Кӯҳи тамкин

№152 (4258) 19.12.2020

DSC_0470Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои халқу миллати тоҷик хизматҳои бешумор намуда, бо ибтикори созанда ва рафтори намунавиашон поквиҷдонӣ, масъулиятшиносӣ, посдории хотираи гузаштагон, меҳандӯстӣ ва худогоҳиро талқин намуда, роҳи пешрафтро барои аҳли ҷомеа мунаввар сохтаанд.

Табиист, ки дар ҷомаи амал пӯшидани аҳдофи созандаи Сарвари давлат ҳамсафони содиқ саҳми калон доранд. Яке аз онҳо ходими давлатӣ Амиршо Миралиев мебошад, ки ба василаи хислатҳои неки инсонӣ кайҳост ба дили мардум роҳ ёфта, дар ҳама ҳолат масъулиятшиносӣ, поквиҷдонӣ, инсондӯстӣ, қонунсолорӣ, ҳақшиносӣ, ҳақгӯӣ, ҳалолкорӣ ва ҷасорату пешсафиро меҳвари кору зиндагӣ қарор додааст. Ҳар нафаре, ки бо ӯ ҳамроҳ фаъолият карда, заҳматҳои шабонарӯзӣ ва созанда, инчунин, садоқаташро ба Пешвои миллат дидааст, бо мо ҳамфикр хоҳад буд. Албатта, муаррифии шахсияти Амиршо Миралиев дар доираи як матлаб имконнопазир аст.

Қабл аз ҳама, бояд ёдовар шуд, ки Амиршо Миралиев ба ҳайси ҳамсафи содиқи Роҳбари давлат дар тарбияи мутахассисони ҷавон саҳм дошта, ба онҳо чун роҳнамои боэътимод ва маслиҳатгари беғараз кумак расонидааст. Ҳар саҳифаи зиндагии ӯ барои насли ҷавон сабақи ибратомӯз аст. Вай шахсиятест, ки дар кураи зиндагӣ комилан обутоб ёфтааст. Дар вазифаҳои гуногуни ҳизбию давлатӣ, аз ҷумла, аз соли 1972 то соли 1980 дар кори комсомолӣ, солҳои 1980 — 1986 ба сифати инструктори комиссияи назорати ҳизбии КМ ҲК Тоҷикистон кор карда, чанд муддат ҳамчун узви Комиссияи назорати ҳизбии КМ ҲК Тоҷикистон фаъолият намудааст. Моҳи декабри соли 1994 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои сиёсати кадрҳо таъин гардид. Аз феврали соли 2001 то декабри соли 2006 раиси вилояти Хатлон ва аз декаб­ри соли 2006 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, то 10 марти соли 2010 ифои вазифа намуд.

Дар фаъолияти намояндагиву қонунгузорӣ низ Амиршо Миралиев муваффақ буд. Зеро аз моҳи марти соли 2000 то моҳи феврали соли 2001 вакил, раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба одоби вакилон буда, инчунин, (замони Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат будан) раисии Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсияро ба зимма дошт. Дар ҷаласаи нахустини Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум (солҳои 2010 — 2015) муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.

Дар баробари он ки сарпарасти баъзе аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба зимма дошт, дар таҳияи қонунҳо ба сифати субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ низ фаъолона ширкат меварзид. Бино ба қавли вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар такмили лоиҳаи қонунҳо маслиҳату пешниҳодоти Амиршо Миралиев борҳо ба инобат гирифта шудааст. Бо дарназардошти ин Амиршо Миралиев бо мукофоти Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ – ордени «Содружество» мукофотонида шудааст.

Ба назар менамояд, ки ӯ дастнорас ва бисёр ҷиддӣ аст. Аммо дар зиндагӣ бисёр хоксор ва ҳалиму меҳрубон мебошад. Бисёре аз дӯстонаш ашхоси одианд, ки ин хислат хоси ҳар соҳибмансаб нест.

Сарфи назар аз он ки давлати пирӣ меронад, ҳаргиз ба ҳаводиси ҷомеа бетафовут нест. Як муддат ба ҳайси раиси Шӯрои нозирони ҶСК «Соҳибкорбонк» фаъолият дошт. Айни замон вазифаи ҷамъиятӣ — раисии Ассосиатсияи бонкҳои Тоҷикистонро ба зимма дорад. Ӯ барои ман намои хираду озодагӣ, инсофу ростӣ, садоқат ва сарбаландӣ, ҳақшиносӣ ва ҳақталошӣ, набарду пирӯзӣ буду ҳаст. Аз нафаронест, ки ба Роҳбари давлат, миллат ва Меҳан садоқати баланд ва баҳри татбиқи аҳдофи нек азми қавӣ доранд. Шахсиятест, ки алорағми ҳама сахтӣ таҳаммул, бовар ва умедро талқин менамояд. Зиндагии Амиршо Миралиев махсусиятҳои зиёд дошта, аз рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва хирадмеҳварӣ, ғояҳои наҷиб таркиб ёфтааст. Ҷойи баҳс нест, ки бисёриҳо аз «сиёсат»-и ӯ меҳаросиданд, зеро обрӯ ва эътибори баланд дорад, ҳақиқатро ба рӯи кас мегӯяд, то охир мубориза мебарад. Аз ҷониби дигар, инсони бениҳоят меҳрубон, хоксор, фурӯтан ва то андозае шӯх аст.

Бо дилпурӣ мегӯям, ки нуфузи ӯро на намуди зоҳирияш, ҳарчанд он ҳам нақши муайян дошт, балки мантиқу фаросат ва садоқату ҷасораташ ташкил медиҳад. Ӯ дар кор сахтгир, ҳирфаӣ ва донишманд аст. Шояд дигарон ҳам чунин буданду бошанд. Моҳиятан ӯ кӯҳи тамкин аст.

Хушбахтам, ки ба Амиршо Миралиев шогирд будан насибам гаштааст ва аз ӯ бисёр омӯхтам. Ҳоло низ, агар дар коре ба маслиҳат ниёз пайдо шавад, қабл аз аз ҳама, ба вай муроҷиат мекунам. Зеро мунсифона маслиҳат дода, назарашро бе хотирбинӣ иброз медорад. Ӯ аз оғоз бо ростию ҳақиқату адолат ва садоқат ба арзишҳои инсонӣ зиндагиву кор карда, ҳамин гуна мондааст.

ТАҒОЙЗОДА Сумангул Саид,

раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ