Маслиҳати мутахассис

Кай бояд ниҳол шинонд?

№10 (3156) 28.01.2014

Дар кишварамон ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ ба маъракаи умумӣ табдил ёфтааст. Баҳри боз ҳам кабудизор ва ободу зебо гардидани гӯшаҳои гуногуни диёри файзборамон мунтазам ҳашарҳои ниҳолшинонӣ ва ободкорӣ гузаронида мешавад. Ин иқдоми шоиста аз ҷониби мардум дастгирӣ ёфта, ҳар кас мехоҳад ба ин амали хайру савоб ҳамроҳ шавад. Муҳлати хуби ниҳолшинонӣ кай аст ва чӣ бояд кард, ки сабзиши ниҳолҳо таъмин шавад? Бо ин савол хабарнигорамон ба муовини аввали раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров муроҷиат кард:

-Иқлиму хоки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба парвариши қариб ҳамаи дарахтони мевадиҳанда мувофиқ аст. Муҳлати шинонидани ниҳол ба ҷойгиршавии мавзеъ аз қутб ва баландӣ аз сатҳи баҳр ва хоку боду ҳаво вобаста аст. Дар шароити Тоҷикистон, вобаста ба ҷойгиршавии минтақаҳо,  шинонидани ниҳолҳо дар муҳлатҳои гуногун ба анҷом расонида мешавад. Дар водиҳо ин давра баробари ба анҷомрасии хазонрез, охирҳои моҳи ноябр, оғоз гардида, то нимаи дуюми моҳи март давом мекунад, ғайр аз рӯзҳои сард ва яхбандӣ. Дар минтақаҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ (дар баландиҳои аз 1200 м боло аз сатҳи баҳр) шинонидани ниҳол дар охири моҳи феврал то аввалҳои моҳи апрел мувофиқ аст.

Имкониятҳои мувофиқро аз рӯи  қоидаҳои боғдорӣ истифода бояд бурд. Пеш аз шинонидани ниҳол ва бунёд кардани боғ ба шартҳои зерин риоя кардан зарур аст:

-Интихоби дурусти замин (аҳамият додан ба тарҳи замин, ба ҳамворӣ, нишебиҳо ва талу теппаҳои он);

-Тайёр кардани замин барои бунёди боғ (шудгор кардани замин дар чуқурии на кам аз 50-60 см., тахту ҳамворкунии он. Дар заминҳое, ки дар нишебиҳо ҷойгиранд ва хавфи эрозияшавӣ(шусташавӣ, бодхӯрдашавӣ)  ба онҳо таҳдид мекунад, шудгори чуқур тавсия дода намешавад. Дар чунин ҳолатҳо танҳо дар он ҷойҳое  ниҳол шинонида мешавад, ки замин ба таври борача бо андозаи 70х70 см омода гардад. Дар заминҳои обӣ бошад, обёрикунии онро низ ба назар гирифтан зарур аст.

Пас аз ин имконияти шинонидани ниҳол фаро мерасад. Лекин, пеш аз шинонидани ниҳол, интихоби дурусти навъҳоеро, ки ба шароити маҳал мувофиқ меоянд ва самаранокии боғҳоро дар оянда таъмин карда метавонанд, ба назар гирифтан зарур аст.

Барои шинонидани ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда чуқуричаҳо ба андозаи 0,5-0,6м тайёр карда мешавад. Дар заминҳое, ки дараҷаи зичии хок баланд аст, андозаи чуқуричаҳо на кам аз 0,3-0,4 м –ро бояд ташкил кунанд. Муҳлати мувофиқи кандани  чуқуричаҳо барои шинонидани ниҳол фасли тирамоҳ ба ҳисоб меравад. Баробари тайёр кардани чуқуричаҳо дар ҳар яки онҳо нурии органикӣ (поруи куҳна) ба миқдори 1 кг андохта мешавад. Ҳангоми кандани чуқуричаҳо ба он бояд аҳамият дода шавад, ки қисми ҳосилхези хок алоҳида ва қисми мобайнии он алоҳида партофта шавад ва дар вақти шинонидани ниҳол,  чуқуричаҳо аввал бо хоки ҳосилхез ва баъд бо қисми мобайнии хок пур карда шаванд.

Дар шароити Тоҷикистон истифодабарии нуриҳои органикӣ ҳангоми шинонидани ниҳолҳо ба сабзиш ва зуд ба ҳосилдароии онҳо мусоидати хуб мекунад, лекин фаромӯш набояд кард, ки истифодаи аз меъёр зиёди он ба пӯсидани реша оварда мерасонад. Истифодаи поруҳои нав ҳангоми ниҳолшинонӣ тавсия дода намешавад.

Пеш аз шинондан, ниҳолҳоро дар ҷое, ки шарбатоб аз ҳисоби поруи чорво ва хок тайёр карда шудааст, ба муҳлати на кам аз 3-4 соат мехобонанд. Шарбатобро чунин тайёр кардан мумкин аст: се ҳисса поруи нави чорво, як ҳисса хок ва панҷ-шаш ҳисса об. Лекин ҳаминро ба назар гирифтан  зарур аст, ки баробари аз шарбатоб гирифтани ниҳол, он бояд тез дар чуқуричаҳои тайёркардашуда шинонида шавад, чунки муддати зиёд дар ҳавои кушод нигоҳ доштани онҳо ба хушкшавии шарбати дар реша  буда ва муякрешачаҳо оварда мерасонад. Риояи чунин амал сабзиши хуби ниҳолҳоро таъмин мекунад. Баъзан амали дар об нигоҳ доштани решаи ниҳолҳо ба муҳлати як шабонарӯз истифода карда мешавад, ки ин ҳам ба сабзиши хуби ниҳолҳо мусоидат карда метавонад. Амали дигаре, ки иҷрои он аз аҳамият холӣ нест, ин баназаргирии қисми пайвандшудаи гарданаки реша мебошад. Ниҳолро тарзе бояд шинонд, ки қисми пайвандшудаи он  аз қабати хок на кам аз 3-4 см боло бошад. Дар сурати риоя накардани чунин тарзи шинонидан, хушк шудани миқдори зиёди ниҳолҳо аз эҳтимол дур нест.

Ҳангоми лой будани замин ва ё аз ҳад баланд будани намии хок, шинонидани ниҳолҳо тавсия дода намешавад. Пас аз ба анҷомрасии шинонидани ниҳолҳо, навдаҳои онҳоро ба андозаи 60-70 см аз сатҳи хок боло мебуранд.

Давраи дигаре, ки ба нашъунамои навниҳолҳо мусоидат мекунад, ин нигоҳубини онҳо аз рӯи қоидаҳои боғдорӣ мебошад (нармкунии бехи ниҳолҳо, ғизодиҳӣ ва обёрикунии онҳо).

К. БУРҲОНИДДИН, «Садои мардум»