Аз фаъолияти мақомоти адвокатура

Кафолати таъмини ёрии ҳуқуқӣ фароҳам аст

№100 (3401) 28.07.2015

Бо қарори Комитети Иҷроияи Марказии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз 26 майи соли 1922 Низомнома оид ба таъсисёбии адвокатураи шӯравӣ ва фаъолияти минбаъдаи он қабул гардид.

Адвокатураи тоҷик чун ҷузъи таркибии  адвокатураи шӯравӣ давоми 93 соли фаъолияти худ давраҳои гуногунро паси сар намуд.

Доир ба фаъолият ва иҷрои вазифаҳои имрӯзаи ин мақомот ба хабарнигорамон раиси Раёсати мушовараи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафарҷон Маҳмудов чунин гуфт:

-Қабули Қонуни ИҶШС «Дар бораи адвокатура» аз соли 1979 ва Низомнома дар бораи адвокатураи Тоҷикистон аз 29 майи соли 1981 ба ташкилоти мақоми марказикунонидаи адвокатура замина гузошт. Ҳамин тариқ, адвокатураи тоҷик аз гурӯҳи алоҳидаи ҳимоячиён, ки дар назди ҳокимияти маҳаллӣ фаъолият мебурданд, тадриҷан ба иттиҳодияи ҳуқуқшиносони касбӣ табдил ёфт.

Бо вуҷуди он ки адвокатура дар тобеияти Вазорати адлияи ИҶШС ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд,  мустақилияти адвокатураро маҳдуд карда, ба фаъолияти касбии адвокатҳо дахолат менамуданд, — мегӯяд Зафарҷон Маҳмудов.

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ куллан тағйир ёфтанд. Бо мақсади ба низом даровардани ин муносибатҳо соли 1994 тариқи раъйпурсӣ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд. Яке аз аввалин қонунҳое, ки дар заминаи он соли 1995 қабул гардид, ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура» (қаблан статуси қонуни конститутсиониро дошт) мебошад.

Муҳим он буд, ки дар қонуни мазкур мустақилият, дахолат накардани ташкилотҳои давлатӣ ва шахсони мансабдори ҳокимияти давлатӣ ба раванди фаъолият ба танзим дароварда шуд.

Зикр кардан зарур аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура» бо вуҷуди меъёрҳои мусбӣ камбудие дошт, ки дар он ҳатмӣ будани узвият дар як коллегия мушаххас нашуда буд.

25 апрели соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои ҷамъиятӣ» қабул карда шуд. Тибқи талаботи моддаи 16-уми ин қонун ҳар се нафари ба синни 18-сола расида, ҳуқуқи ташкил додани иттиҳодияи ҷамъиятиро дорад, қатъи назар аз он ки маълумоти олӣ ва собиқаи корӣ дар соҳаи ҳуқуқ дорад ё не. Ҳол он ки тибқи талаботи моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура» коллегияи адвокатҳо бо ташаббуси на камтар аз 40 адвокат ташкил меёбад. Тибқи талаботи ин модда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намудани Коллегияи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва коллегияҳои вилоятӣ нишон дода шудааст. Дар моддаи 18-уми қонуни мазкур (соли 1995) омадааст, ки ба аъзогии коллегияи адвокатҳо он шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мешаванд, ки маълумоти олии ҳуқуқӣ, на камтар аз ду сол собиқаи кории ҳуқуқшиносӣ доранд ё дар сурати чунин  собиқаи корӣ надоштан ақаллан аз шаш моҳ то як сол ба сифати  адвокат- коромӯз фаъолият карда бошанд.

Бо вуҷуди ин, баъд аз қабули  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои ҷамъиятӣ» иттиҳодияҳои зиёди ҷамъиятӣ аз тарафи ҳуқуқшиносон, ки аъзои коллегияи адвокатҳо намебошанд, ташкил шуданд. Онҳо бар хилофи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура» ба фаъолияти адвокатӣ машғул шуда, боиси бесарусомонӣ ва мушкилиҳои зиёде дар ин ҷода гаштанд. Масалан, то соли 2007 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти адвокатҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва адвокатҳои ваколатдор ҳамагӣ 450 -  500 адвокатҳо ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ машғул  бошанд, пас бо пайдошавии ташкилотҳои ҷамъиятии гуногун шумораи адвокатҳо ба зиёда аз 1000 нафар расид.

Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура» бист сол сипарӣ гашт ва дар ин давра дар фазои ҳуқуқии кишвар тағийроти ҷиддӣ ба амал омаданд. Ин ҳолат ва мушкилоти ҷойдошта зарурати ба талаботи замони муосир мутобиқ намудани онро  пеш овард.

Ҷиҳати иҷрои нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2010 мувофиқи Барномаи ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 — 2013 аз 3 январи соли 2011 таҳти №976 қонуни номбурда таҳия гардид.

Барои таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур гурӯҳи корӣ иборат аз намояндагони мақомоти давлатӣ, адвокатура, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, коршиносони хориҷӣ таъсис дода шуд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» бо имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2015 таҳти №1182 баъди интишори расмӣ мавриди амал қарор дорад.

Бояд зикр намуд, ки дар заминаи қонуни нав дигаргунии куллӣ дар сохтори адвокатура дохил ва ба ҷойи Коллегияи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис  дода шуд.

Дар моддаи 1-уми қонун (мафҳумҳои асосӣ) зикр карда шудааст, ки Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти ягонаи мустақили касбии ғайридавлатӣ ва ғайритиҷоратӣ буда, ба аъзогии ҳатмии адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон асос меёбад.

Тибқи талаботи бандҳои 8- 9 моддаи 37 — уми қонуни мазкур дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон  танҳо як Иттифоқи адвокатҳо таъсис ёфта, ҳуқуқ дорад, ки воҳидҳои сохтори минтақавии худро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ таъсис диҳад. Ба ташкил кардани дигар сохторҳои байниминтақавӣ роҳ дода намешавад.

Қарорҳои Иттифоқи адвокатҳо, ки дар доираи ваколати онҳо қабул гардидаанд, барои мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо ва ҳамаи адвокатҳо ҳатмист. Иттифоқи адвокатҳо ва мақомоти минтақавии он аз ҷониби анҷумани адвокатҳо  таъсис дода мешаванд.

Қонуни нав назар ба қонуни пештара мустақилияти адвокатро бештар таъмин менамояд.

Адвокатҳое, ки фаъолияти кории зиёда аз даҳсола ё собиқаи кории зиёда аз понздаҳсола доранду ба талаботи қонуни мазкур ҷавобгӯй мебошанд, бо пешниҳод ва санҷиши ҳуҷҷатҳои дахлдор бе супоридани имтиҳони тахассусӣ мақоми  адвокатро соҳиб мешаванд.

Боби 6-уми қонуни мазкур «Муқаррароти давраи гузариш» ном дошта, масъалаҳои нигоҳ доштан ва соҳиб шудан ба мақоми  адвокатро  ба танзим медарорад. Адвокатҳое, ки дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон то рӯзи мавриди амал қарор додани қонуни мазкур фаъолият доштанд, пас аз мавриди амал қарор додани қонун давоми як сол метавонанд кори худро идома диҳанд. Инчунин боби мазкур баргузории маҷлисҳои минтақавии таъсиси адвокатҳо, гузаронидани Анҷумани якуми  адвокатҳо, ба тартиб даровардани шакли ташкилии ташкилотҳои адвокатӣ, ки то эътибори қонунӣ пайдо кардани қонуни мазкур ташкил шудаанд ва тартиби  расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин расонидани ёрии ҳуқуқӣ аз рӯи таъинотро муайян мекунад. Тибқи  моддаи 13- уми қонуни мазкур дар назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба муҳлати ду сол дар ҳайати нуҳ нафар аъзо комиссияи тахассусӣ  бо чунин меъёри намояндагӣ таъсис дода мешавад: Ду намоянда аз Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, як намоянда аз Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, як намоянда аз олимони соҳаи ҳуқуқшиносии ДМТ, панҷ намоянда аз Иттифоқи адвокатҳо, ки онҳоро анҷумани адвокатҳо интихоб мекунад, пешниҳод шуда, раиси комиссияи тахассусӣ аз байни адвокатҳо интихоб мегардад.

Таъсисёбии комиссияи тахассусӣ дар назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тоза намудани сафи адвокатура аз шахсони тасодуфӣ зарур мебошад.

Тибқи моддаи 92- юми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон давлат кафолати таъмин намудани ёрии ҳуқуқиро ба шаҳрвандон дар марҳилаи тафтишотӣ ва мурофиаи судиро ба уҳдаи адвокатҳо гузоштааст. Биноан, мо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ хоҳем дод, то ин рисолати хешро дар  сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ намоем.

А. МӮСОЕВ,«Садои мардум»