Кӯшониён. Эргаш соҳиби мактаб шуд

№85 (4035) 16.07.2019

Дар деҳаи Эргаши деҳоти «Бӯстонқалъа»-и ноҳияи Кӯшониён муассисаи таълимии №38 бо маблағгузории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, муассиса бо харҷи 3,5 миллион сомонӣ барои ба таҳсил фаро гирифтани зиёда аз 300 хонанда дар ду баст бунёд гардидааст. Он аз 6 синфхона иборат буда, бо компютер ва асбобу аёният муҷаҳҳаз аст.

Сулаймон Султонов, «Садои мардум»