Кӯҳистони Мастчоҳ: ҷавонони шуҷоъ ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд

№ 03.10.2023

1 — уми октябри соли 2023 дар шаҳраки Меҳрон, маркази маъмурии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ маросими гусели наваскарон доир гардид. Ин маросим дар толори бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сурат гирифт, ки дар он раиси ноҳия Хайрулло Бобозода, кормандони комиссариати ҳарбӣ, наваскарон, раисони ҷамоатҳо ва волидайни наваскарон ҷамъ омада буданд.

Нахуст, дар чорабинии тантанавии гусели наваскарон раиси ноҳия суханронӣ намуда, таъкид кард, ки хизмати аскарӣ, ин мактаби бузурги мардонагӣ мебошад.

Дар фарҷоми суханронӣ ба ҳамаи ҷавононе, ки довталабона барои хизмати Ватан — модар ҳозир шуданд, инчунин падару модароне, ки фарзандони хешро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия кардаанд, изҳори сипос намуд.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 20 нафар ҷавон ба комиссариати ҳарбии ноҳия ҳозир гардиданд, ки 50 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

 Дар идомаи маросими гусели наваскарон,  раиси ноҳия ба хотири довталабона раҳсипор шудан ба хизмати ҳарбӣ ба наваскарон туҳфаҳо тақдим намуд.

Комрони Аслон,

«Садои мардум»