Ғизои аспи тавоно

№2-3 (3148-3149) 03.01.2014

Соли нави 2014, бино ба солшумории мелодӣ, соли асп аст. Ин ҷонвари зебову тавоно аз қадимулайём таваҷҷуҳи инсонро ба худ кашида, парвариши он таври хоса анҷом дода мешуд. Имрӯз, бо вуҷуди он ки техникаҳои пуриқтидор пайдо шудааст, вале моҳияти асп гум нашудааст.  Дар кишвари мо хоҷагиҳои асппарварӣ мавҷуданд ва дар баъзе хоҷагиҳои шахсӣ низ асп парвариш меёбад ва аз он истифода мебаранд. Барои парвариши ин ҳайвони боқуввату чаққон олимони тоҷик, узви вобастаи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, профессор Абдузунун Ғаффоров ва доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор Арбобмирзо Шамсиев тавсияҳои ҷолибу аз лиҳози илмӣ асоснок пешниҳод кардаанд. Дар ин робита ба наздикӣ китоби онҳо таҳти унвони «Технологияи хӯронидани аспҳо» бо тавсияи Шӯрои методии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур аз чоп баромад.

Он барои мутахассисони соҳаи чорводорӣ, дигар ҳаводорону дӯстдорони асп, донишҷӯёни факултетҳои зооинженерӣ ва байторӣ дастури муфид аст.

Тавре муаллифон дар оғози китоб зикр кардаанд, дар шароити ҳозира парвариши аспҳо дар чор самт ба роҳ монда шудааст: парвариши аспҳои зотӣ, истифодаи онҳо дар кор, аспҳои маҳсулдиҳанда ва барои соҳаи варзиш ва саёҳат. Барои парвариши хубу нигаҳбонии аспҳо дар қисматҳои алоҳидаи китоб технологияи хӯронидани ҳайвонот мушаххас баён ёфтаанд.

Б.КАРИМЗОДА, «Садои мардум»