Истифодаи самараноки замин таҳти назорат аст

№152 (3453) 11.11.2015

ПРОКУРОР-ЧИРГАТОЛЗамин бузургтарин неъмат аст ва он ба истифодабарии самаранок ниёз дорад. Дар моддаи 13-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  таври равшану возеҳ баён гардидааст: «Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад».

Прокурори ноҳияи Ҷиргатол, мушовири адлияи дараҷаи 1 Давлатзода Махсумҷон Азиз вобаста ба истифодаи самараноки замин зимни суҳбат бо мо чунин гуфт:

- Дар қарори мушовараи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 январи соли 2015 назорати риояи қонунгузории замин ҳамчун самти афзалиятноки назорати прокурорӣ ҳисобида шудааст.

Прокуратураи ноҳияи Ҷиргатол давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба риояи қонунгузорӣ аз ҷониби истифодабарандагони замин диққати махсус дод. Масоҳати умумии заминҳои кишоварзӣ дар қаламрави ноҳия 161577 гектарро ташкил медиҳад, ки ҳамагӣ 4314 гектараш заминҳои корами обӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, заминаи иқтисодии ноҳияи Ҷиргатол ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус картошка, вобаста буда, самараноку оқилона истифода бурдани заминҳои корами обӣ аз ҷониби ҳар як истифодабаранда риояи қонунгузории заминро тақозо менамояд.

Сарфи назар аз баргузории вохӯриҳо бо аҳолӣ ва фаҳмонидани талаботи қонунгузории замин аз ҷониби прокуратураи ноҳия дар ҳамбастагӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ санҷишҳои гузаронидаи прокурорӣ ҳолатҳоеро ошкор намуданд, ки шахсони алоҳида талаботи қонунгузории заминро сарфи назар карда, бар хилофи меъёрҳои муқарраргардида қитъаҳои заминро худсарона ишғол ва корҳои сохтмониро оғоз намудаанд.

Чунин ҳолатҳо дар деҳоти «Алға», «Лахш» ва «Пилдон»-и ноҳия ошкор карда шудаанд, ки аз ҷониби прокуратураи ноҳия се парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Аз ҷумла сокини деҳаи Сарғойи деҳоти «Алға» Н. Султонбеков 14 июни соли 2015 аз замини чарогоҳи хоҷагии деҳқонии Қарамиқ майдони 160 метри мураббаъро худсарона ишғол карда, ба сохтмони манзили истиқоматӣ шурӯъ кардааст.

Сокини деҳаи Ҷайлғани деҳоти «Лахш» бо мақсади бунёди манзили истиқоматӣ 20 июли соли 2015 дар қитъаи замини ба фонди заминҳои наздиҳавлигӣ пешбинигардида 84 метри мураббаъро худсарона ишғол намуда, пойдевори хона ва иншооти ёрирасонро сохтааст. Сокини деҳаи Пилдони деҳоти «Пилдон» А. Иброҳимов низ ба қонунвайронкунӣ даст зада, 11 июли соли 2015 бо мақсади бунёд намудани манзили истиқоматӣ майдони 66,5 метри муррабаъ замини хоҷагии давлатии ниҳолпарварии  ба номи Ҷ. Қамаровро худсарона тасарруф намудааст.

Дар робита ба далелҳои зикршуда заминҳо ба ҳолати аввала баргардонида, нисбат ба шахсони мазкур парвандаи ҷиноӣ кушода шуд.

Илова бар ин, дар натиҷаи санҷишҳои прокурорӣ дар ин давра 30 ҳолати ҳуқуқвайронкунӣ дар самти самараноку оқилона истифода набурдани замин аз ҷониби прокуратураи ноҳия ошкор ва нисбат ба заминистифодабарандагон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ва аз рӯи тобеият ба мақомоти дахдор ирсол гардиданд.

Санҷишҳои гузаронида дар ин самт аз он шаҳодат медиҳанд, ки омили дигаре, ки боиси даст задани афроди алоҳида ба қонунвайронкунӣ ва ҷиноятсодирнамоӣ дар самти истифодаи замин гардидааст, ин ҷой надоштани назорати дахлдори истифодаи замин аз ҷониби шахсони масъули ҷамоатҳои деҳот мебошад.

Аз шумораи умумии муроҷиатҳои шаҳрвандон, ки ба прокуратураи ноҳия ворид гардидаанд, шаш адади он вобаста ба қонунгузории замин мебошанд, ки дар муҳлати муқарраргардида мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамин тариқ, ҳолати иҷрои қонунгузорӣ вобаста ба замин дар мадди назар қарор дорад ва ин раванд минбаъд низ вусъат меёбад.

Таҳияи Д. МИРЗО,

«Садои мардум»