуқуқӣ, ки аз рӯзҳои аввали барқароршавии сохти шӯравӣ амал мекард, эътибори ҳокимияти судӣ ба маротиб афзуд.

Ҳамчунин, тадбири муҳими иҷрои банд ва идомаи барномаи давлатии ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ аз тобеияти мақомоти судӣ баровардани иҷрочиёни суд ба шумор меравад, ки ин амал боиси баланд гардидани мавқеъ ва нақши ҳокимияти судӣ ҳамчун ҳокимияти холису беғараз дар ҷомеа гардид.

Бояд қайд кард, баҳри таҳкими ҳокимияти судӣ – мукаммал гардонидани қонунгузорӣ, ҷобаҷогузории дурусти ­кадрҳои арзанда ба вазифаи судя, баланд бардоштани савияи донишу малакаи судяҳо ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоию кории онҳо аз ҷониби роҳбарияти олии мамлакат пайваста тадбирҳои дахлдор андешида шуда, онҳо барои таҳкими ҳокимияти мустақилу беғарази судӣ заминаи боэътимоданд.

Фотеҳ ҚУВВАТЗОДА,

судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон