Дар партави Паёми Президент

Кадрҳои шоистаи замонро тарбия мекунем

№47-49 (3193-3195) 13.05.2014

Рушди  минбаъдаи босуботи иқтисодиёти кишвар ва дигар соҳаҳо ба он вобаста аст, ки имрӯз насли наврас ва ҷавон то кадом андоза касбу ҳунари замонавиро аз худ менамоянд. Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олии кишвар махсус таъкид карда, бо назардошти вазъи ҷаҳони имрӯза мактабу маорифро аз ҷумлаи омилҳои муҳимтарини амнияти миллӣ арзёбӣ кард. Айни ҳол барои таълиму тарбияи насли наврас ва касбу ҳунаромӯзии ҷавонон  дар мамлакат макотиби зиёди олӣ, коллеҷу литсейҳо фаъолият доранд.  Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ аз зумраи таълимгоҳҳоест, ки барои соҳаҳои  сохтмону меъморӣ, нақлиёт ва ғайра мутахассис омода менамояд. Мудири кафедраи «Нақшакашӣ ва геодезияи муҳандисӣ» — и коллеҷ Садриддин Бадриддинов зимни суҳбат бо хабарнигорамон чунин иброз дошт:

-Имрӯз аз ҳарвақта дида барои мо мутахассисони болаёқати маҳаллӣ заруранд, зеро  кишвари азизамон бо роҳи созандагию бунёдкорӣ пеш меравад ва бахшҳои гуногуни соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, сохтмону нақлиёт ва ғайра мунтазам рушд меёбанд. Бо бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, вусъати корҳои сохтмонӣ, таҷдиду азнавсозии роҳҳо, рушди гидроэнергетика ҳазорҳо ҷойи нави кор пайдо мешавад, ки имкон ба амал меояд ҷавонони  болаёқат соҳиби ҷойи кор ва машғулияти доимӣ шаванд. Коллеҷи техникии мо аз ҷумлаи муассисоти бонуфузест, ки дар омода кардани кадрҳо таҷрибаи кофӣ дорад. Ҳоло дар коллеҷ беш аз якуним ҳазор нафар ҷавонон таҳсил мекунанду касбҳои барои имрӯз зарур, ба монанди  сохтмончӣ, роҳсоз, технолог, барқчӣ, нақлиётчиро аз худ менамоянд. Ҳамчунин дар таълимгоҳ омӯзиши технология ва коркарди мебел ба роҳ монда шудааст. Лабораторияи махсуси барои ин бахш омодакарда бо таҷҳизот, асбобу технологияи замонавӣ муҷаҳҳаз аст. Таҳти сарварӣ ва дастгирии директори коллеҷ, номзади илмҳои техникӣ Самариддин Яқубов боз лабораторияҳои дигари таълимӣ-истеҳсолӣ, синфхонаҳои компютерӣ ташкил карда шуда, мунтазам роҳу усулҳои нави самарабахш дар касбомӯзии ҷавонон мавриди истифода қарор мегирад. Барои хуб азхудкунии дарсҳои назариявӣ дастуру китобҳои зиёди таълимӣ ба забони давлатӣ омода шудааст. Чунончӣ, аз ҷониби устодони коллеҷ дастурҳои таълимӣ-методии «Геометрияи тасвирӣ», «Геологияи муҳандисӣ», «Геодезияи муҳандисӣ», «Конструксияҳои оҳану бетонӣ», «Меъморӣ» ба забони тоҷикӣ таҳия ва нашр гардид.

Дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, роҳнамо ва дастурамалест барои аҳли ҷомеа ва дар навбати худ масъулияти мо — устодонро нисбати таълиму тарбияи кадрҳои ояндаи ин сарзамин боз ҳам дучанд мекунад.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»